Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Суолҳои бештар пешниҳодшаванда


21.07.2023
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Тоҷикистон барои омода намудани шаҳрвандон ба ин амал тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.


Таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.


Чунин изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Шуҳрат Салоҳиддинов. Дар зер назари пурраи мавсуф оид ба мавзуи мавриди назар оварда мешавад.


— Тибқи Фармони мазкур, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.


Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро омода намуда, амнияти пардохтҳо ва имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатиро дар тамоми манотиқи малакат таъмин намоянд.


Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ба сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мусоидат менамояд. Бояд дар назар дошт, ки минбаъд пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ ҷараён мегирад.


Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.


Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.


Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, тайи солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш ёфта истодааст.


Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаи муосири пардохтҳои электронӣ ва истифодаи он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.


Аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия намудаанд.


Имрӯзҳо теъдоди зиёди шаҳрвандон дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.


Ҳоло аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия карда истодаанд.


Инчунин, ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ як қатор хизматрасонии фосилавӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён барои ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасонӣ имкон фароҳам овардаанд.


Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамоянд.


Кортҳои пардохтии бонкӣ 5,7 миллион, ҳамёнҳои электронӣ 7,7 миллионро ташкил медиҳанд.


Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешида ба афзудани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва теъдоду ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат намудаанд.


Тибқи маълумоти оморӣ, зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, то 31 майи соли 2023 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 5,7 миллионро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз зиёд шудаанд. Инчунин, теъдоди ҳамёнҳои электронӣ 7,7 миллионро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 63% афзудааст.


Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 POS–терминал ва 19 708 QR–рамзро насб кардаанд, ки шумораи POS-терминалҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошад.


Дар 5 моҳи соли 2023 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ барои хариди молу пардохти хизматрасонӣ зиёда аз 18 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, аз рӯйи шумора 55 фоиз ва аз рӯйи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 91 фоиз зиёд мебошанд.


Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 83 фоиз ба 17 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.


Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ на танҳо аз низоми бонкӣ вобастагӣ дорад, балки андешидани чораҳои таъхирнопазирро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ талаб менамояд.


Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ зарурати ташаккули инфрасохтори дахлдори қабули пардохтҳоро дар назди мақомоти давлатӣ тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатие, ки хизматрасонии пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, бояд фавран низомҳои иттилоотию билингии худро созмон дода, якҷо бо низоми бонкии мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони мазкур ҳатман чораҳои зарурӣ андешанд.


То қабули Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар ин самт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.


Аз ҷумла, бо қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ дар ин самт ҳамкорӣ намуда истодаанд.


Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ гардид, аз ҷумла, пардохти як қатор андозҳо, раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, гармидиҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд.


Таҳлили вазъи низоми бонкӣ далели он аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омодаанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ, шабакаҳои терминалӣ ва дигар роҳу усулҳои хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ба роҳ монанд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ “Ховар”,


Шуъбаи матбуоти БМТ

06.02.2023
Ду миллиарду 335,4 млн. сомонӣ

Чунин аст натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошта буданд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ ҳадафҳои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дороӣ ва маблағҳояшонро тибқи он қонунӣ гардониданд, барои ҳуқуқвайронкунии содиршудаи ба ин дороӣ ва маблағҳо алоқаманд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда шуданд.


Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ таъсис дода шуд ва онҳо ду моҳ заҳмат кашиданд. Таклифу пешниҳод ва эродҳо зиёд буданд ва аъзои гурӯҳ онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода, фикри аксариятро ба назар гирифтанд.


- Татбиқи қонуни зикршуда чӣ натиҷа дод? — бо ин савол ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода муроҷиат намудем.


Бино ба гуфти номбурда, аз 30- юми августи соли 2021 то 31- уми декабри соли 2022 маблағи қонунигардонидашуда ду миллиарду 335,4 млн. сомониро ташкил додааст. Маълум гардид, ки аз ин маблағ 501,1 млн. сомонӣ амонати муҳлатнок, 904,6 млн. сомонӣ сармоягузорӣ ва 929,7 млн. сомонӣ ба самтҳои дигар рост меояд.


Бамаврид аст аз қонуни соли 2002 қабулгардида ёдовар шавем. Дар заминаи он ҳамагӣ 528 миллион сомонӣ қонунӣ гардонида шуд, ки ба 15,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он вақт баробар буд. Зиёда аз 80 фоизи ин маблағ бо доллари ИМА буда, дар он марҳила пасандози аҳолӣ зиёд гардид.


Ҳоким Холиқзода аз он ёдовар шуд, ки ҳангоми таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таҷрибаи солҳои гузашта оид ба қонунигардонии маблағҳо, ки бо қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2002 ва 2010 амалӣ гардида буданд, инчунин таҷрибаи қонунигардонии молу мулк, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 амалӣ гардида буд, ба назар гирифта шуданд. Ҳамзамон, дар консепсияи қонуни амалкунанда, таҷрибаи муваффақи давлатҳои алоҳида низ мадди назар қарор дошт. Хусусияти фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз қонунҳои қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ҷиҳати амалӣ намудани қонунигардонӣ дар он аст, ки:


- маблағ ва дороиҳоро фаро гирифта, инчунин ба шаҳрвандон имконияти қонунигардонии маблағу дороиҳои дар хориҷа доштаи худро низ медиҳад;


- манфиати иқтисодии қонунигардонии номгӯи муайяни дороиҳо ва маблағ ҳамчун асос ба назар гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, мақcади қонун фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ муқаррар шудааст, ки ба мақсадҳои таҷрибаи ҷаҳонии барномаҳои авфи дороиҳо мутобиқ мебошад;


- авфи шаҳрвандонро барои ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ вобаста ба дороиҳо ва маблағҳо то қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд;


- доираи имтиёзу кафолатҳои бештарро муқаррар мекунад;


- қайд кардан зарур аст, ки аз соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узв ба Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шомил мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки ҷаласаи пленарии ФАТФ моҳи октябри соли 2012 санади «Таҷрибаи пешқадами идорасозии таъсири барномаи ихтиёран риоя намудани қонунгузории андоз аз нигоҳи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» ва соли 2014 «Қоидаҳо барои кор бо барномаи ихтиёрии риояи қонунгузории андоз ва шарҳи он» — ро қабул намуд. Бинобар ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосӣ ва талаботи ин санадҳои ФАТФ ба назар гирифта шуданд.

 

Зери мафҳуми «маблағҳои шаҳрвандон», ки дар қонун қайд гардидааст, манзур пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъоре, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд, мебошад. Қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳангоми риоя гардидани тартиб ва шартҳои қонун бо шаҳодатномаи шакли муқарраргардида, ки бонкҳо пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда мешавад.


Раиси Бонки миллӣ гуфт, ки металл­ҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ гардида, таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд ва молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда дороиҳои аз муқаррароти қонун бархӯрдор ба ҳисоб мераванд.


Бо мақсади татбиқи муқаррароти қонун оид ба қонунигардонии маблағҳо бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 — уми августи соли 2021 таҳти №126 санад ва ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонун тасдиқ карда шуда, қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.


Ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун ва қарори ишорашудаи раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои муайян амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар қисмати заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бахши алоҳида бо номи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо» ташкил карда шуд, ки дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба қонунигардонии маблағҳо ва роҳнамо дар шакли рӯнамои «Раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо» барои дастрасии озод ҷойгир карда шуданд (https://nbt.tj/tj/amnesty);


Илова бар ин, моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо ба бонкҳои ваколатдор дар шакли рӯнамо шарҳу тавзеҳ дода шуда, варақаҳои махсус (шаҳодатномаҳо) оид ба қонунигардонии маблағҳо нашр гардида, ба бонкҳои ваколатдор тақсим гардид.


Илова бар ин, ҳар моҳ тавассути идораи омор ва департаменти мониторинги молиявӣ ҳисоботи бонкҳои ваколатдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба қонунигардонии маблағҳо ҷамъоварӣ ва таҳлил мешаванд. Ҷиҳати қабули муроҷиати бонкҳои ваколатдор ва шаҳрвандон аз рӯи ­масъалаҳои марбут ба қонунигардонии маблағҳо ва додани шарҳу тавзеҳот ба онҳо хатти доимоамалкунанда низ фаъол мебошад.


Дороиҳо ва маблағе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд, инчунин, дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтан ё дар давраи амали ин қонун ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад, аз ин иқдом дар канор хоҳанд монд.


- Оё ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандон бинобар огоҳ набудан аз моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои қонунигардонии чунин дороиҳо ва маблағ муроҷиат карданд? — пурсидем аз раиси Бонки миллӣ.


- Бо чунин мазмун ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиатҳо ворид нашудаанд, — гуфт номбурда.


- Ҷанбаи пурмоҳият махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо, ки моддаи 4 муқаррар кардааст, маҳсуб мешавад. Тибқи он, «маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад, — афзуд ҳамсуҳбатам.


Омили дигари муҳим он аст, ки қонун барои шаҳрвандон имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд. Онҳо кадомҳоанд?


Тавре Ҳоким Холиқзода гуфт, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонун аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин, ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод мешаванд.


Ба ғайр аз ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағ аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашударо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба объекти андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил намешаванд.


Сокинони мамлакат, онҳое, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи қонун аз андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда мавриди андозбандӣ қарор намегирад.


Бо назардошти муҳимияти ­масъала, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2022 натиҷагирӣ шуда, дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20- уми июни соли 2022 қонунигардонӣ ба муҳлати як сол тамдид гардид.


Бо истинод ба суханони раиси Бонки миллӣ метавон хулоса намуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаҳои мусбат, аз ҷумла ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ — бонкӣ ва ба ин васила, бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисодиёти расмӣ баргардонида шудани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайри­расмиро ба бор овардааст.


Илова бар ин, вусъат ёфтани гардиши қоғазҳои қиматнок, рушди маб­лағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва воридшавии сармоя аз хориҷи кишвару беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ пайо­мадҳои мусбати ин иқдом мебошанд.


Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум», №18 (4601) 31.01.2023

https://sadoimardum.tj/i-tisod/du-milliardu-335-4-mln-somon/

 

26.01.2023
БМТ: Фирефтаи гурӯҳи қаллобон нашавед ва ба видеороликҳои онҳо бовар накунед

Посухҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори 

ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Одинаев Рустам


- Бонки миллии Тоҷикистон чунин қаллобонро чӣ гуна ошкор сохт ва оё ба ширкати “Газпром” барқияе барои муайян намудани ин қаллобӣ фиристодааст?


- Тавре маълум аст, дар ҷаҳони муосир якчанд аломатҳои маъмули аҳромҳои (пирамидаҳои) молиявӣ мавҷуданд, ки мардум бештар ба доми онҳо меафтанд. Ваъдаи ба даст овардани даромади баланд, ки ҳатто аз сатҳи даромади бозор чандин маротиба баландтар аст, мавҷуд набудани маълумоти дахлдор дар бораи вазъи молиявии ширкат, таблиғоти (рекламаи) мунтазам дар воситаҳои ахбори омма ва дар шабакаи интернет бо ваъдаи даромаднокии баланд, аз қабили онҳо мебошанд.


Қайд кардан зарур аст, ки дар “барнома”- е, ки аз номи Ширкати фаръии фаромиллии энергетикии Федератсияи Россия ҶДММ “Газпром инвест” дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, аломатҳои аҳромҳои молиявӣ мушоҳида мешаванд. Бинобар ин, бо мақсади огоҳ намудани шаҳрвандон ва пешгирӣ кардани мардум аз фиребкориҳои ин гурӯҳи қаллобон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоролик ҷойгир карда шуд.


- Шикоятҳои маблағдуздӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудаанд?


- Бале, аз ҷониби шаҳрвандон ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиатҳо бо мазмуни қаллобӣ (маблағдуздӣ) ворид гардидаанд, ки ба таблиғи барномаи мазкур бовар карда, бо розигии худ аз кортҳои бонкиашон ба кортҳои шахсони сеюм, ки тавассути барномаи мазкур пешниҳод гардидааст, маблағ гузаронданд. Муроҷиатҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии дахлдор ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ гардида, натиҷаи он тибқи мансубият ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд. Дар айни замон муроҷиатҳои мазкур дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуда истодаанд. Илова ба ин, аз ҷониби БМТ бо шаҳрвандони фиребхурда роҷеъ ба ҳолатҳои мазкур машваратҳо гузаронида мешаванд.


- Лутфан бигуед, ки ширкати “Газпром-Инвест”-и Федератсияи Россия бо чунин тарз, яъне бо роҳи сармоягузорӣ бо давлатҳои ИДМ кор мекунад?


