Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3716.02 3791.09
10 7312.55 7460.28
20 14491.63 14784.39
50 35999.73 36727.00
100 71880.10 73332.23

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

03.09.2009 Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монданд

3 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ дар бахшҳои асосии бозори асъор тағйир наёфта, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор ба 4,39-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,37-1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда 6,29 сомониро барои 1 евро ташкил дод.

02.09.2009 Дар бозори нақдина қурби доллари ИМА устувор боқӣ монд

Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 2 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА нисбат ба рӯзи гузашта устувор боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,4380 - 4,4530 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,3750-1,3890 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2820-6,3170 сомонӣ барои баробар шудаанд.

01.09.2009 Дар бозори нақдина қурби асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфт

Дар давоми рӯзи 1 сентябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти долл. ИМА ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, мувофиқан 4,4350-4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,3850-1,3950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ муқаррар шуданд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба ҳисоби миёна 1 евро ба 6,2920-6,3130 сомонӣ баробар шуд.

31.08.2009 Тайи рӯзҳои истироҳат қурби доллари ИМА бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод.

28.08.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 28 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо евро ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,29 сомонӣ барои 1 евро ва 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.

27.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 27 августи соли ҷорӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 долл. ИМА ба 4,4340 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои асъорҳои дигар низ мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,3930 сомонӣ ва 1 евро 6,2950 сомониро ташкил доданд.

26.08.2009 Қурбҳoи миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме поин рафтанд

26 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва евро дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор 1 долл. ИМА ба 4,39-4,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,25-6,29 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ бошад, каме афзуд ва 10 рубли русӣ 1,40 сомониро ташкил дод.

25.08.2009 Дар бозори асъор каме тағйирот ба амал омад

25 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозаи 4,39 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,40 сомонӣ барои ва 1 евро ба 6,30 сомонӣ баробар шуд.

24.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар буд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.

21.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори асъор паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромада, аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар давоми рӯз 21 август, он устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,4314-4,4523 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дида мешавад.

20.08.2009 Қурби асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфт

20 август қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна ба 4,43 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, ба 1,37 – 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,16 -6,25 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд.

19.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз 19 август, бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4312 - 4,4523 сомониро ташкил дод, дар бозор камтар шудани талабот ба асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ мӯътадил буда, мувофиқан 1,36-1,38 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,25-6,29 сомониро барои 1 евро ташкил намуданд.

18.08.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 18 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, тамоюли пастшавӣ дошта, фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва евроро нишон медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,26 сомонӣ барои 1 евро ва 1,38 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.

17.08.2009 Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4325-4,4534 сомонӣ боқӣ монд.

14.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина устувор боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 14 август устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,25-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.

13.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфтанд

Дар давоми рӯз, 13 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 4,4346-4,4565 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ташкил намуд.

12.08.2009 Қурби рубли русӣ хеле паст шуд

Дар шаҳри Душанбе 12 августи соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме боло рафта, дар ҳудуди 4,4340-4,4550 сомонӣ барои долл. ИМА ва 6,2450-6,3150 сомонӣ барои евро ҷамъбаст шуд.

11.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

11 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, чун рӯзҳои пештара бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,4436 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар навбати худ, қурби дигар асъорҳо низ нисбатан мӯътадил буданд ва қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ба 1,4015 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2536 сомонӣ баробар шуданд.

10.08.2009 Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор бетағйир монд

Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4325-4,4534 сомонӣ боқӣ монд.

07.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

6 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, чун рӯзҳои пештара бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,4434 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар навбати худ, қурби дигар асъорҳо низ нисбатан мӯътадил буданд ва қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ба 1,4135 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2436 сомонӣ баробар шудаанд.

07.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме тағйир ёфтанд

7 август қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме тағйир ёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА - 4,4325 сомонӣ, 10 рубли русӣ - 1,4095 сомонӣ ва 1 евро - 6,2512 сомониро ташкил дод.

05.08.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 5 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва рубли русиро нишон медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме афзуда, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,22 сомонӣ барои 1 евро ва 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.

04.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина чун рӯзҳои гузашта устувор боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 4 август чун рӯзҳои гузашта устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,18-6,24 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва хориҷӣ дида мешавад.

03.08.2009 Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.

31.07.2009 Қурби хариду фурӯши доллари ИМА бетайғир монд

Дар давоми рӯз, 31 июл дар бозори нақдинаи ш. Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро бошад бетағйир монда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17-6.23 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.

30.07.2009 Қурби хариду фурӯши доллари ИМА бетайғир монд

Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ бетағйир ва евро каме паст шуд, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17-6.23 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.


Ахбор 4915 - 4940 аз 5118
Аввал | Пешӣ | 188 189 190 191 192 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