- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 12.12.2023 1 USD 10.9565 1 EUR 11.8012 1 RUB 0.1207
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”
23 июни соли 2023 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло вобаста ба қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 ба суолҳои бархе аз намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас дод.
Зимни мусоҳиба бо хабарнигорон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №321 маншаъ мегирад.
Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳимми иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки то қабул гардидани Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.
Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бошад, ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро татбиқ менамоянд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки то санаи 31 майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 5,7 млн. кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 млн. адад баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзоиш ёфт.
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS - терминал ва 19 708 адад QR–рамз ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS - терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошанд.
Гуфта шуд, ки айни замон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ҳамчунин илова намуд, ки мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳол он, ки ин муаммоҳо дар давлатҳои ҳамсоя солҳои қаблӣ ҳалли худро ёфтаанд.
Мавсуф афзуд, ки тибқи банди 5 Фармон мазкур чораҷӯӣ намудани ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардонидани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Пеш аз ҳама, дар Фармон ишора гардидааст, ки то 31 декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол гардонида шавад ва мо боварӣ дорем, ки то муҳлати ишорашуда ин инфрасохтори муҳимме, ки шаффофияти амалиётҳои пардохти хизматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари масъул созмон дода мешавад.
Ҳамзамон, вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, муаззаф гардидаанд, ки якҷо бо низоми бонкии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Дар хотима Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки: “Моро зарур аст, дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №321 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 июни соли 2023, №586 ба имзо расид, нисбати ҳар як банди он чораҳои таъхирнопазиру зарурӣ андешем”.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1851
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