- Дар мавриди саволи пешниҳодшуда, дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон маълумот надорад.


- Оё ин қаллобон танҳо дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ё дар дигар давлатҳои ИДМ низ амал менамоянд?


- Лозим ба ёдоварист, ки Бонки милли Тоҷикистон фаъолияти ин гуруҳи қаллобонро дар қаламрави ҷумҳурӣ тасдиқ намуда, маълумоти дақиқ дар бораи фаъолияти ин гуна қаллобон дар дигар давлатҳои ИДМ посухи мушаххас надорад. Дар баробари ин, аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин гуна қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тариқи интернет, ки тамоми аҳолии дунё ба он пайваст мебошад, фаъолияти хешро пеш мебаранд.


Дар робита ба ин ва бо назардошти гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои фирефтаи ин гурӯҳи қаллобон нагардидан ба чунин видеороликҳо бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин қаллобон пешниҳод мегарданд, худдорӣ намоянд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

25.10.2022
-

-

24.10.2022
-

-

12.10.2020
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ҷиҳати тадбирҳои андешида вобаста ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар давраи хуруҷи пандемияи COVID-19

Бонки миллии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Пайрав Чоршамбиев ҷиҳати тадбирҳои андешида вобаста ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар давраи хуруҷи пандемияи COVID-19 чунин иттилоъ медиҳад:

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи паҳншавии вируси сироятии COVID-19 ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои қарзии барҳамхуранда ва ташкилотҳои молиявии ғайрирезидентро аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкии тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) ва Низоми автоматишудаи бонкӣ (НАБ) амалишаванда, инчунин аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои иштирок дар Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва низоми пардохтии байналмилалии VISA (лоиҳаи TJNNSS) бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №44 дар моҳҳои апрел – августи соли 2020 озод намудаст. Аз ин лиҳоз, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия дода шуд, ки аз муштариёни худ гирифтани ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро, ки тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо НАБИМ амалӣ мешаванд, барои марҳилаҳои номбаршуда таҷдиди назар намоянд.

2. Баҳри таъмини фаъолияти мунтазами хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили Интернет-бонкинг, бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, пардохтҳо тавассути QR-рамз, инчунин истифодабарии васеи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шуданд, ки маҳдудияти истифодабарии маблағҳоро аз суратҳисоби кортҳои пардохтии бонкӣ бо пули миллӣ бартараф намоянд.

3. Меъёри маблағи амалиётҳо ҳангоми истифодабарии кортҳои пардохтии бевасл бе ворид намудани рамзи PIN то 500 сомонӣ зиёд карда шуд.

4. Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия дода шуд, ки бо мақсади роҳ надодан ба камбудӣ дар раванди интишори кортҳои пардохтии бонкӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд, аз ҷумла, то ба эътидол омадани вазъияти мавҷуда, кортҳои пардохтии бонкии муҳлаташон ба итмом мерасидаро иваз накарда, муҳлати истифодабарии онҳоро тамдид намоянд.

5. Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ ба операторони низомҳои пардохтии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол, ки хизматрасонии интиқоли фаромарзии маблағҳоро пешниҳод менамоянд, муроҷиат намуда хоҳиш намуд, ки тарифҳои хизматрасониҳои интиқоли фаромарзии маблағҳоро то ҳадди имкон паст намоянд. Дар натиҷа низомҳои пардохтӣ, аз ҷумла низоми пардохтии Юнистрим фоизи хизматрасонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкиро дар давраи пандемия ба 40 фоиз паст намуд. Инчунин ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли фаромарзии маблағҳо ба кортҳои пардохтии бонкӣ ба 0 фоиз баробар карда шуд.    

   

Шуъбаи матбуоти БМТ

09.11.2018
Посух ба саволҳои рӯзномаи “Садои мардум”

Тартибу қоидаҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо асъори хориҷӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тибқи Дастурамали №204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ", ки бо назардошти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", ”Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” таҳия гардидааст, танзим шудааст.  

Мутобиқи Дастурамали БМТ №204, гирифтани асъори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшуда ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа интиқол додани асъор аз ҷониби шахси воқеӣ (намояндаи вай) дар ҳолати ба бонки ваколатдор пешниҳод кардани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, шаҳодатномаи гуреза, гувоҳномаи иқомат барои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахсии хизматчии ҳарбӣ), ариза ва ё супоришнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки Дастурамали мазкур муқаррар кардааст, инчунин ваколатномаи намоянда ҳангоми аз ҷониби вай гирифтан ё анҷом додани интиқол, сурат мегирад (банди 13).

Бояд тазаккур дод, ки Дастурамали БМТ №204, қоидаҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифтани асъори аз хориҷа интиқолшуда ва ба хориҷа интиқол додани асъорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Бинобар ин, Дастурамали мазкур, доираи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки барои анҷом додани амалиёти бонкии мазкур ба бонкҳои ваколатдори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонанд, бо назардошти таъиноти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, муқаррар намудааст. Масалан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” №1097, аз 26.07.с.2014:

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (моддаи 1).

Бинобар сабаби таъиноти махсус доштани ҳуҷҷатҳои ишорашудаи тасдиқкунандаи шахсият, дар муносибатҳои бонкии дохили ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намудани онҳо, ба мақсад мувофиқ намебошад.

Ҳамзамон, бо назардошти тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии волидайн ва ё дигар намояндагони қонунӣ ва таҳти масъулияти чунин шахсон анҷом ёфтани амалҳои шахсони ноболиғ, инчунин бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони ноболиғ дар интиқоли фаромарзии асъори хориҷӣ, мутобиқи Дастурамали БМТ №204 шаҳодатномаи таваллуд дар ҷумлаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти тарафи чунин амалиёт номбар нашудааст.

Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” №1097, аз 26.07.с.2014 ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият – инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, номбар гардидаанд, ки ин ҳуҷҷатҳо низ таъиноти махсус дошта, шахсиятро дар муносибатҳои дахлдор ва ҷудогонаи соҳавӣ тасдиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ба сифати ҳуҷҷати умумии тасдиқкунандаи шахсият истифода намудани чунин ҳуҷҷатҳо дар муносибатҳои бонкии дохили ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсад мувофиқ намебошад ва хавфҳои гуногунро ба миён оварда метавонад. Зеро, ҳуҷҷатҳои номбаршуда сатҳи зарурии ҳимоявӣ надошта, дар махзанҳои умумӣ, ягона ва мутамаркази ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ нашудаанд.  

Ҳамин тариқ, банди 13 Дастурамали БМТ №204 ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, он ҳуҷҷатҳоеро пешбинӣ намудааст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи таъинот хислати умумӣ дошта, барои тасдиқи шахсияти тарафи амалиёти бонкӣ низ қобили қабул мебошанд ва барои пешгирии ҳама гуна хафвҳои бонкӣ ва дигар хавфҳо ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо асъори хориҷӣ мусоидат намуда метавонанд.

Бо назардошти маълумоти овардашуда хулоса намудан мумкин аст, ки байни Дастурамали БМТ №204 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” №1097, аз 26.07.с.2014 мухолифат ҷой надорад ва бонкҳои ваколатдори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти интиқолӣ бо асъори хориҷӣ бе кушодани суратҳисоби бонкиро барои шахсони воқеии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Дастурамали БМТ №204 анҷом медиҳанд.

Ба саволи хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” оид ба волияти Қонун ё Дастурамали БМТ, моддаи 84 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро пешниҳод менамоем, ки тибқи он “дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани меъёрҳои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд”.

Шуъбаи матбуоти БМТ

21.05.2018
Посух ба суолҳои хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Хуршед Ховарӣ

1. Ҳаҷми қарзҳо дар бонкҳои кишвар ба ҳолати 31 марти соли 2018 бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) тибқи ҳисоботҳои молиявии онҳо маблағи 8 118,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар ин давра ба 241 125 адад суратҳисобҳои муштариён рост меояд.

Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, зиёд намудани қарздиҳӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пайваста ба ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ тавсия медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат бо фоизҳои нисбатан паст ва пешниҳоди онҳо ба соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта, аз ҷумла баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

2. Пасандозҳои маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 31 марти соли соли 2018 маблағи 9 072,6 млн. сомониро ташкил намуда, ки дар ин давра ба андозаи 2 417 212 адад суратҳисобҳои муштариёни пасандозӣ рост меояд.

Дар баробари ин, илова намудан лозим аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои мукаммал намудани заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзиму назорати низоми бонкӣ ва ҷалби бештари амонатҳои аҳолӣ чораҳои лозима андешида истодааст.

3. Тибқи ҳалномаҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017 аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК "Фононбонк" қонеъ карда шуда, дар бонкҳои мазкур мудирони махсус таъин карда шуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мебошад.

Ғайр аз ин, талаботи ҳар як пасандоздор шахси воқеӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, боқимондаи талаботи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда қонеъ мегарданд.

4. Айни замон қайд кардан зарур аст, ки тибқи ҳисоботҳои мудирони махсус бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо назардошти фоизҳо ба санаи ҳисоботӣ маблағи 277,9 млн. сомониро ташкил медиҳад ва дар ин давра амонатҳо ба маблағи 101,8 млн. сомонӣ (ба 2 279 адад пасандоздор) пардохт карда шудаанд.

Дар доираи ҳисоботҳои молиявӣ қайд кардан зарур аст, ки бақияи қарзҳои ғайрифаъоли низоми бонкӣ ба санаи 31 марти соли 2018 маблағи 2 715,2 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1 338,9 млн. сомонӣ ё 33% кам шудааст.


Шуъбаи матбуоти БМТ

08.12.2017
БМТ ҳамкории мутақобиларо бо низоми пардохтии байналмилалии Visa роҳандозӣ намудааст

Ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” Ибодат Давлатова


Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми пардохти байналмилалии Visa эълон доштанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути тарифҳои байнибонкии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” (Tajikistan National Net Settlement System (TJ NNSS)) роҳандозӣ менамоянд, ки ин иқдом имкон медиҳад, то амалиётҳои кортҳои пардохтии Visa бо пули сомонӣ анҷом дода шаванд.

Ҳамзамон дорандагони кортҳои Visa як қатор бартариятҳоро ба даст меоваранд, гуфтаанд, дар мусоҳибаи ихтисосии худ ба хабарнигорони ҳафтаномаи “Азия-Плюс” мененҷери минтақавӣ дар мамолики Осиёи Марказӣ Галим Табилдиев ва роҳбари гуруҳ оид ба робитаи сохторҳои давлатии ширкати Visa Владислав Радиш.

Мегуфтед, ки феълан роҳандозии ин амалиёт дар кадом сатҳ қарор дорад ва амалӣ гардидани он ба низоми молиявии кишвар чӣ бартарият меорад?

- Бонки миллии Тоҷикистон бо низоми пардохтии байналмилалии Visa ҳамкории мутақобилро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, рушди минбаъдаи хизматрасониҳои пардохтӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 созишномаи дахлдорро бо низоми Visa ба имзо расонида буд. Бастани созишнома бо ширкати мазкур имконият дод, лоиҳаи TJNNSS татбиқ гардида, тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии Visa дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гарданд. Аз моҳи декабри соли 2015 лоиҳаи TJNNSS фаъолият намуда истодааст.

То баста шудани созишнома ва татбиқи лоиҳаи TJNNSS ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa International хориҷ намудани маблағ аз суратҳисоби кортии харидор бо мубодилаи асъор иҷро мегардид. Дар натиҷаи амалиёти мубодилаи асъор фарқияти назаррас байни маблағи ба таври нақд харидшуда ва маблағи бо истифодаи корти пардохтӣ иҷрогардида ба амал меомад, ки ин ҳолат боиси норозигии дорандагони кортҳои пардохтӣ гардида, боварии аҳолиро ба воситаҳои муосири пардохтӣ ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ мерасонд.

Амали созишнома танҳо иҷрои амалиётҳоро ба кортҳои пардохтии Visa фарогир буда, ба амалиётҳои Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” алоқамандӣ надорад.

Зеро, ки душвориҳои дар боло дарҷгардида бо кортҳои пардохтии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ба вуҷуд намеоянд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

08.12.2017
Ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқи тағйир додани қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро надоранд

(Ҷавоб ба саволи хабарнигори Радиои “Озодӣ”  Зарангези Наврӯзшо)


Дар мавриди худдорӣ кардани бонкҳо аз табдили асъор (конвертатция) зимни интиқоли пул мехостем назари Бонки миллиро дошта бошем. Оё ин талаб аз сӯйи бонкҳо дар асоси дастури Бонки миллӣ аст ё иқдоми худсаронаи худи бонкҳо?

- Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба дархости хабарнигори Радиои “Озодӣ” оид ба он, ки ташкилотҳои қарзӣ анҷомдиҳии амалиёти мубодилаи пули миллӣ ва интиқоли минбаъдаи онҳоро бо асъори хориҷӣ ба хориҷа, рад менамоянд, чунин иттилоъ медиҳад.

Тибқи талаботи қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаи анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд амалиёту хизматрасониҳои бонкии ба онҳо иҷозатдодашударо бе ягон маҳдудият, тибқи тартиби муқарраршуда ба муштариён пешниҳод намоянд.

Тартиби анҷомдиҳии амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ бо қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраркардашуда, ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқи тағйир додани онҳоро надоранд.

Ҳар гуна фармон ва амру супориши аз ҷониби саридора, роҳбарият ва масъулини ташкилотҳои қарзӣ оид ба тағйир додани тартиби анҷомдиҳии ин ё он амалиёту хизматрасонии бонкӣ асоси ҳуқуқӣ надоранд ва ғайри қобили амал мебошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин амалияи номатлуб ба ташкилотҳои қарзӣ супориши қатъӣ дода, ворид кардани ҳар гуна тағйиротҳоро ба тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бори дигар манъ кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати такрор кардани ин гуна амалҳо метавонад анҷом додани амалиёти интиқолиро барои ташкилоти қарзӣ маҳдуд ё манъ намояд.     


Шуъбаи матбуоти БМТ

23.10.2017
Дастгирии ташаббусҳои созандаи занҳо дар низоми бонкӣ

(Ҷавоб ба саволи хабарнигори Радиои “Озодӣ”  Мумин Аҳмадӣ)

Бонки миллии Тоҷикистон дар як ҳисоботаш гуфтааст, ки ба хотири баланд шудани мавқеи зан дар низоми бонкӣ дар қиёс ба соли гузашта шумораи кормандони зан дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии бонк Шӯрои бонувон иборат аз панҷ нафар таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз афзоиш додани шумораи занҳо дар бонкҳо ва бештар таъин кардани онҳо дар вазифаҳои хазиначиҳо ва ҳисобчиҳо дар чист?


Қайд намудан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод намуданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.

Мақсади пешниҳод ба хотири он буд, ки дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.

Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.

Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.

Илова бар ин, маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти қудратӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар аксарияти мавридҳо нисбати риояи қонунгузорӣ занҳо масъулияти бештар доранд.

Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, хазинаҳо ва шуъбаҳои муҳосиботӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Ин иқдом дар навбати худ ба вусъат бахшидани фаъолияти бонкӣ ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 аз шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 5286 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми соли 2017 32,0 фоизро ташкил дод. Аз шумораи умумии бонувон миқдори бонувони роҳбарикунанда дар нуҳ моҳи соли 2017 теъдоди 11,1 фоизро ташкил намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат ва соҳибмаърифат афзалияти бештар хоҳад дод.

Шуъбаи матбуоти БМТ

03.10.2017
Мутобиқ кардани терминалҳо ба пулҳои коғазии дорои унсурҳои иловагии ҳимоявидошта

Посух ба суолҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Пайрав Чоршамбиев оид ба пулҳои коғазии намунаи соли 2017, ки бо унсурҳои баланди ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд, аз ҷумла:

Савол: С 31 августа этого года Национальный банк Таджикистана выпустит в обращение новые купюры достоинством в 10, 20, 50 и 100 сомони, которые имеют дополнительные степени защиты. Читатели ИА «Азия-Плюс» жалуются, что платежные  терминалы не принимают эти новые купюры. Хотелось бы узнать, с чем это связано?

Ҷавоб: Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи қабул накардани пулҳои коғазии дорои унсурҳои иловагии ҳимоявидошта (барориши 2017) дар терминалҳои худкори худхизматрасон бо мутахассисони ҶДММ ТАҚХ “Авфар”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” мулоқот гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳтарин ҳаллу фасл намудан ва таъмин кардани қабули пулҳои коғазии дорои унсурҳои иловагии ҳимоявидошта дар терминалҳои худкори худхизматрасон талаб карда шуд.

Тибқи маълумоти ба даст омада, барои таъмин намудани қабули пулҳои коғазии унсурҳои иловагии ҳимоявидошта пулқабулкунакҳои (ридерҳои) терминалҳои худкори худхизматрасон бояд аз нав барномарезӣ карда шуда, параметрҳои банкнотаҳо ба барномаи пулқабулкунакҳо ворид карда шаванд. Тибқи гуфтаҳои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ айни замон таҳвилгарони таъминоти барномавии пулқабулкунакҳо оид ба ин масъала хабардор ҳастанд ва дар муддати кутоҳтарин аз нав барномарезии пулқабулкунакҳоро ба анҷом мерасонанд (дар давоми 2-3 ҳафта).

Шуъбаи матбуоти БМТ

12.06.2017
Амонатҳои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ 1,9 % зиёд шуданд

Посух ба суолҳои хабарнигори радиои “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ


Тибқи хабарҳои дарёфтӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар соли равон ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия додааст, ки қурби фоизи амонатҳоро поён баранд. Ҳадаф аз кам кардани фоизҳои амонатҳо дар чист?


- Вобаста ба тавсияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба паст кардани фоизи амонатҳо қайд менамоем, ки дар ҳақиқат Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия додааст, ки амонатҳоро бо асъори хориҷӣ бо фоизи то 6% қабул намоянд ва он характери тавсиявӣ дошта, ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқ доранд тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” муносибати худро бо мизоҷон дар асоси шартномаи дутарафа ба танзим дароранд.

Ҳадаф аз ирсоли ин тавсия дар он аст, ки ташкилотҳои қарзӣ тавонанд бо ҷалби амонтҳо бо фоизҳои паст, қарзҳоро низ бо фоизҳои паст пешниҳод намуда, бо ин васила талаботҳои барномаҳои давлатӣ оид ба зиёд намудани истеҳсолот дар дохили ҷумҳурӣ, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва иваз намудани молҳои воридотӣ таъмин карда шавад, аз он ҷумла “Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” ва иҷрои бандҳои 2 ва 22 Нақшаи чорабиниҳои барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС, зеро фоизи қарзҳои бонкӣ низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то сатҳи фоизи миёнаи кишварҳои рӯ ба инкишоф поён карда шавад.


Ҳоло фоизи миёнаи амонатҳо дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон чӣ қадар аст?


- Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 30 апрели соли 2017 фоизи миёнаи амонатҳо дар бонкҳо бо пули миллӣ 14,9% ва бо асъори хориҷӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.


Дар соли равон теъдоди амонатҳои муштариён зиёд шудааст ё кам шудааст?


         - Амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 30 апрели соли ҷорӣ 9 380,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба охири соли 2016 ба маблағи 175,9 млн. сомонӣ ё 1,9% зиёд шудааст.  

     

Шуъбаи матбуот

БМТ             

14.04.2017
Посух ба суолҳои хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Шариф Атобуллоев

1.     Вазъи қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ва рубли русӣ; Омилҳои ба ин раванд таъсиррасонанда;


2.     Тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ;


Сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017, чун солҳои қаблӣ, ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфта, тибқи он қурб дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар карда шуда, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои ба таври ғайричашмдошт тағйир ёфтани қурб ва таъсири он ба вазъи бозор дахолат менамояд.


Раванди тағйирёбии қурби сомонӣ дар ин давра дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 бо коҳишёбии давомноки моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ фарқ мекунад.


Чунончи, қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 6,6 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 бошад, 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд бошад, 13,6 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 - 5,7 фоиз) баланд шудааст.     

   

Ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқияти байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз мусоидат карда, барои якбора афзоиш ёфтани талабот ба доллари ИМА ва пеш аз ҳама ба нақдинаи он сабаб шудааст.

Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 7,2 фоиз дар санаи 10.04.с.2017 зиёд шудааст.


Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омада, аҳолӣ ба таври оммавӣ фурӯши асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб карда истодаанд.


Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳои монетарию мавсимӣ талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст.


Бениҳоят зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ва камшавии пешниҳоди он дар бозори дохилӣ яке аз омилҳои асосии пастравии қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА мебошад.


Омилҳои зиёдшавии талабот ба доллари ИМА инҳоянд:


- зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молҳои воридотӣ, бахусус, тухмӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ. Талаботи ҳаррӯзаи субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ;


- зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;


- афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ зарурбуда;


- омили равонӣ ва ҳаннотӣ вобаста ба аз нав ҷоннок шудани фаъолияти ғайрирасмии шахсони воқеии алоҳида дар бозори хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва паҳн кардани овозаю воҳимаҳои бардурӯғ.


Омилҳои камшавии пешниҳоди доллари ИМА инҳоянд:


- дар маҷмӯъ, камшавии вуруди асъори хориҷӣ дар ин давра нисбат ба моҳи декабри соли 2016;    


- ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии маблағҳои пулии бо асъори хориҷӣ аз тамоми манбаъҳо ба ҷумҳурӣ воридшаванда;


- ба маротиб кам шудани пешниҳоди доллари ИМА-и нақд барои фурӯш, ба амонату пасандоз гузоштан ва бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба хориҷа интиқол додан аз ҷониби шахсони воқеӣ.


Бо мақсади кам кардани таъсири ин омилҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:


- меъёри фоизи қарзи бозтамвил аз 11,0 фоиз то ба 16,0 фоиз баланд бардошта шуд;


-бо мақсади кам кардани таъсири ҳаҷми пули дар муомилотбуда, фурӯши сертификатҳои пулии Бонки миллии Тоҷикистон ва асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба роҳ монда шудааст;


- зиёд намудани ҳаҷми барориши коғазҳои қиматнок;


- ҳамарӯза ба фурӯш баровардани асъори ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзӣ;


- фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбати ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиётҳо чораҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд;


- аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон шахсият ва макони нафароне, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, муайян карда шуда, маводҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар минтақаҳо барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд.


- ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо оид ба 208 нафар шахсони воқеӣ маълумот пешниҳод карда шуда, аз ҷониби онҳо нисбати шахсони воқеӣ 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст;


ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо, дастур дода шудааст;


- бо мақсади пешгирии овозаҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ ва чораҳои таъмини суботу устувории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаи Бонки миллӣ, ба аҳолӣ иттилои саривақтӣ ва пурра пешниҳод менамояд.


Шуъбаи матбуоти  
БМТ


08.11.2016
Посух ба саволҳои хабарнигори радиои “Садои Душанбе” Сурайёи Шуҷоат

Саволи 1. Ду сол пеш мардум дар ҳақиқат ба бонкҳо эътимод пайдо намуда буданд, вале миқдори ками пасандозҳо дар бонкҳо гузошта шуда буд. Имрӯз вазъ чӣ гуна аст? 


Посух: Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар диққати хоса дода, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо, уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии мардум ба бонкҳо тавсияҳо медиҳад. Дар баробари ин, фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мунтазам дар маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ” инъикос мегардад. 


Солҳои охир бонкҳои ҷумҳурӣ фаъолияти хешро дар соҳаҳои гуногуни бонкдорӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, амалиётҳои ҳозиразамонаи бонкӣ ба мисли амалиётҳои сейфӣ, ҳамлу нақл, ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пластикӣ ва пардохтҳои электронӣ инкишоф дода истодаанд.


Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдоштаи низоми бонкӣ, қайд кардан зарур аст, ки ба санаи 30 сентябри соли 2016 бақияи пасандозҳои низоми бонкӣ маблағи 9 668,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи 1 454,4 млн. сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд шудааст.


Саволи 2. Мақомоти Бонки миллӣ дар пайи душвориҳои молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ва мушкили пардохти маошу пасандозҳо ба муштариёни ин бонк ваъда дода буд, ки вазъият беҳтар мешавад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бонки дигар «Агроинвестбонк» ҳамтақдири онҳо шуда истодааст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?


Посух: Новобаста аз мушкилиҳои молиявию пардохтпазирии дар низоми бонкӣ ҷойдошта, маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад.


Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ барои бартараф кардани камбудиҳои низоми бонкӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, таъмини шафофияти фаъолияти бонкӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ чораҳои дахлдор андешида истодааст.


Илова бар ин, қайд кардан лозим аст, ки тибқи Протоколи ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми бонкии кишвар аз 8 сентябри соли 2016, №2к/44-22 ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок то имрӯз, якчанд ҷаласаҳои корӣ гузаронида шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти бонкҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик натиҷаи мусбат хоҳанд дод.

