4 октябри соли 2024 дар мулоқоти блок (тим)-и иқтисодии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Мэтю Гартнер марҳилаи аввали татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Coordination Instrument - PCI) муҳокима гардид.
Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло барои ҳамкорӣ дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ХБА миннатдорӣ баён намуд. Зикр гардид, ки оид ба иҷрои ҳадафҳои миқдорӣ дар доираи барномаи PCI бо ҳайати ХБА ҳамдигарфаҳмӣ ба даст оварда шудаст, ки нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти барои баррасии аввал гузошташуда гувоҳӣ он мебошанд. Аз ҷумла, сарфи назар аз сатҳи баланди номуайянии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар давоми соли 2024 мусоид боқӣ мемонанд. Сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсадноки БМТ нишон дода, касри буҷет дар сатҳи пасттар аз нишондиҳандаи мақсадноки барнома нигоҳ дошта мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер аз тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд намуд, ки дар доираи татбиқи барнома ҳайати ХБА бо тамоми вазорату идораҳои шомили барнома вохӯриҳо гузаронида, шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба муколамаи созанда доир ба ҳама гуна масъалаҳои татбиқи барнома омода буда, тавсияҳо ва андешаи коршиносони дастаи ХБА-ро дар ин раванд муҳим арзёбӣ менамояд.
“Мо итминон дорем, ки татбиқи барнома ба ҳавасмандгардонии маблағгузории иловагии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва фарогир кумак хоҳад кард”, - изҳор дошт Холиқзода Ҳ.Ҳ.
Дар интиҳо тарафҳо азму омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт баён доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1477
05.10.2024