Баррасии ҳамкориҳои БМТ бо Бунёди “Роҳи абрешим”

Ахбор

Баррасии ҳамкориҳои БМТ бо Бунёди “Роҳи абрешим”


29 май дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори генералии Бунёди “Роҳи абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тсай Сиютзюн масоили таъсиси платформаи муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни суҳбат қайд кард, ки таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" мебошад ва дар тули солҳо механизми муназзами ҳамкорӣ ва муколама миёни ду кишвар ба вуҷуд омада, ҳамкорӣ дар доираи ин ташаббус сол аз сол рушд меёбад.

NBTL3110[1].jpg

Дар робита ба ин, даъват ба амал оварда шуд, ки сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ва ширкатҳои суғуртавӣ афзоиш дода шавад. Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон шароити мусоид ҷиҳати кушодани бонкҳои хориҷӣ ва филалҳои онҳо фароҳам оварда шуда, ягон монеа барои сармоягузорӣ дар бахши бонкӣ ва суғурта дида намешавад.

Директори генералии Бунёди “Роҳи абрешим” дар навбати худ доир ба саҳми сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар низоми бонкӣ ва самтҳои дигари ҳамкориҳо андешаҳои худро баён дошт.

NBTL3115[1].jpg

Дар мулоқот дар баробари шиносоӣ бо вазъи кунунии низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо инчунин масъалаи таъсиси платформаи молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ба амалӣ шудани ҳадафҳои дар мулоқот баёншуда ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси “Платформаи муштараки сармоягузорӣ Чину Тоҷикистон” кумак хоҳад намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 2328

30.05.2024

Возврат к списку