Саволи 3. Бархе аз шаҳрвандон як сол пеш аз бонкҳо бо доллар қарз гирифта, бо паст шудани қурби сомонӣ нисбати доллар дар супоридани қарзҳояшон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Оё БМТ барои онҳо ягон имтиёз метавонад пешниҳод кунад?


Посух: Бонки миллии Тоҷикистон бо дастури №07.03-335/306д аз 4-уми сентябри соли 2015 ташкилотҳои қарзиро ӯҳдадор кардааст, ки бо хоҳиши мизоҷон (шахсони воқеӣ) пардохти нақшавии маблағи фоиз ва қарзи асосии қарзҳои бо доллари ИМА гирифтаи онҳоро мутаносибан бо сомонӣ, бо қурби аз қурби хариди бозорӣ баланд набудаи доллари ИМА-и нақдӣ қабул намоянд.


Чораи мазкур дастгирии бевоситаи шаҳрвандон мебошад, зеро ба қарзгирандагон имкон медиҳад, ки қарзҳои бо доллари ИМА гирифтаашонро бо сомонӣ баргардонанд.

Саволи 4. Маблағҳои муҳоҷирон, рублҳои русӣ бо асъори миллӣ дода мешаванд. Ин тасмим то кадом андоза дуруст аст?


Посух: Шуруъ аз 2 феврали соли 2016 тамоми ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки рубли русии интиқолшударо ба сомонӣ мубодила карда ба муштариён пешниҳод намоянд ва 50% маблағҳои интиқолии аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо рубли русӣ ҷамъшуда ҳамарӯза ба бозори байнибонкӣ ба фуруш бароварда шавад. Ин амал имкон дод, ки то ҳадди зарурӣ бозори дохилии асъор бо доллари амрикоӣ таъмин гашта, дар навбати худ қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ бетағйир нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон, то дараҷае сатҳи боварии мардум ба пули миллӣ - сомониро боло низ бурд. 

Саволи 5. Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкиро кӣ ҳимоя мекунад? Мардум баъд аз интизориҳои чандрўза маоши хешро дастрас мекунанд. Чаро?


Посух: БМТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамарӯза тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби муросилотиашон бо пули нақд таъмин гашта, ҳолати мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад. 


Дар робита ба норасоии пули нақд дар бархе аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳолатҳои рухдода хусусияти доимӣ надошта, вобаста ба нуқсонҳои техникӣ, таъмини банкоматҳо бо барқ, таваққуфи нақлиёт дар ҳамлу нақли маблағи нақд ва дигар сабабҳои узрнок ба амал меоянд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд.


Шоистаи зикр аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави мустақил - Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати пеш омадани мушкил ё ҷой доштани камбудиҳо ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, шаҳрвандон метавонанд бо арзу шикоятҳои худ ба шуъбаи мазкур тариқи почтаи электронии “allomushtari@nbt.tj” ва ё ба рақами (44) 600-15-20 муроҷиат намоянд.

Саволи 6. Рушди бозори кортҳои пардохт ва ё ҷорӣ намудани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?


Посух: Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 607 ҳазор корти пардохти бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида дар кишвар ба 2 320 адад расид, ки аз ин миқдор 627 адад терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 693 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд мебошанд. Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ зиёда аз 5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.


Қайд намудан зарур аст, ки иҷрои қарори №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи андоз пурзӯр намудани назоратро вобаста ба насб кардани терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ талаб менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори мазкур бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, раванди насб кардани терминалҳои электрониро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ назорат менамояд.


Тибқи иттилои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, айни замон, барои насб намудан дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ (ПОС-терминал) омода мебошад. Аммо бо сабаби набудани дархост аз тарафи муассисаҳои савдою хизматрасонӣ таҷҳизоти мазкур таҳти истифода қарор надоранд.


Шоистаи зикр аст, моҳи декабри соли 2015, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкориро бо ширкати байналхалқии “Visa International Service Association” ба имзо расонид. Алҳол, тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии “Visa International” дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гардида истодаанд. Бастани чунин созишнома бо низоми пардохтии Mastercard низ амалӣ шуда истодааст.

Саволи 7. Айни ҳол, бонкҳои кишвар чӣ қадар қарз ба мардум пешниҳод кардаанд ва чӣ қадар пасандозҳо дар бонкҳоянд?


Посух: Тибқи омори нишондиҳандаҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба санаи 30 сентябри соли 2016 маблағи 10 558,8 млн. сомонӣ қарз ба муштариён пешниҳод намуданд.


8. Иқтисоди мо то андозае аз кишвари Русия вобастагӣ дорад, аммо дурнамои рушди иқтисоди ин кишвар то ду соли оянда на он қадар хуб аст. Ин ҳолат то чӣ андоза ба иқтисоди мо, бахусус ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад?


Посух: Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, тӯли ду-се соли охир вобаста ба таконҳои берунӣ, аз ҷумла пастравии нархи нафт, лапишҳои қурбӣ ва номуътадилии бахши молиявӣ ҳукмфармо буд, асосан ба нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ таъсири манфии худро расонид. Ҳолати мазкур дар афзудани фишорҳои асъорӣ ва хавфҳои қарзӣ зоҳир ёфта, ба вазъи низоми бонкӣ, имконияти қарзадокунии муштариён, зиёд шудани сатҳи қарзҳои барнагаштаю беэътимод дар баъзе бонкҳо ва саривақт аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон гардида, дар натиҷа ба раванди фаъолияти қарздиҳии онҳо таъсир расонид.


Бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва БМТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар ин самт таҳия намудаи гурӯҳ, барои баромадан аз ин вазъ мусоидат хоҳад кард. 


Новобаста аз равандҳои глобалӣ, сатҳи таваррум дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Шуъбаи матбуоти   
БМТ

03.11.2016
Вокуниш ба мақолаи “Масъулони муҷмал ва қарорҳои мансух” ҳафтаномаи “СССР”, №42 (423) аз 20.10.2016

Коҳиш додани ҳаҷми муомилоти пули нақд ва зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири пардохти электронӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои чакана яке аз ҳадафҳои афзалиятноки бонкҳои марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ зарурияти зиёд намудани ҳиссаи муомилоти пулии ғайринақдӣ ва ташкили муомилоти пулии муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31.12.2014, таҳти №815 Қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”–ро қабул кард.


Тибқи Қарори мазкур муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор уҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар қабули кортҳои пардохтии бонкиро аз шаҳрвандон таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал, муассисаҳои зикргардида бояд ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт ҷиҳозонида шаванд.


Шоистаи зикр аст, ки терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошад, барои насб намудани онҳо бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.


Мутаассифона раванди насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ суст ба роҳ монда шудааст, ки сабаби асосии он ҳавасманд набудани соҳибкорон барои шаффоф гаштани амалиётҳои онҳо ва савияи пасти дониши молиявии аҳолӣ мебошад. Новобаста аз афзоиши назарраси шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ, мутаассифона истифодаи онҳо барои пардохти арзиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳо ночиз боқӣ мондааст, зеро онҳоро  аксарияти дорандагони кортҳои пардохтӣ дар навбати аввал ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Ҳолати мазкур зери таъсири омилҳои гуногуни объектививу субъективӣ ва инфрасохториву меъёрӣ ба вуқуъ омадааст.


Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 607 ҳазор корти пардохти бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида дар кишвар ба 2 320 адад расид, ки аз ин миқдор 627 адад терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 693 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд мебошанд. Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ зиёда аз 5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.


Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 КҲМ ҶТ, барои саркашӣ намудан аз иҷрои уҳдадории таъмини дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули кортҳои пардохтии бонкӣ аз шаҳрвандон, нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад” (КҲМ ҶТ моддаи 615). Муқаррароти мазкур аз 1-уми январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.


Қайд намудан зарур аст, ки иҷрои қарори мазкур аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи андоз пурзӯр намудани назоратро вобаста ба насб кардани терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ талаб менамояд.


Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори мазкур бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, раванди насб кардани терминалҳои электрониро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ назорат менамояд.


Тибқи иттилои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, айни замон, барои насб намудан дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ (ПОС-терминал) омода мебошад. Аммо бо сабаби набудани дархост аз тарафи муассисаҳои савдою хизматрасонӣ таҷҳизоти мазкур таҳти истифода қарор надоранд.


Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”-ро таъмин намуда, барои иштирокчӣ гардидан ба низоми мазкур ва роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти барориш ва хизматрасониҳои кортҳои пардохтӣ ба ташкилотҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Танҳо дар давоми соли 2016 ду ташкилоти қарзӣ (ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚХ “Фардо”) иштирокчии низоми мазкур гардида, барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро роҳандозӣ намуданд.  Инчунин, дархости ду ташкилоти қарзӣ оид ба иштирокчии низоми пардохт гардидан дар равандӣ баррасӣ қарор дорад.


Моҳи декабри соли гузашта, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкориро бо ширкати байналхалқии “Visa International Service Association” ба имзо расонид. Алҳол, тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии “Visa International” дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гардида истодаанд. Бастани чунин созишнома бо низоми пардохтии Mastercard низ амалӣ шуда истодааст.


 Оид ба эроди “Бонкдорӣ 20 сол қафо партофта шуд”


Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ки тӯли ду-се соли охир вобаста ба таконҳои берунӣ, аз ҷумла пастравии нархи нафт, лапишҳои қурбӣ ва номуътадилии бахши молиявӣ ҳукмфармо буд, воқеан ба нишондиҳандаҳои устувории молиявии низоми бонкӣ таъсири манфии худро расонид.


Ҳолати мазкур дар афзудани хавфҳои асъорӣ ва қарзӣ зоҳир ёфта, ба имконияти қарзадокунии муштариён, зиёд шудани сатҳи қарзҳои барнагаштаю беэътимод дар бонкҳо ва саривақт аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон гардида, дар натиҷа ба раванди фаъолияти қарздиҳии онҳо таъсири манфӣ расонид. Зикр намудан ба маврид аст, ки истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ аз вазъияти иқтисодию молиявии кишвар ва аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, беҳтар шудани вазъи иқтисодию молиявӣ таваҷҷуҳи мардумро ба низоми бонкии кишвар зиёд менамояд. Дар ҳамин ҳол, вазъияти имрӯза ва мушкилиҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат пандомез буда, ҷиҳати устувор намудан ва ба талаботҳои рушди ҷомеаву иқтисод ҷавобгӯ гардонидани низоми бонкию молиявии кишварамон моро зарур аст, тадбирҳое андешем, ки дар оянда чунин ҳолатҳои ногувор сар назананд.


Аз дигар ҷониб, новобаста аз мушкилиҳои молиявию пардохтпазирии дар низоми бонкӣ ҷойдошта, бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо, аз ҷумла сиёсати бемасъулият ва хавфноки қарзӣ, идоракунии заифи дороиҳову уҳдадориҳо ва сатҳи пасти саводнокии молиявӣ сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сандуқи қарзии баъзе аз бонкҳо асосан аз қарзҳои бе гарави ба шахсони вобаста додашуда ташкил ёфта, ҳолатҳои бисёри омехта намудани тиҷорати шахсӣ бо фаъолияти бонкӣ ҷой доранд. Ва эродҳоро оид ба  “бемасъулиятии масъулон” ва “70-80% ба таври сунъӣ ва аз ҷониби афроди манфиатдор рӯи кор омадааст” ба самъи роҳбарияти ин бонкҳо тааллуқ дорад, гӯем, хато намекунем.


Айни замон, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ раванди таҳияи механизми комил ва татбиқи чораҳое, ки имконияти пешгирӣ ва бартараф кардани такроршавии таъсири буҳронҳои глобалиро фароҳам меорад, идома дорад.


Бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва Бонки миллии Тоҷикистон  Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Айни ҳол, аз ҷониби Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати барқарор сохтани фаъолияти молиявии онҳо аз рӯи нақшаҳои алоҳидаи таҳрезишуда чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.


Саъю кӯшишҳо пайваста барои гузаронидани ислоҳоти сохторӣ, коҳиш додани осебпазирии низоми молиявию бонкӣ аз таконҳои берунӣ ва баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ дар самти  шаффоф, устувор ва босифат намудани фаъолияти бонкҳо, инкишофи рақобати солим, пурзӯр намудани зерсохторҳои молиявӣ, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати бонкӣ равона гардидаанд. Албатта иҷроиши пурраи ин тадбирҳо, ки ба ҳам алоқаманданд вақти муайянро тақозо намуда, барои гузариши низоми бонкии ҷумҳурӣ ба сатҳ ва марҳилаи сифатан нав бевосита мусоидат менамоянд.


Оид ба эроди “Сомонӣ «деревянный» мешавад”


Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки дар дилхоҳ мақола инъикоси дурусти воқеъият, бахусус рақамҳо аз этика ва кордонии муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, муаллифи мақолаи мазкур ба хато роҳ дода, аз рӯи факту рақамҳои нодуруст хулосабарорӣ менамояд.


Аз ҷумла, дар мавриди гуфтаҳои муаллиф, ки гӯё сармояи чор бонки низомсози кишвар 96 фоизи сармояи бонкҳоро ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳем, ки омори дуруст нисфи рақами овардашударо ташкил намедиҳад.


Инчунин, маълумот дар хусуси гӯё дар ду соли охир “ҳаҷми пули нақди ба муомилот баровардаи БМТ зиёда аз 100% афзоиш ёфта, ба ҳолати имрӯза 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад” куллан нодуруст мебошад. Дар асл, тавре рақамҳои омори расмӣ шаҳодат медиҳанд (http://nbt.tj/tj/statistics/monetary_sector.php), тайи ду соли охир афзоиши ҳаҷми пули нақд дар муомилот 66,2 фоизро, аз 4 842,3 млн. сомонӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2014 то 8 047,8 млн. сомонӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2016, ташкил додааст. Яъне, ба ҳолати имрӯза ба 8,0 млрд. сомонӣ (на ин ки 9,2 млрд.) расидааст ва агар онро ба ҳар як сари аҳолӣ тақсим намоем 931,4 сомонӣ рост меояд. Зиёда аз ин, дар мисоли ИМА низ нишондоди мазкур фарқи зиёд дошта 4321 долл. ИМА (1,4 триллион долл. ИМА пули нақд ва 324 млн. нафар шумораи умумии аҳолӣ)-ро ташкил медиҳад.


Умуман, ҳаҷми пули миллӣ вобаста ба талаботи иқтисодиёт, рушди он ва омилҳои сохторие, ки дар натиҷаи он дедолларикунонии иқтисодиёт, яъне коҳиши гардиши асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии дохилӣ ба вуҷуд меояд, метавонад афзоиш ёбад. Ҳаҷми пул дар асоси таносуби байни молу пул муайян мегардад ва дар ҳолати нодуруст муайян гардидани он, яъне кам будани он ба кам шудани сатҳи монетизатсия (таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ) ва зиёд будани он таваррумро ба вуҷуд меорад.


Ягон бонки марказӣ ҳамчун мақоми танзимкунанда дидаю дониста ба барориши бемавриди пул даст намезанад. Ҳамаи ин равандҳо ба иқтисодиёти мо низ хос буда, таҳти идораи бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва ҳар соату ҳар дақиқа аз болои ҳаҷми пул дар муомилот назорат бурда мешавад.


Агар дуруст таҳлил карда бароем, пули миллӣ қобилияти харидории худро, ки онро метавон танҳо бо тағйирёбии сатҳи нархҳо қиёс кард, гум накардааст. Таваррум, ки сатҳи умумии нархҳоро дар иқтисодиёт нишон медиҳад, дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта шудааст.


Шуъбаи матбуоти  
БМТ


24.10.2016
Низоми бонкдории исломӣ нигоҳи ҷадид ба олами молия аст

Посух ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ”

- Аз қабули қонун дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ ду сол мегузарад. Чаро то имрӯз ягон бонк ва ё ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти бонкдории исломӣ оғоз накардааст?

- Қабл аз ҳама қайд намудан зарур аст, ки бонкдории исломӣ низоми нисбатан нави бонкдорӣ ба шумор рафта, аз бонкдории анъанавӣ куллан фарқ дорад. Ҳанӯз соли 2010 пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” Бонки миллии Тоҷикистон чун нозир ба узвияти Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFCB) пазируфта шуд. Пас аз он, ки 26 июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул гардид, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия ва Индонезияро мавриди омӯзиш қарор дод.
Бо мақсади тезонидани ҷараёни ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ як зумра мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби коршиносони Шӯрои хизматрасонии молиявии Исломӣ (IFSB) ду маротиба семинар дар мавзуи асосҳои бонкдории исломӣ ва стандартҳои асосии IFSB гузаронида шуданд.
Дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ ташкил дода шуд, ки ба он мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои давлатии дахлдор, ассотсиатсияҳои бонкҳо ва ТМХ, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аъзо мебошанд.
Дар ин давраи на чандон тӯлонӣ аз ҷониби гурӯҳи кории мазкур як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия карда шуданд, аммо барои мувофиқ намудани онҳо ба принсипҳои маблағгузории исломӣ ва стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ ва стандартҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) кӯмаку тавсияи коршиносони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ зарур мебошад.
Дар баробари таҳияи санадҳои зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи як барномаи муштарак бо Бонки исломии рушд ҳамкории зичро идома дода истодааст ва дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ коршиносону мушовирони ҷалбшуда ҳамкориро бо БМТ дар навбати аввал аз мутобиқат кунонидан ба стандартҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии Исломӣ (IFSB) оғоз менамоянд.

- Агар дар ин масъала пешравиҳо бошанд, чаро то ҳол бонкҳои исломӣ кушода намешаванд? 

- Тавре пештар қайд кардем, бе заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкилотҳои қарзии исломӣ наметавонанд фаъолияти хешро оғоз намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар асоси муқаррароти қонун ҷараёни баррасии дархост барои гирифтани Иҷозатнома барои гузаронидани амалиётҳои бонкии исломиро оғоз намояд, аммо бе санадҳои асосии танзим ва назорат фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ душвор мешавад. Айни ҳол, лоиҳаи санадҳои асосӣ барои оғози фаъолияти бонкҳои исломӣ таҳия шудааст ва мо интизори мушовирон- коршиносони байналмилалие, ки дар доираи барномаи муштарак бо Бонки Исломии Рушд ба БМТ бояд ташриф биёранд, ҳастем, то мутобиқати санадҳои таҳиягашта ба стандартҳои байналхалқӣ тасдиқ гардад.
Дар ин самт мо дар доираи лоиҳаи грантии Бонки исломии рушд оид ба кӯмаки техникӣ корро аз аввали сол оғоз кардем. Тамоми муқаррароти озмун дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Бонки исломии рушд анҷом дода шуданд. Дар озмун ширкатҳои машваратии байналмилалии дорои таҷрибаи пешқадам дар рушди низоми маблағгузории исломӣ ширкат намуданд ва дар натиҷа ширкати International Shari’ah Research Academy for Islamic Finance (ISRA)-и Малайзия ғолиб дониста шуд. Айни замон, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо ин ширкати машваратии байналмилалӣ таҳия намуда истодааст. Пас аз ба имзо расидани созишнома, раванди татбиқи лоиҳаи мазкур ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ дар кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати мазкур тақвият меёбад.

- Тавре аз рафти сӯҳбат маълум гардид, набудани мутахассисони соҳа дар кишвар мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад. Бигӯед, ки бонки миллӣ баъд аз қабули қонуни бонки исломӣ барои омода кардани мутахассисони соҳа чӣ корҳоро анҷом дод?

- Бонки миллии Тоҷикистон - ҳамчун яке аз муассисаҳои давлатӣ махзани мутахассисони беҳтарин аст, вале азбаски низоми бонкдории исломӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи нав аст, мо танҳо мутахассисони соҳаи бонкдории исломиро надорем. БМТ бо кумаки IFCB як гурӯҳи мутахассисонро ба омӯзиш фаро гирифтааст, аммо бе таҷриба ва амалияи ҳамарӯза мутахассис тайор намешавад. Низоми бонкдорӣ бисёр масъалаҳои нозуке дорад, ки бо онҳо танҳо дар ҷараёни фаъолияти бонкӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Бо назардошти гуфтаҳои боло ва ҳамарӯза аз пайи ислоҳи хатоҳо нашудан мо қарор кардем, ки дар ин масъала ба шитобкорӣ роҳ надиҳем.

- Ба андешаи шумо, роҳандозии бонкдории исломӣ ба ҷалби маблағҳо аз кишварҳои исломӣ кӯмак мекунад?

- Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки тариқи ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ сармояи дохилӣ ва хориҷиро ҷалб намоем. Бовар дорем, ки бонкдории исломӣ ба баланд шудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ кӯмак хоҳад расонид. Аҳолии ҷумҳурии мо 99 дарсад мусалмон мебошанд, молиядории вижаи исломӣ бошад, бо тамоми паҳлуҳояш (аз ҷумла, мамнуъ будани рибо (фоиз) ва ҷоиз будани тиҷорат) яке аз умдатарин арзишҳои эътиқодии мусалмонон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар баробари низоми иқтисодии анъанавӣ ҷорӣ намудани низоми алтернативии иқтисодӣ, яъне низоми молии исломӣ дар шароити имрӯза айни муддао хоҳад буд.
Низоми бонкдории исломӣ ҷалби захираҳои озодро аз шахсони воқеӣ ва бонкҳои исломӣ, инчунин роҳи воқеии кам кардани андозаи изофапулӣ барои қарз ва амонатро дар ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Дар натиҷа меъёрҳои эътиқодиву ахлоқии он шаҳрвандоне, ки истифодаи фоизро қабул надоранд, вайрон карда намешаванд, зеро ҳамаи амалиётҳои вобаста ба маҳсулоти бонкӣ мувофиқи шариат қатъиян риоя мегарданд. Ба ин васила, маблағҳои озоде, ки аз гардиши бонкӣ дур мондаанд, дубора вориди низоми бонкӣ гардида, ба иқтисодиёти кишвар такони мусбат хоҳад дод.
Татбиқи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистонро метавон нигоҳи ҷадид ба олами молия номид. Ташкили ин кор барои ҷалби ҳарчи бештари сармоя аз давлатҳои аъзои Бонки исломии рушд (БИР) мусоидат хоҳад кард, зеро теъдоди хоҳишмандони сармоягузорӣ бар кишварҳое, ки рӯ ба молияи исломӣ овардаанд, нисбатан зиёд мебошад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

08.07.2016
Рушди бозори кортҳои пардохтӣ талаботи замон аст

Посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи

“Ҷумҳурият” Шаҳнозаи Қурбон


1. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва ё ҷорӣ намудани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба кадом хотир пеш гирифта шудааст?


Муомилоти пулӣ аз муомилоти пули нақд (тавассути банкнота ва тангаҳо) ва муомилоти пули ғайринақдӣ (тавассути ҳаракати маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ) иборат буда, дар маҷмӯъ гардиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳои кишварро таъмин менамоянд.


Дар давлатҳои мутараққии дунё ҳиссаи муомилоти пулии ғайринақдӣ мақоми истисноӣ дошта, ба муомилоти пули нақд ҳиссаи ночизи гардиши пул рост меояд (мисол, ин таносуб дар Иттиҳоди Аврупо тақрибан 95,0 ба 5,0 фоиз аст). Дар давлатҳои тараққикунанда аз ҷумла, дар давлатҳои собиқ шӯравӣ бошад, баръакси ин ҳолат мушоҳида гашта, муомилоти пули нақд мақоми афзалиятнокро соҳиб аст. Чунин ҳолат хароҷоти мустақими ғайриистеҳсолии иқтисодиётро ба маротиб зиёд карда, (то як фоизи ММД) ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти ғайрирасмӣ мусоидат менамояд.


Тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидашудаи институтҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва бонкҳои марказӣ таъсири мусбати истифодабарии кортҳои пардохтиро ба рушди иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳад. Натиҷаи ин тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки истифодаи оммавии кортҳои пардохт ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат намудааст.


Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарори дахлдор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро қабул намуд. Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд, ки он дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, 14 майи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гашт. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, хусусан ба моддаи 615 КҲМ ҶТ, барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҷазо муқаррар гардидааст. 


Муқаррароти моддаи 615 КҲМ ҶТ аз 1-уми январи соли 2017 дар тамоми кишвар мавриди амал қарор дода мешавад.


2. Оё минбаъд шаҳрвандон дар баробари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ метавонад бо пули нақд ҳам ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад?


Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ-сомонӣ воситаи қонунии пардохт ба шумор рафта, ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо ҳам ба таври нақдӣ ва ҳам ба таври ғайринақдӣ бе маҳдудият бо пули миллӣ - сомонӣ амалӣ мегарданд.


Дар ҳамин ҳол, рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва такмили ин низоми пардохт дар кишвар яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.


3.То ин дам аз ҷониби бонкҳои ватанӣ чӣ қадар кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварда шудаанд?


Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд.


Ба санаи 1 июни соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 562 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз зиёд мебошад.


4. Айни ҳол, чӣ қадар дастгоҳҳои электронӣ барои пардохтҳо мавриди истифода қарор дода шудааст?


