26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Риёз мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. бо муовини якуми раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ оид ба назорат ва технология Холид ибни Валид аз-Зоҳир баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, аз ҷумла рушди низоми бонкдории исломӣ, густариши амалиётҳои байнибонкӣ, ҷалби сармояи исломӣ, ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бонкҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ва дигар масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вохӯрии мазкур дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи бонкҳои марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ нақши бориз хоҳад дошт.
Худи ҳамин рӯз, дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони EXIMBANK-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷонибҳо доир ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, хусусан кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ин росто, роҳбарияти EXIMBANK-и Арабистони Саудӣ омодагии худро барои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки 26 ноябр инчунин ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои байнибонкӣ низ баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои мутақобила дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2320
27.11.2024