1 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории конференсия такмил додани донишу таҷрибаи мутахассисони соҳа дар самти молия ва низоми бонкӣ мебошад.
Дар чорабинии мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ низ ширкат дошт. Номбурда дар назди иштирокдорон дар мавзуи “Танзими макропруденсиалии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба сиёсати макропруденсиалӣ, назорат, баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом ҷиҳати тақвият додани устувории молиявӣ ва баланд бардоштани нақши бахши молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар конференсия мавзуъҳои гуногуни бахши низоми молиявии мамлакат, бонкдорӣ, андоз ва иқтисодиёти милливу ҷаҳонӣ муҳокима гардида, мутахассисони шинохта ва варзидаи иқтисод аз дигар мақомот ва сохторҳои давлатӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ, воситаҳои маблағгузории устувор, барориши вомбаргҳои давлатӣ, тартиби таҳияи дурнамои даромади буҷети давлатӣ, нақш ва мақоми суғурта дар иқтисоди кишвар ва дигар масъалаҳои бахши иқтисод бо пешниҳоди рӯнамо ва саволу ҷавоб табодули назар намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1669
03.10.2024