Ба санаи 1 июни соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида ба 2 303 адад расид. Аз ин миқдор 631 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 672 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 26,7% ва 25,5% афзудааст.


5. Дастгоҳҳои терминалҳои электронӣ аз ҳисоби кӣ дар марказҳои хизматрасониву савдо насб мешаванд?


Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб мегарданд. Барои насб намудани терминалҳои электронӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.


6. Оё дар бозорҳо ҳам чунин дастгоҳҳо насб мешаванд?


Тибқи банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, таҳти №815 номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, сохторҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, мушаххас карда шудааст. Тибқи қарори зикргашта, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта ўҳдадор карда шуданд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. 


Хадамоти матбуоти  
БМТ


03.02.2016
Пули миллӣ воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад ва ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ сурат мегиранд

Ҷавоб ба саволҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз тариқи ҳафтаномаи “Нигоҳ” пешниҳод шудаанд


-Шаҳрванде агар аз ҳамсоя ё ягон дӯсту рафиқаш дар Русия 6000 рубли русӣ қарз гирифта бошад, қарзро масалан ҳангоми вохӯрдан дар Ватан дар назди бозор (Бозори марказии шаҳри Исфара) ба шахси қарздиҳанда баргардонад оё ин амал ҷиноят дониста мешавад ва шахси қарзсупоранда ба ҷазои маъмурӣ кашонида мешавад? Агар ба ҷазои маъмурӣ кашонида шавад, мувофиқи қонун маблағи ҷарима чанд нишондодро барои ҳисобҳо дар бар мегирад?


Бо эҳтиром,

Насимҷон Акрамов, сокини шаҳри Исфара


-Қабл аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки тибқи моддаи 155-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат пули миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад ва ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ сурат мегиранд.

Барои муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, тибқи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 20 (аз 400 то 800 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 то 40 (аз 1200 то 1600 сомонӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 12 000 то 16 000 сомонӣ) ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқарар карда шудааст.

Тибқи моддаи 340-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи асъори хориҷӣ, инчунин ҳуҷҷати пардохт бо асъори хориҷӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи уҳдадориҳо мувофиқи ҳолат, тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонун иҷозат дода мешавад.

Уҳдадории пулӣ бояд бо пули миллӣ ифода ва пардохт карда шавад.


-Шаҳрвандоне, ки дар кӯчаву хиёбон ва дар ҷои таъиннашуда барои мубодилаи асъор дастгир мешаванд оё маблағи онҳо тасарруф карда мешавад? Баъди бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор шаҳрвандон дар куҷо метавонанд асъори ғайрро бо сомонӣ иваз намоянд?


Бо эҳтиром,

Саъдӣ Шодиев, сокини шаҳри Душанбе

 

-Шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар кучаву хиёбон ва дар ҷойҳои таъиннашуда барои мубодилаи асъор боздошт мешаванд, тибқи моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 286-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тибқи талаботи банди 10 (а), боби 2-и Дастурамали 211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” шаҳрвандон амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷиро дар муассисаҳои бонки ваколатдор (банди 8-и Дастурамали мазкур), бе маҳдудияти маблағ ва таъинот, бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” анҷом дода метавонанд. Дар ҷойи дигар (берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо) анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.


-Дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шуд. Оё ба ғайр аз ташкилоти "Алиф - сармоя" дар ҳудуди кишвар бонку ташкилотҳои қарзии дигар низ бо низоми бонкии исломӣ хизматрасониҳояшонро ба роҳ мондаанд?

Умуман хизматрасонии бонкии исломӣ аз хизматрасонии низоми бонкии муқаррарӣ чӣ фарқ ва бартарӣ доранд?


Бо эҳтиром,

Нуриддин Сайфуллоев, сокини ноҳияи Шоҳмансур

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” 26 июли соли 2014, таҳти №1108 қабул гардид. Қонуни мазкур заминаҳои асосии ташаккули фаъолияти бонкии исломӣ, стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ ва принсипҳои маблағгузории исломиро муайян менамояд.

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва дар амал ҷорӣ намудани ин тарзи бонкдорӣ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ, ки дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, фаъолият дорад.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Алиф-Сармоя” бо мақсади оғоз намудани фаъолияти бонкии исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост ворид гаштааст ва он мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар айни замон ташкилоти мазкур дорои Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиётҳои бонкии исломӣ намебошад, мутаносибан чунин амалиётҳоро алҳол гузаронида наметавонад.

Фарқияти асосии хизматрасонии ташкилотҳои қарзии исломӣ аз хизматрасонии ташкилотҳои қарзии анъанавӣ дар он аст, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ амалиёти бонкӣ ва аҳдҳоро бо риояи талаботи меъёрҳои фаъолияти бонкии исломӣ ва маҷмӯи қоидаҳое, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ тасдиқ кардааст, анҷом медиҳанд.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


28.09.2015
Амалиёти СВОП, яъне мубодилаи як асъор ба асъори дигар ва баръакс

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Нигинаи Раҳмон


- Амалиёти СВОП чист, лутфан дар бораи он маълумоти муфассал пешниҳод намоед?

- Амалиёти СВОП ин амалиётест, ки аз ду қадам иборат буда, дар қадами аввал мубодилаи як асъор бо асъори дигар амалӣ мегардад, дар қадами дуввум бошад, мубодилаи баръакси ин асъорҳо, бо қурби пешакӣ муқарраршуда, анҷом дода мешавад. Одатан, байни ин ду қадам муҳлати муайян – масалан, як сол – гузошта мешавад.

Барои мисол, фарз мекунем, ки тарафи якум сомонӣ дораду айни ҳол ба юан эҳтиёҷ дорад. Тарафи дуввум бошад, юан дораду ҳамин лаҳза ба сомонӣ эҳтиёҷ дорад. Тарафҳо ба қарор меоянд, ки имрӯз асъорҳои худро бо якдигар мубодила карда, баъд аз як сол, боз баргашта асъорҳои худро аз тариқи мубодила бозпас мегиранд. Қурби мубодилаи имрӯза ва оянда низ пешакӣ муайян карда мешавад.

- Имзои созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой оид ба амалиётҳои СВОП ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҷиҳат муҳим аст ва чӣ гуна манфиат ба бор меоварад?

- Созишномаи СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой 3 сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 3 млрд. юан ё мутаносиби 3 млрд. сомонӣ ба имзо расид. Санади мазкур ба муҳлати 3 сол баста шуда, ҳар сол тамдид карда мешавад.

Амалиёти СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой бо мақсади зиёд кардани захираҳо, баланд бардоштани имкониятҳои содиротӣ, маблағгузории савдо ва дастгирии тавозуни пардохт равона карда мешавад.

- Ҳангоми муайян намудани қурби сомонӣ нисбат ба юани чинӣ кадом нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд? (Аснои ҳисоб намудани қурби сомонӣ нисбат ба юан оё он бо назардошти доллари ИМА муқаррар карда мешавад?)

- Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қурби асъорҳои хориҷӣ нисбати юани Чин бо назардошти қурби доллари ИМА муайян карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ қурби расмии асъорҳои хориҷӣ, аз ҷумла, юани Чин тибқи қоидаҳои муайяннамоии қурби мутақобила (“кросс-курс”) бо истифода аз таносуби қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ва қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори хориҷии дигар, ки аз ҷониби бонкҳои марказии онҳо ва ё бозорҳои асъории ҷаҳонӣ дар ҳамин рӯз муқаррар карда шудаанд, ҳисоб карда мешаванд.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


18.05.2015
Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар бозори байнибонкии асъор ҷоннок карда истодааст

Ҷавоб ба саволҳои сармуҳаррири оҷонсии иттилоотии TojNews 
Абдуазими Абдуваҳҳоб 


   

  - Воридоти маблағ аз хориҷ ба Тоҷикистон дар моҳи апрел чӣ қадарро ташкил дод ва таносуби он нисбат ба моҳи марти соли равон чӣ қадар мебошад? 
     - Тибқи маълумоти фаврии оморӣ дар моҳи апрели соли 2015 ҳаҷми умумии интиқолҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ воридшуда 201,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад. 
     - Дар умум воридоти маблағ аз хориҷ ба Тоҷикистон дар давоми 4 моҳи аввали соли равон чӣ қадарро ташкил дод ва бо асъори кадом кишварҳо ворид шудааст? Дар ҳамин давраи соли гузашта чӣ қадар маблағ ворид шуда буд? 
     -Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 615,6 млн.долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,1 фоиз кам аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи мазкур 934,2 млн.долл.ИМА-ро ташкил дода буд. 
     Қабл аз ҳама, бояд қайд намуд, ки коҳиш ёфтани воридоти интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар ин давра асосан бо сабаби ба буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. 
     Аз ҳаҷми умумии интиқолҳои воридшуда дар чор моҳи аввали соли равон 79,1 фоизро рубли Русия 19,8 фоизро доллари ИМА ва 1,1 фоизро Евро ташкил дод. 
     -Захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон айни ҳол чӣ қадар мебошад? 
     -Ба ҳолати 30 апрели соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллоию асъории Бонки миллии Тоҷикистон 3151,04 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин ба 503,52 млн. долл. ИМА баробар аст. Аз он ҷумла, 2183,72 млн. сомониро тиллои монетарӣ ва 967,32 млн. сомониро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад. 
     -Кӯшишҳои навбатии Бонки миллӣ дар роҳи баровардани сомонӣ аз бӯҳрон чӣ ҳаст? 
     - Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки пули миллӣ ба бӯҳрон дучор намешавад. Бӯҳрон метавонад ба иқтисодиёти кишвар таъсир расонад, пули миллӣ бошад, яке қисматҳои фаъоли иқтисодиёт ба шумор меравад. 
     Коҳишёбии қурби асъори миллӣ нисбати долл. ИМА танҳо хоси ҷумҳурии мо набуда, ин раванд имрӯзҳо аксари пулҳои миллии давлатҳои инкишофёбанда ва мутараққии дунёро фаро гирифтааст. 
     Бо мақсади таҳкими фаъолият ва пурзур кардани назорати фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор чораҳои фаврии маъмурӣ ва ташкилӣ андешида шудаанд. Аз он ҷумла, нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ бояд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд. Ба санаи 15 майи соли равон 355 адади онҳо ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намуданд. 
     Айни замон назорати ҳамарӯзаи бозори нақди асъор ва ҳолати талаботи истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 
     Бонки миллии Тоҷикистон дар кори бозори байнибонкии асъор мунтазам ва фаъолона иштирок намуда, норасоии пешниҳоди асъори хориҷиро тавассути фурӯши он ҷуброн мекунад. 
     Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба анҷом додани пардохти хароҷоти зоирин дар маросими Ҳаҷ-2015 бо пули миллӣ шартнома ба тасвиб расонид. Тибқи санади мазкур зоирин арзиши хароҷоти сафари ҳаҷро танҳо бо сомонӣ пардохт менамоянд. Хароҷоти минбаъдаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути мубодилаи маблағҳои бо сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, таъмин карда мешавад. 
     Ҳамзамон таҳияи як қатор ҷорабиниҳо ва механизмҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории танзими муомилоти пулӣ ва бозори асъор идома дорад. Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва андешидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба эҳтирому гиромидошти пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва риояи талаботи воситаи ягонаи қонунии муомилот дар қаламрави ҷумҳурӣ будани он, таҳияи якчанд барномаю гузоришҳо дар телевизион ва радио ба нақша гирифта шудааст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ 

13.04.2015
БМТ чораҳои заруриро андешида истодааст

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Озодӣ” Фарзон Муҳаммадӣ


   -Иддае аз сокинон ва соҳибкороне, ки 7 моҳ ва ё як сол пеш аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, бо паст шудани қурби сомонӣ нисбати доллар дар супоридани қарзҳояшон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Чанде аз онҳо дар сӯҳбат бо мо зикр доштанд, ки мехоҳанд қарзҳояшонро бо ҳамон қурбе, ки дар вақташ гирифта буданд, бипардозанд. Аммо масъулони бонкҳо низ мегӯянд ба ин тарз гирифтани қарзҳои сокинон зиён меорад, чунки онҳо низ ҳамчун миёнарав бо қурби доллар аз бонкҳои ҷаҳонӣ гирифтаанд. Оё Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт чӣ тадбирҳоро андешидааст ва чӣ имкониятҳоро барои соҳибкорон фароҳам меорад? (Ба андешаи коршиносони иқтисодӣ ин гуна вазъ дар давлатҳои мутараққӣ аз ҳисоби буҷаи давлат бартараф карда мешудааст).
   - Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҳифзи манфиатҳои мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо дастури худ муқаррар намуд, ки аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда мешавад, баланд бошад. (Дастури Бонки миллии Тоҷикистон №081-190/863 аз 20.03. с.2015). Дар баробари ин, талабот ба миён гузошта шудааст, ки қурби асъори хориҷии аз муштариён ва ё аз бозори байнибонкии дохилӣ харидашуда бояд бо қурби на зиёдтар аз қурби хариди он ҷамъ то 1,0 (як) фоиз барои асъори ғайринақдӣ ва то 1,5 (якуним) фоиз барои асъори нақдӣ фурӯхта шавад.
   Ба ғайр аз ин, тибқи Супориши Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2015 мутахассисони идораҳои дахлдори бонк барои санҷиши ҳолати риояи талаботи масъалаи мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ, филиал ва дигар воҳидҳои сохтории онҳо сафарбар карда шуданд. Дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳои талабот нисбати нуқтаҳои мубодилаи асъор чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешаванд.
   -Дар Тоҷикистон чанд бонкҳои қарздиҳанда мавҷуд ҳастанд ва солона тибқи омор бо ҳисоби доллар чӣ қадар маблағ ба тоҷирону сокинон қарз дода мешавад?

