Ахбор

Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ


20 ноябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур ширкат варзид.

20241120-0I9A1507.jpg

Дар ин ҳамоиш, намояндагони вазорату идораҳои зикргардида доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) мулоқот намуданд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин дар ҷараёни форум доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ: низоми бонкӣ ва суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба саволҳои соҳибкорону сармоягузорон оид ба вазъи низоми бонкӣ, даромаднокии бахши бонкӣ ва суғуртаи кишвар посухҳои мушаххас дод.

Дар навбати худ намояндагони дигар вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба зарфиятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ рунамо пешниҳод намуданд.

photo_2024-11-20_17-40-02.jpg    

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

 IMG-20241120-WA0033.jpg

Худи ҳамин рӯз, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобила ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти мулоқот, инчунин вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ, хусусан ҳамкории Департаменти монетарии Сингапур ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3228

21.11.2024

Возврат к списку