Забони давлатӣ асоси ҳастӣ ва бинои давлати миллист

Ахбор

Забони давлатӣ асоси ҳастӣ ва бинои давлати миллист


3 октябри соли 2024 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони бонк ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид.

01.jpg

Дар оғози ҳамоиш раиси БМТ Фирдавс Толибзода аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллӣ ва омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, табрику таҳният гуфт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ифтихор ва таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллӣ ва устувор кардани мавқеи забони тоҷикӣ дар коргузориву таҳияи ҳуҷҷатҳо сухан гуфта, қайд кард, ки нақши Сарвари давлат дар таҳкими истиқлолияти фарҳангии кишвар ниҳоят назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки имрӯз дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат ҳар як фарди меҳандӯстро зарур аст, ки дар амри рушду такомули забони давлатӣ саҳмгузор бошад.

02.jpg

Дар навбати худ, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода доир ба омӯзиши таърихи ташаккулу таҳаввули забони тоҷикӣ ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт маъруза намуд.

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, далели бостонӣ будани забон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон эътироф шудааст. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар масири чандҳазорсолаи худ ҳамқадами замон ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии давраҳои гуногуни таърихӣ будааст. Имрӯз баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ имкон пайдо шуд, ки ба масъалаи гиромидошти воқеии забон, таъмини мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус дода шавад. Ва ҳоло ин масъала яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро забон шиносномаи давлат ва яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

03.jpg

Дар идома, чанд нафар аз фаъолони Шурои ҷавонони БМТ дар назди иштирокдорон аз эҷодиёт ва хотираҳои адибони ҷаҳонӣ оид ба бузургии забони тоҷикӣ порчаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ қироат намуданд.

Дар ҷамъбасти нишаст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар таъкид намуд, ки барои ҳар як инсон донистани забони давлатӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дошта, ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Ва моро мебояд, ки ҳамеша дар пайи беҳдошт, покизагӣ ва риояи меъёрҳои истеъмоли забони модариамон бошем. Зеро тавре Сарвари давлат изҳор доштанд: “Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст”.

  

Шуъбаи матбуот

 

 

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1666

03.10.2024

Возврат к списку