   -Дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ дар мачмуъ 138 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 адад бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 42 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 адад ташкилоти қарзии хурд ва 36 адад фондҳои қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои қарзиро доранд.
     Тибқи омори мавҷуда дар соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи 8,444 млн. сомонӣ, аз ҷумла бо пули миллӣ 3,715 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,729 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он барои соҳибкорон 3,472 млн. сомониро ташкил медиҳад.
       Илова бар ин дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1,077 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ба соҳибкорон бошад, 522 2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

18.03.2015
Кормандони бахшҳои хазинавии бонкҳо вазифадоранд ба аломатҳои пулӣ диққат диҳанд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”
Мавзуна Абдуллоева


- Дар бонкҳои Тоҷикистон вақте мардум пулҳои коғазии 100 сомониро барои супоридани маблағи қарзи гирифтаашон ё ягон пардохти дигар пешниҳод менамоянд, хатман онҳоро аз дастгоҳҳои муоинаи пул мегузаронанд, ба хотире ки қалбакӣ набошанд Ба гуфтаи онҳо, феълан дар гардиш 100 сомониҳои қалбакӣ зиёд мебошад. Ин то куҷо ҳақиқат дорад?
- Қабл аз ҳама бояд изҳор намоем, ки тамоми кормандони шуъба ё бахшҳои хазинавии ташкилотҳои қарзӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии амалкунанда ва ӯҳдадориҳои худ вазифадоранд ҳангоми анҷом додани амалиёт бо пули нақд ба аслият ва коршоямии натанҳо 100 сомониҳо, балки ҳамаи арзишҳои номиналии аломатҳои пулӣ диққат диҳанд. Маҳз ба хотири муайян ва ошкор намудани пулҳои қалбакӣ ва корношоям ҷойҳои кории кормандони хазинавии бонкҳои ҷумҳурӣ бо мошинҳои пулшуморӣ ва дастгоҳҳои дигари замонавии дорои сифатҳои муайянкунии аслияти аломатҳои пулӣ, ки хеле гаронарзишанд, муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар ҳақиқат, аз миёнаҳои соли 2014 инҷониб дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ ҳолатҳои алоҳидаи дар гардиши нақд пайдо шудани пулҳои коғазии тақаллубии дорои арзиши 100 сомонӣ ба мушоҳида мерасанд.
- Фарки 100 сомонии калбакӣ аз аслаш дар чист?
- Пулҳои тақаллубӣ аз аслӣ бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд:
- зоҳиран камранг буда, нисбати пули аслӣ каме зардчатоб мебошанд;
- ҳангоми бо ангуштон ламс кардани рӯйи пул барҷастагӣ эҳсос карда намешавад. Дар пули аслӣ бошад, аз ҳисоби чопи металлографӣ дар тамоми навиштаҷот ва тасвирҳои рӯйи пул барҷастагӣ эҳсос мешавад;
-дар қисмати сафедии тарафи чапи пул дар таркиби коғаз аломати обӣ (такрори расми И. Сомонӣ) мавҷуд аст, ки дар муқобили рӯшноӣ ба хубӣ дида мешавад, дар пулҳои қалбакӣ ин аломат бисёр хира ва камранг ба назар мерасад;
- кинеграмма (тасмачаи ҷилодиҳандаи фолгавии амудӣ) дар тарафи рости пул ҷойгир карда шудааст, вале дар қиёс бо пули аслӣ дар ин унсур рамзи Бонки миллии Тоҷикистон – “Сабикаи тилло дар чанголи уқоб” ва навиштаҷоти (резаматн)-и зери он ба осонӣ дида ва хонда намешаванд. Баръакс дар пули аслӣ ин резаматн – “Бонки миллии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баръало хонда мешавад;
- риштаи ҳимоявӣ - тасмачаи борики фолгавии ғуттазананда, дар таркиби коғази пул дар муқобили рӯшноӣ яклухт дида мешавад, дар паси пул аз 6 (шаш) қисм иборат аст. Дар қисматҳои болои пули аслӣ резаҳарфҳои “БМТ” ба шаклҳои чаппаву роста чоп шудаанд. Дар пулҳои қалбакӣ ин резаҳарфҳо фақат дар шакли чаппа тақлид карда шудаанд;
- дар даврачаи сафеди қисмати болои тарафи рости пул (байни тоҷи Исмоили Сомонӣ ва кинеграмма) рамзи Бонки миллии Тоҷикистон қисман дар рӯй ва дар паси пул ҷой дода шудааст. Ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ нигоҳ доштани он, қисматҳои дар рӯй ва паси пул ҷойдошта пайваст мешаванд ва рамз пурра ба назар мерасад. Хатҳои рамз бояд бо ҳамдигар ба пуррагӣ часпида бошанд. Дар пулҳои тақаллубӣ хатҳои рамз нодуруст (болову поён) пайваст мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар матни боло фарқияти чанд унсур баён карда шуд, то ки сокинони кишвар тавонанд бе истифода аз дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои махсус пулҳои қалбакиро аз аслӣ ба осонӣ ҷудо намоянд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар муқоиса бо давлатҳои дигар то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ теъдоди хеле ками пулҳои тақаллубӣ ошкор шудаанд, вале ба ҳар ҳол ин падидаи номатлуб бояд ҳарчи зудтар пешгирӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

06.01.2015
Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат аст

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”

 

     1.Чанд сол аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сабади истеъмолиро муайян намудан чораҷӯиҳо дорад, вале то имрӯз аз натиҷаи корҳои анҷомдода хабаре нест. Сабаби асосии то ҳол муайян нашудани он дар чист? 
     Тибқи банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 №775 “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳои тавсияномаҳои методӣ барои таҳияи Тартиби муайян намудани арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ чораҳои заруриро андешида истодаанд. 

     2.Аслан сабади истеъмолӣ танҳо барои таъмин бо ғизост ё дигар ашёҳои рӯзгорро дар бар мегирад? 
     Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ”, сабади истеъмолӣ - маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи аҳолӣ заруранд, дар бар мегирад. 

     3.Ҳадди ақали зиндагиро дар кадом асос ва чӣ гуна муайян менамоянд? 
     Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохти ҳатмӣ буда, дар асоси Қонуни мазкур ва Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

     4.Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” қабул шудааст. Қонун чӣ талабот дорад ва Шумо барои дар амал татбиқ шудани он чӣ тадбирҳо андешидаед? 
    Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муайян намудани ҳадди ақали зиндагӣ, баҳисобгирии он ҳангоми ба шаҳрвандон таъин кардани кӯмакҳои давлатии иҷтимоӣ, инчунин кафолати давлатии гирифтани даромади ҳадди ақали пулиро дар мавриди татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Муқаррароти ин қонун мустақиман ба доираи салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрӣ дохил намешавад. 

     5.Таркиби сабади истеъмолӣ аз чӣ иборат аст? Иқтисодшиносон дар ин маврид чӣ пешниҳоду дархост доранд? 
     Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Ба сабади истеъмолӣ гурӯҳи молу хизматрасониҳое ворид карда мешавад, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи талаботҳои муҳимтарин зарур мебошад. 
     Маҳсулоти озуқаворӣ (ба 11 гурӯҳ чудо мешавад): нон, маҳсулоти нонӣ, ярмаҳо, лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ, меваҳои тару тоза, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани растанӣ ва дигар маҳсулот. 
    Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ: а) барои истифодаи инфиродӣ: гурӯҳи болопӯш (палто,костюму куртаҳо), тагпӯш, маҳсулоти бофандагӣ, сарпӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ, пойафзол, лавозимоти мактабӣ.б) барои истифодаи умум:лавозимот барои рахти хоб, молҳои зарурии аввалиндараҷа, санитарию доруворӣ, молҳои таъиноти фарҳангию маишӣ ва хоҷагӣ. 
     Ба хизматрасонӣ инҳо дохил мешаванд: манзили зист, гармидиҳӣ, таъмини оби хунуку гарм ва обпарто, таъмини гази табиӣ, қувваи барқ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ. 

     6.Дар муътадил нигоҳ доштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон сабади истеъмолӣ чӣ нақш дорад? 
Сабади истеъмолии расман, дақиқ, саҳеҳ ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодии мардум муайянгардида, метавонад дар ҷараёни татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат талаботи ҳаётан муҳими инсонро аз рӯи меъёри даромадҳо қонеъ гардонида, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро муътадил нигоҳ дорад. 

     7.Ҳангоми муайян кардани сабади истеъмолӣ оё номгӯи анвои ғизоӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофию иқлими минтақаҳои мамлакат ба назар гирифта мешаванд? 
     Тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқаи сабади истеъмолӣ меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақали гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ

15.12.2014
БМТ фаъолияти бонизому устувори бозори дохилии асъорро таъмин менамояд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”

     - Чанд моҳи охир дар ҷумҳурӣ қурби доллар боло рафта, қурби рубли русӣ ҳам рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Бо назардошти ин омилҳо Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ чӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст? 
     - Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти самтҳои асосии дурнамои сиёсати пулию қарзӣ сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи идорашаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ниҳоӣ” асосёфта амалӣ мегардад. 
     Тибқи ин реҷа, қурби асъори миллиро таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол берун тағйир ёфтани ин таносуб ва якбора пасту баланд шудани қурби асъори хориҷӣ ҳуқуқ дорад ба кори бозор бевосита дахолат намояд. 
     Аз ин рӯ, таъмини фаъолияти бонизому устувори бозори дохилии асъор вазифаи ҳамарӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои иҷрои он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
     Аз ҷумла, дар бозори байнибонкӣ тавассути низоми ягонаи электронии савдо талаботи барзиёд ба асъор қонеъ карда мешавад. 

     - Чӣ корҳои пешгирикунандаро бояд анҷом диҳем, ки он устувор монад? 
     - Барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурбӣ андешидани чораҳои дигар, аз қабили зиёд намудани истеҳсоли молҳои босифату дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат зарур аст. Илова бар ин, зарур аст, ки дар сиёсати берунии иқтисодии кишвар, бахусус дар бахши ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар робита ба маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷие, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, қарорҳои марбута қабул карда шаванд. 

