Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Октябр 13, 2024
октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.
Иншоот дар масоҳати 770 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.
Ошёнаи якуми бино аз китобхона бо фарогирии асарҳои Пешвои миллат ва китобҳои бадеӣ, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, бойгонӣ ва утоқи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро утоқҳои корӣ, маъмурият ва маҷлисгоҳ бо назардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбати самимӣ анҷом дода, масъулони соҳаро барои вусъат додани ободонию бунёдкориҳо, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, беҳсозии шароити зиндагии сокинон ва бо эҳсоси баланди масъулият амалӣ намудани ҳадафу барномаҳои ҳизб ҳидоят намуданд.