Эълони озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
ДЕПАРТАМЕНТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
I
Аудитори дараҷаи I шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти
фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
-
донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
-
маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
-
доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
-
доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
-
доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
-
малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
II
Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти
фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
III
Сардори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
-
донистани стандартҳои байналмилалӣ, расмиёт ва методҳои аудити дохилӣ;
-
донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
-
донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
-
доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
-
доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
-
доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
-
доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
-
донистани стандартҳои байналмилалии СOBIT, COSO, ITIL, TOGAF, ISO 27001 ва ғайра;
-
доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 4 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31 майи соли 2024
Эзоҳ: Довталабон аз минтақаҳои дурдаст метавонанд ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардидаро тавассути почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ пешниҳод намуда, дар рӯзи баргузории озмун ҳуҷҷатҳои аслиро пешниҳод намоянд.
Диданд: 4274
16.05.2024