14 июн дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири барномаҳои макроиқтисодии Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) ҷаноби Роналд Гиндрат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавзуи суҳбат қарор дода шуданд.
![NBTL3987[1].jpg NBTL3987[1].jpg](/upload/medialibrary/11a/3vi12h59ts51a0t5foptmboxd6tr83kw/NBTL3987[1].jpg)
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба мудири барномаҳои макроиқтисодии SECO барои ҳамкории дарозмуддат ва самарабахш изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки шарикӣ бо ин ташкилоти бонуфуз имкон дод, то тайи солҳои охир дар бахши молия ва низоми бонкӣ як қатор ислоҳоти муҳим татбиқ гардад. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои SECO ба як қатор дастурамалу низомномаҳои бахши назорати бонкӣ, аз қабили идоракунии корпоративӣ, суботи молиявӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва дигар воситаҳои танзими бонкӣ тағйирот ворид гардид, ки онҳо натиҷаҳои назаррас нишон доданд.
![NBTL3981[1].jpg NBTL3981[1].jpg](/upload/medialibrary/7ef/tjq7vcerbpzs0ib04076ywl228xe1l90/NBTL3981[1].jpg)
Зимни мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тарафайнро бо истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷудбуда зарур шуморида, ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ислоҳоти бахшҳои бонкӣ бо мақсади таҳкими механизмҳои танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии идоракунии буҳрон дар бахши молиявӣ, таҳияи моделҳои санҷишии макростресс, ҷалби мушовирон барои рушди бозори коғазҳои қиматноки БМТ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи модули IFT ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 иброз намуданд.
P.S: Дафтари ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) як бахши котиботи давлатии Конфедератсияи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буда, ҳадафи он истифодаи таҷрибаҳои сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар доираи лоиҳаҳои SECO бо кишварҳои шарик ва ба ин васила мусоидат дар рушди иқтисодии ин кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 6803
14.06.2024