Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


28.08.2019

Аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии дастрасии молиявии аҳолӣ, таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар кишвар, баланд бардоштани маърифати молиявии сокинон мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар конференсияи мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, Вакили муваққатӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Аврупо Стефано Эллеро, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта, Роҳбари Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Махкамова, намояндагони ташкилоту созмонҳои молиявии хориҷӣ ва мутахассисони ташкилотҳои қарзии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

NBTL5121-1.JPG

Муовини Раиси БМТ Лола Салимова зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар шароити кунунии рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои молиявӣ фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти таъмини суботу устувории молиявии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.

-Дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Аз ҷумла, оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, тақвият бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар барномаҳои алоҳида таҳия гардида, амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии кишвар ва БМТ ба ҳисоб меравад, ки бояд ба таври дастаҷамъона бо вазорату идораҳои марбута ва бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муваффақ таҳия карда шавад,-иброз намуд Лола Салимова.

NBTL5163.JPG

Дар рафти Конфронс аз ҷониби директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон – Моҳбону Накатова оид ба мавзӯи “Масъалаҳои зарурати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Зимни муҳокима қайд гардид, ки фарогирии молиявӣ ин таъмини дастрасии осон ва истифодаи як қатор хизматрасониҳои расмии молиявии сифатнок, ба монанди: пасандоз, қарз, пардохтҳо, интиқоли маблағҳо, суғурта ва сармоягузорӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, ки ниёзҳои онҳоро бо арзиши муносиб ё дастрас таъмин менамояд.

NBTL5068-2.JPG

Инчунин, дар ҷараёни конференсия, мавзӯъҳои дигари вобаста ба рушди фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокимаронии иштирокдорон қарор гирифт. Аз ҷумла, муовини сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ Улуғбек Бозоров доир ба “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва маърифати молиявӣ – василаи калидии фарогирии молиявӣ”, сардори Идораи низоми пардохти БМТ Шуҳрат Салоҳиддинов оид ба “Реҷаи махсуси танзим ва нақши он дар рушди технологияи нави бонкӣ ва афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ”, сардори Шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкии БМТ Кибриё Уроқова оид ба “Ҳолати кунунии татбиқи усулҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, рӯнамоии худро манзури иштирокчиёни конференсия намуданд.

Марид ба зикр аст, ки мусоидат намудан ба фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти БМТ ва мутахассисони он ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку