Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулиятҳои варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб мераванд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ватани азизамон аҳаммияти махсусан муҳимро касб намудааст.
![NBTL9269[1].jpg NBTL9269[1].jpg](/upload/medialibrary/5a8/1ixnodk3vpdul13ftskggkqq9dylfsmy/NBTL9269[1].jpg)
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди сиёсати созандаю бунёдкорона ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, имрӯз дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои навсозӣ ва ободгардонии марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ вусъат меёбанд.
![NBTL9223[1].jpg NBTL9223[1].jpg](/upload/medialibrary/3ef/11qnopk556pe4n2e7c06um6u0ux5fc6v/NBTL9223[1].jpg)
Дар доираи иқдоми мазкур, 6 сентябри соли 2024, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон маркази нави варзишӣ ифтитоҳ гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни ифтитоҳи толор қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон буда, ба ин васила таваҷҷуҳ ба беҳдошти саломатӣ, машғулиятҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бештар мегардад.
![NBTL9242[1].jpg NBTL9242[1].jpg](/upload/medialibrary/f32/7q0abti2n4zl108a3az1ffxwlxhglfsk/NBTL9242[1].jpg)
Қобили зикр аст, ки маркази варзишии бонк аз толорҳои вазнбардорӣ, аэробика, саққобозӣ, теннисбозӣ, гуштингирӣ, шоҳмот, ҳамчунин осорхонаи варзишии бонк ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо навтарин таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 12463
06.09.2024