Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


26.04.2018

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи ”Батанзимдарории амалиёти асъорӣ ва назорати он дар ташкилотҳои қарзӣ”

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи бонкӣ бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд 23-25 апрели соли 2018 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷонибишахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ” баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳамоҳангӣ бо Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи бонкӣ ташкил карда шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур аз такмил бахшидан ба сатҳи донишу малакаи кории мутахассисони ташкилотҳои қарзии кишвар дар самти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла татбиқи амалии сиёсати асъорӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Иштирокдорони семинар дар рафти он оид ба нозукиҳои татбиқи Дастурамали №204 “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ” дар фаъолияти худ маълумоти зарурӣ дарёфт намуданд ва бо шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Рисунок 12.jpg

Ҳамзамон, услуби татбиқи амалии Дастурамали болозикр аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар бо мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ, ки дар ин семинар иштирок доштанд, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар рафти семинари зикргардида фаҳмонидани моҳият ва мундариҷаи тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №204 “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ” иборат буда, дар рафти чорабинӣ санади мазкур аз ҷониби мутахассисони сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Рисунок 13.jpg

Бояд қайд кард, ки чунин семинар оид ба “Тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ” қаблан дар Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои мутахассисони ташкилотҳои маблағгузории хурди воқеъ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ


Возврат к списку