Ахбор

Хатмкунандагони Барномаи гузариши иқлимӣ сертификат гирифтанд


2 апрели соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Фирдавс Толибзода, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳолгер Вифел, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар маросими супоридани сертификатҳои хатмкунандагони Барномаи гузариши иқлимӣ баргузор гардид.

NBTL9275-1.jpg

Ҳамоишро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳаммияти рӯзафзуни маблағгузории устувор ва зарурати таҳкими механизмҳои идоракунии хавфҳои иқлимӣ барои таъмини устувории иқтисодӣ сухан гуфтанд.

NBTL9171-2.jpg

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки мавзуи хавфҳои иқлимӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи ниҳоят рӯзмарра буда, нақши иштирокдорони Барномаи гузариши иқлимӣ дар тақвият бахшидани иқтидор дар ин самт муҳим ҳисобида мешавад. Дар замоне, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим қисми таъсиррасони тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мебошад, бонк ҳамчун сохтори асосии низоми молиявӣ дар таъмини устуворӣ ва рушди давраи дарозмуддат нақши намоёнро иҷро менамояд. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба масъалаҳои рушди устувор ва маблағгузории сабз, аҳаммияти онҳо барои суботи иқтисодӣ ва амнияти экологии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати рушди ташаббусҳои сабз бо институтҳои молиявии байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

NBTL9251-3.jpg

Дар идомаи ҳамоиш намояндагон - иштирокдорони Барномаи гузариши иқлимӣ аз КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, "Бонки Эсхата", "Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон", Бонки “Арванд”, ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ТАҚХ “Ҳумо” оид ба тадбирҳое, ки дар самти ESG роҳандозӣ шудаанд, инчунин нақшаҳои худ дар ин росто рӯнамо пешниҳод карданд.

Маврид ба зикр аст, ки зимни ҳамоиш ба хатмкунандагони дарсҳои маҳорати Барномаи гузариши иқлимӣ аз ҷониби роҳбарияти БМТ ва БАТР сертификатҳои иштирокдорони барнома тақдим карда шуд.

NBTL-04.jpg

Дар хотима раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки “барномаи мазкур на танҳо як ташаббуси вобаста ба омӯзиш, балки василаи стратегии таҳкими устувории бахши молиявӣ мебошад. Он ба бонкҳо ҷиҳати мутобиқ шудан ба чолишҳои ҷаҳонии иқлимӣ кӯмак мерасонад. Мо итминон дорем, ки донишҳои андӯхта ва стратегияҳои таҳияшуда дар доираи Барномаи гузариши иқлимӣ барои афзоиши устувори иқтисодӣ ва ташаккули равиши стратегии идоракунии хавфҳои иқлим дар бахши молиявии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард”.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3388

02.04.2025

Возврат к списку