Ташрифи ҳайати ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

Ташрифи ҳайати ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон


25 сентябри соли 2024 дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор масоили Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат муҳокима гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар оғоз ба Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуда, оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод кард.

NBTL0009.jpg

Дар идома ҷонибҳо доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт, оид ба захираҳои байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба сиёсати пулию қарзӣ ва тавозуни пардохт, тағйирот дар бозори асъор, сатҳи таваррум, инчунин иҷрои тавсияҳои ҳайати ХБА ва раванди иҷрои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таҳия гардидааст, табодули назар намуданд.

01.jpg

Ёдовар мешавем, ки бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим 28 феврали соли ҷорӣ Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument)-ро ба муҳлати 22 моҳ барои Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат фишанги ғайримолиявӣ буда, дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Барномаи мазкур барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, истифода аз он ба баланд бардоштани ҷолибнокии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. 

Шуъбаи матбуот

Диданд: 821

26.09.2024

Возврат к списку