Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

БМТ: Ҳамоиши ҷавонони низоми бонкии мамлакат таҳти унвони “Интихоби мо – Пешвои миллат”

02.10.2020

2 октябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Интихоби мо - Пешвои миллат” дар ҳошияи Анҷумани XIV -уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба пешбарии номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, кормандони ҷавони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва намояндагони васоити ахбори омма доир гашт.

NBTL2841-1.JPG

Ҳамоишро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, бо иқдому ташаббусҳои созанда дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон саҳми босазо мегузоранд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд”. Ҳамоиши имрӯзаи мо, ки бо ташаббуси бевоситаи ҷавонон дар ҳошияи Анҷумани XIV-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад, худ далели ин гуфтаҳост. Қобили тазаккур аст, ки нақши ҷавонон дар рушди низоми бонкии мамлакат низ назаррас буда, аз шумораи умумии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ва шоистаи таҳсин аст, ки имрӯз татбиқкунандаи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар низоми бонкӣ махсусан ҷавонон ҳастанд, ки аксари онҳо дар сатҳи роҳбарикунандаи бонкҳо саҳми худро дар дастрасии муосири молиявӣ ва фарогирии молиявӣ бо тавсеа додани доираи васеи хизҳматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ саҳм мегузоранд.

NBTL2702-2.JPG

Дар идомаи суханронӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо ифтихор қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоию ҷонфидоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши мондагор дорад ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи ӯ дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳими давлатдории миллӣ, ки шоистаи эҳтиром мебошад, маҳсуб мегардад. Суханони худи Пешвои миллат “Эҳтироми пули миллӣ, эҳтироми миллат аст!” бозгӯйи ин ҳақиқат аст.

NBTL2765-3.JPG

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар навбати худ оид ба раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, ин мактаби сиёсиро бузургтарин мактаби давлатдорӣ барои бунёд ва рушди давлатдории миллӣ дар заминаи тамоми арзишҳо номид.

NBTL2775-4.JPG

Зимни ҳамоиш мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор-роҳбари Созмони ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ БМТ Мадина Дилоева, мутахассиси пешбари Департаменти назорати бонкии БМТ Айёмиддин Азизов ва роҳбари Созмони ҷавонони БДА ҶТ “Амонатбонк” Сарбоз Фаррухзода дар мавзӯъҳои “Фарогирии ҷавонон ба хизматрасониҳои бонкӣ” ва “Рушди низоми бонкӣ дар давраи истиқлолият” баромад намуда, саҳми Сарвари давлатро дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон бориз арзёбӣ намуданд.

Бо назардошти музокира ва пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷониби маърӯзачиён ва иштирокдорони ҷамъомади имрӯза зикр гардид, ки кормандони ҷавони низоми бонкӣ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини суботи молиявиро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳанд.

NBTL2852-5.JPG

Дар идома аз ҷониби мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Раҳмонзода Фаромӯз Изҳороти кормандони ҷавони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Интихоби мо-Пешвои миллат” ироа гардид ва ҳозирин пешниҳоди номзади арзандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ намуданд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода изҳор дошт, ки низоми бонкӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодии мамлакатҳо маҳсуб ёфта, босуръат рушд карда истодааст, бахусус дар самти ҷоришавии амалиётҳои нав ба нави бонкӣ ва талаботи имрӯз ба мутахасиссони ботаҷрибаю кордон моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари беназири давлатамон тамоми кушишу ғайратамонро истифода бурда, на ҳамчун қувваи арзони корӣ, балки ҳамчун яке аз нерӯи бузург - бартарияти мутлақи мамлакатамон бо донишу малака, забондониву маҳоратҳои муосир ва соҳибкасб баромад намоем. Ҳамин тариқ, ҳамоиши ҷавонони низоми бонкии мамлакатро Моҳбону Накҳатзода бо суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо дониши комил, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ, инчунин дарки масъулияти ватандорӣ муяссар мешавад” ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2607

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