- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 03.04.2023 1 USD 10.9139 1 EUR 11.8907 1 RUB 0.1400
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Сараудитор – директори Департамент (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5-сол дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ;
- доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIPA, CPA, CIA, ACCA) ва ғ.
- донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ – ҳатмӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ.
II
Аудитори дараҷаи I шуъбаи аудити молиявӣ (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ афзалият дорад;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word,Excel, PowerPoint) ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 4 сол дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ ё дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
III
Аудитори дараҷаи II шуъбаи аудити амалиётӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ – афзалият дорад;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
IV
Аудитори дараҷаи III шуъбаи аудити амалиётӣ (1 ҷой)

V
Аудитори дараҷаи I шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ афзалият дорад;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word, Excel, PowerPoint) ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 4 сол дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ ё дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
VI
Аудитори дараҷаи III шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ – афзалият дорад;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
VII
Аудитори дараҷаи III бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ
Талабот ба номзад:
- таҳсилот олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
- донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра афзалият дорад;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳатмӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ афзалият дорад.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
VIII
Муовини сардори шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуб дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва таҳлил намудани маводҳои таҳлилӣ;
- доштани сертификатҳо дар соҳаи бонкдорӣ аз ҷумла идоракунии хавфҳо ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
- доштани маҳорати ташкили корӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
- собиқаи корӣ дар соҳаи аудити бонкҳо ва идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point);
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол аз ҷумла дар низоми бонкӣ ё молиявӣ.
IX
Сарбозраси шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуб дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо, аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
- доштани малакаи хуби таҳлилӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office (Word, Excel, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 4 сол дар низоми бонкӣ.
X
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуб дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ аз ҷумла идоракунии хавфҳо ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
- доштани малакаи хуби таҳлилӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office (Word, Excel, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ.
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- ш.Бохтар, кӯчаи Ғафурова 2, Шуъбаи кормандон ва корҳо
- Барои маълумот – тел: +992 (44) 620 - 05 - 49
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19.10. 2020
Диданд: 2464
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