Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Тайланд

Ахбор

Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Тайланд


Дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Тайланд, ки рӯзҳои 25-26 ноябри соли равон баргузор гардид, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо президенти калонтарин бонки Тайланд Bangkok Bank ҷаноби Чартсири Софонпанич доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ: низоми бонкӣ ва суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

01.jpg

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши сармоягузориву тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории низоми бонкии кишварҳо, таъсиси филиали бонкии Bangkok Bank дар Тоҷикистон, инчунин кушодани суратҳисобҳои муросилотиро саривақтӣ арзёбӣ карданд.

02.jpg

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо вазири саноати Тайланд ҷаноби Аканат Промпхан ва баъдан бо президенти Бонки содиротӣ ва воридотии Тайланд (EXIMBANK) доктор Рэк Ворракитпокатор мулоқот анҷом дод.

03.jpg

Зимни вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Тайланд мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки омодаанд ҳамкории ду кишварро бо амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, тиб, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо тақвият бахшанд.

04.jpg

Ҳамзамон, масъалаи иштироки Бонки содиротӣ ва воридотии Тайланд дар лоиҳаҳои муҳимми бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

photo_2024-11-26_10-20-20.jpg

Дар идомаи рӯз, ҳайати Тоҷикистон инчунин бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Тайланд хонум Кобкарн Ваттанаврангкул ва намояндагони Шурои савдои Тайланд мулоқот намуда, вазъи кунунии иқтисоди кишварҳо ва имкониятҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, савдо, логистика ва истифодаи технологияҳои муосири зеҳни сунъиро баррасӣ карданд.

Дар маҷмуъ, миёни ҷонибҳо муколамаи солим ва фарогири самтҳои гуногун оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2046

26.11.2024

Возврат к списку