Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки барои бозпас гирифтани маблағҳои тавассути низоми пардохтии CONTACT ирсолшуда, интиқолдиҳандагоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, имкон доранд бо пешниҳоди аризаи хаттӣ бевосита ба ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, ба интиқолдиҳандагони дар хориҷи кишвар қарордошта барои бозпас гардонидани маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми пардохтии CONTACT интиқолшуда зарур аст, ки ба “Агентство по страхованию вкладов” (127994, ш. Москва, ГСП-4, ГК АСВ, КИВИ Банк (АО) ё 117648, ш. Москва, мкр. Северное Чертаново, х. 1А, корп. 1) бо пешниҳоди аризаи хаттӣ, расиди маблағи интиқолшуда ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.
Маълумоти иловагӣ ва намунаи аризаро аз суроғаи https://www.asv.org.ru/banks/kivi-bank-ao дастрас кардан мумкин аст.
Диданд: 302
04.09.2024