26 сентябри соли 2024 ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи «B3» бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи «B3» бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт.
Ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои берунӣ тайи солҳои охир, маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миёнамуҳлати лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ мусоидат намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад. Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 806
27.09.2024