Ахбор

Ташрифи ҳайати Департаменти хазинадории ИМА ба БМТ


14 августи соли 2024 дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати Департаменти хазинадории ИМА, таҳти роҳбарии мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии ин ташкилот хонум Паула Ҷонс, масъалаҳои лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда ва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

NBTL8376[1].jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз саҳми назарраси Департаменти хазинадории ИМА дар татбиқи кӯмакҳои техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иваз намудани низоми амалкунандаи автоматишудаи Бонки миллии Тоҷикистон (Core Banking System), татбиқи ислоҳоти соҳаи суғурта ва бунёди инфрасохтори он, беҳтар кардани раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони низоми суғурта ва тарҳрезии бизнес-равандҳои Бонки миллии Тоҷикистон (BPMN 2.0), ташкили нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ ёдовар шуда, ба ҳайати Департаменти хазинадории ИМА миннатдорӣ баён намуд.

NBTL8370[1].jpg

Дар идома ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои амалиётӣ, бозомӯзии кормандон ва омода намудани хавф менеҷерҳои соҳавӣ, таҳлилу баррасии маълумотҳои омории пешниҳодшавандаи низоми суғурта, дар таҷриба ҷорӣ намудани низоми муосири ҳисоботдиҳии соҳаи суғурта ва дигар масъалаҳои дахлдор табодули назар намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва кормандони ташкилотҳои суғуртавӣ дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос ва табодули таҷриба бештар ҷалб карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5885

15.08.2024

Возврат к списку