     - Ба андешаи Шумо кадом сабабҳо заминагузори беқурбӣ мешаванд? 
     - Пастравии қурби сомонӣ дар бозори нақдӣ дар ин давра зери таъсири омили беруна - буҳрони сиёсию иқтисодӣ, молиявию асъории ҷаҳонӣ ва бад шудани вазъи иқтисодию молиявии шарики асосии савдои хориҷии мо – Россия мебошад. 
     Ин ҳолат ба кам шудани воридоти маблағи умумии интиқолҳои шахсони воқеӣ аз хориҷа, бахусус арзиши долларии он, ки он асосан барои воридот истифода мешавад, сабаб гашта, моҳҳои охир шиддат ёфт. Раванди мазкур сабаби асосии якбора зиёд шудани талабот ба долл.ИМА-и нақд гашта, мувозинати бозори нақдиро барҳам зад. 
     Омили дигари пастравии қурб ин афзоиши устувори ҳаҷми воридоти молу мавод ва кору хизматрасонӣ дар оғози сол ва фарорасии тирамоҳ мебошад. 
     Касри калони манфии тавозуни савдо бо манфӣ шудани бақияи ҳаҷми умумии маблағҳои асъории ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва аз ҷумҳурӣ содиршаванда дар 10 моҳи соли равон сабаб шуд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

20.11.2014
БМТ субот ва пардохтпазирии бозори дохилии асъорро таъмин менамояд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия плюс” М. Абдуллоева

     1.Сабаби яку якбора паст шудани қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА, ки ҳар рӯз мушоҳида мешавад, дар чист? 
     - Дар ҳоли ҳозир дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон аз эътидол берун рафтани қурби асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор одатан ҳассос буда, на танҳо зери таъсири омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои дигар низ қарор доранд, ки онҳо ба талабот ва пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд. 
     Инчунин тағйироту дигаргуниҳое, ки дар минтақа рӯй медиҳанд, бевосита ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсир мерасонанд. 
     Ҳамзамон омилҳои объективии дарозмуддат низ ҳастанд, ки ба иқтисод ва бозори молиявии кишвари мо хос буда, ҳар мавсим талаботи асъори хориҷӣ, аз ҷумла асъори нақдиро афзун намуда пешниҳоди онро коҳиш медиҳанд. 
     Бақияи манфии тавозуни пардохт (2,7 млрд. сомонӣ), ки ба бақияи манфии ҳаҷми вуруду хуруҷи асъори хориҷӣ ва касри он боис гардид, кам шудани ҳаҷми интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ, аз ҷумла бо доллар, афзоиши талаботи мавсимӣ ба доллари ИМА ва камшавии пешниҳоди он, инчунин кам шудани воридоти даромади (мадохилӣ) асъорӣ аз содирот ва ғайра, ба ин омилҳо дохил мешаванд. 
     Соли ҷорӣ вазъ бинобар таъсири тамоюли ҷаҳонии устувор шудани долл. ИМА нисбат ба дигар асъорҳои миллӣ мураккабтар шуд. Ин бештар ба шиддат гирифтани вазъи геосиёсӣ дар ҷаҳон, дар Ховари Миёна, Украина ва Русия, инчунин тағйир ёфтани сиёсати асъории Низоми Захиравии Федералӣ бо мақсади нигоҳ доштани низоми молиявии Амрико робита дорад. 
     2.Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз пастшавии қурби сомонӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳад? 
     -Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари татбиқи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ, инчунин ҳамеша дар бозори асъор иштирок намуда, пардохтпазирӣ ва устувории онро таъмин менамояд. 
     Масалан, аз аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши мунтазами асъорро дар бозори дохилӣ анҷом медиҳад. Ин чораҳо имкон медиҳанд, ки талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ баробар карда шуда, суботи бозор ва қурб низ мувофиқан таъмин гардад. 
     3.Оё Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба бозори асъор мудохила анҷом медиҳад ва бонк барои ин маблағи зарурӣ дар ихтиёр дорад? 
     - Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ барои ба эътидол овардани тағйирёбии қурб ва талабот ба асъори хориҷӣ ба бозори дохилӣ дахолат намуда, ба ин васила субот ва пардохтпазирии онро таъмин мекунад. 
     Барои ин ҳамаи василаву фишангҳо мавҷуд аст. 
     4.Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикстон чӣ қадар аст? 
     - Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон афзоиш ёфта, динамикаи рушди устувор дорад. Рушди солонаи он бо дар назардошти тағйиротҳои охир 10-12%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 14 ноябри соли ҷорӣ захираи тиллову асъори БМТ 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад ва ҳар моҳ тақрибан ба миқдори 27-35 млн. долл. ИМА афзоиш меёбад. 
     5.Тибқи дурнамо қурби доллар мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” набояд аз 5 сомонӣ барои 1 долл. ИМА зиёд шавад. Шумо инро чӣ тавр шарҳ медиҳед? 
     - Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки дар Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” қурби доллар танҳо ҳамчун қурби ҳисоббаробарӣ барои пешгӯии нишондиҳандаҳои асосӣ истифода мешавад. 
     Ҳамзамон, бо баробари татбиқи ин Қонун, ки як сол пеш тартиб дода мешавад, қурби асъори хориҷӣ (дар ин ҳолат доллари ИМА) вобаста ба вазъу шароити бозори давраи ҷорӣ муқаррар мегардад. Масалан, қайд бояд намуд, ки дар гузашта давраҳое низ буданд, ки қурби ҷорӣ аз қурби ҳисоббаробарӣ пасттар ё баландтар муқаррар шуда буд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

04.11.2014
Боварии аҳолӣ ба бонкҳо зиёд шуда истодааст

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Садои Душанбе” М. Исматулло вобаста ба мавзӯи “Мавқеи қарзи бонкӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорон ва таъминоти маишии аҳолӣ, роҳҳои босамар истифода бурдани он”

     -Қарзи бонкӣ дар рушди фаъолияти рӯзмарраи аҳолӣ чӣ мавқеъ дорад?! 
     - Маъмулан қарзҳо аз тарафи бонкҳо бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва қонеъ намудани зарурати истемолкунандагон равона карда мешаванд. Масалан, қарз ба қарзгирон бо мақсади кумак намудан дар беҳтар кардани шароити манзилии қисми фаъоли аҳолӣ, барои таълимгирии ҷавонон, ки дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бо мақсади пур кардани воситаҳои гардон, харидан ва навкунии воситаҳои асосӣ, васеъ намудани майдонҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ; парвариши маҳсулоти кишоварзӣ; дастгирии тиҷорати соҳибкорони хурд ва миёна ва ғайра дода мешавад. 
     - Чӣ гуна мо метавонем бозори қарзии мамлакатро рушд диҳем ва бо кадом роҳҳо муштариёнро метавонем барои гирифтани қарз аз бонкҳо барои пешбурди фаъолияти худ ҷалб намоем?! 
     - Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид баҳри рушди қарздиҳӣ ва паст намудани фоизи қарзии бонкӣ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар намуда, меъёри захираҳои ҳатмиро барои амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан то 5 ва 7% паст кардааст. 
     Бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 30 сентябри соли равон 9 044,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла бонкҳо 7 350,3 млн. сомониро ташкил намуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба охири соли гузашта барои ташкилотҳои қарзӣ 1 645,7 млн. сомонӣ ё 22,2%, аз ҷумла бонкҳо 1 329,2 млн. сомонӣ ё 22,1% зиёд шудааст. Бояд қайд намуд, ки бонкҳо асосан ба соҳаҳои соҳибкории хурду миёна ва тиҷоратӣ маблағгузорӣ кардаанд. 
     Яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои қарзии бонкҳо ин пасандозҳои аҳолӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки солҳои охир бонкҳои ҷумҳурӣ фаъолияти хешро дар бахшҳои гуногуни бонкдорӣ ҷоннок намуда, ба афзудани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ноил гардиданд. Муҳимтар аз ҳама сол то сол боварии аҳолӣ ба бонкҳо зиёд шуда истодааст. Дар ин ҷода барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳандаҳои боло имконияту захираҳои истифоданашуда зиёданд, зеро то ҳол як қисми аҳолӣ бо бонкҳо ҳамкории зич надоранд. Бонкҳо дар ин самт кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин қисми аҳолиро бо пешниҳоди ҳамкориҳои судманд ба худ ҷалб намоянд. 
     Албатта, ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои зиёд намудани захираҳои қарзӣ дар бонкҳо ва гирифтани қарз аз тарафи муштариён чӣ бояд кард? 
    -бонкҳоро зарур аст, ки бо воситаи барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо фаъолияти ташвиқотии худро боз ҳам ривоҷу равнақ диҳанд; 
     -амалиёти Интернет-банкинг дар бонкҳо ба таври васеъ истифода шавад, зеро ин амал ба ҷалби бештари муштариёни нав мусоидат менамояд; -ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки шаклу усулҳои амалиётҳои нави бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ ва мобайл-банкингро дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҷорӣ намоянд; 
     -ба воситаи намояндагиҳои бонкҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия бо ҳамватанони бурунмарзӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати ҷалби пасандозҳо, истифодаи кортҳои пардохти бонкӣ, намуди қарзҳо, интиқоли пул тавассути низомҳои байналмилалӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро пеш баранд; 
     -рушди соҳаи кортҳои пардохти бонкӣ яке аз омилҳои инкишофи низоми молиявӣ буда, дар шаффофтар гардонидани иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Вақте ҳаҷми пардохтҳои электронӣ тавассути кортҳои пардохтӣ зиёд мешавад, шаффофият дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин гашта, маблағҳои бештар ба ҳисобҳои бонкӣ ҷалб мегардад; 
     -фароҳам овардани шароит барои ҷалби маблағҳо ва дар ин замина манзур доштани фоизҳои ҷоиз аз рӯи амонатҳо зарур аст. 
     Васеъ намудани ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилот боиси зиёд шудани маблағҳо дар ҳисобҳои бонкӣ мегардад ва ин дар навбати худ ба бонкҳо имконият медиҳад, ки маблағҳои ҷамъшударо дар муҳлатҳои муайян истифода баранд. 
     Яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва захираҳои қарзӣ метавонад аз сатҳи начандон баланди сатҳи дониши молиявии мардум вобастагӣ дошта бошад. Вобаста ба ин, баланд бардоштани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми бонкӣ ва дониши молиявии аҳолӣ бевосита ба густариши боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад ва ин омил дар навбати худ ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат шароит муҳайё месозад. Маҳз бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. 
     Сарчашмаи дигари зиёд намудани захираҳои қарзӣ, ин ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ мебошад ва дар айни замон бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ баҳри густариш додани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ- Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки Аврупоии таҷдиду инкишоф ҷиҳати бештар ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. 
     Бояд қайд кард, ки рушди соҳибкорӣ ва фароҳамории фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва пешрафти рӯзафзуни иқтисодии бахши хусусӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
     -Ҳангоме ки муштарӣ аз ношаффофии кори бонки қарздиҳанда (эксперти қарзӣ) ба БМТ, аз кори он ба монанди пас аз гирифтани қарз, ҳангоми истифодаи автомобили ба гарав гузоштаи мизоҷ бе иҷозати он, кам баромадани вазни тиллои ба гаравгузошта пас аз буд шудани муҳлати қарзи гирифтааш, талаб кардани маблағи зиёдатӣ аз ҷониби эксперти қарзӣ дар ҷараёни фоиз пардохткунӣ қарзи гирифтааш БМТ чӣ гуна ҷарима нисбати бонки аз болояш шикоятомада, дар сурати дақиқ баромадани ҳолатҳои дар боло зикршуда ҷорӣ менамояд? Ва ҳамин гуна шикоят ба унвонии ягон бонки кишвар аз тарафи мизоҷон (қарзгирандагон) омадааст? 
     - Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои ташкилоти қарзӣ бо муштарӣ оид ба додани қарз ва баргардонидани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома, Дастурамали №186 “Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар бонкҳо” ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзӣ вобаста ба қарздиҳӣ танзим карда мешавад. Ҳангоми бастани шартномаи қарзӣ дар он ҳамаи шартҳое, ки мувофиқи онҳо қарз дода мешавад, пешбинӣ мегарданд. Тибқи банди 15-и Дастурамали мазкур, ташкилоти қарзӣ қабл аз пешниҳоди қарз ба муштарӣ (то ба имзо расонидани шартномаи қарзӣ), бо таври хаттӣ маълумот дар бораи ҳамаи намудҳои қарзҳои додашаванда, шартҳои қарз, шартҳои пардохт (муҳлатҳои воқеии пардохти қарзи асосӣ ва фоиз), арзиши умумии қарз, намудҳои таъминоти қабулшаванда ва ғайраро пешниҳод менамояд. Дар мавриди аз ҷониби ин ё он бонк истифода бурдани автомобили ба гаравгузоштаи муштарӣ бе иҷозати он, изҳор менамоем, ки ин амал бояд дар шартҳои банди шартномаи қарзӣ нишон дода шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани ин гуна шартҳо муштарӣ метавонад аз болои ин ташкилоти қарзӣ ба суд муроҷиат намояд. 
     Инчунин бояд қайд намуд, ки ташкилоти қарзӣ дар асоси санадҳои меъёрии дохилии худ фаъолият менамоянд. Санадҳои меъёрии дохилии бонкҳо, ки тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи онро танзим менамояд, бо назардошти талаботҳои қонунгузорӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Агар амалиёти қарздиҳӣ бе риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда бошад, нисбати ташкилоти қарзӣ як ё якчанд чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” муқаррар шудаанд, татбиқ карда мешавад. 
     Ба диққати Шумо мерасонем, ки то имрӯз ягон шикояте бо мазмуни дар саволи боло дарҷшуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид нашудааст. 
     - Ҳаҷми қарзҳои додашуда аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ дар соли 2014 чӣ қадарро ташкил медиҳад? Ва онҳо кадом намуди қарзҳоро ташкил медиҳад? Онҳо бештар ба кадом мақсад гирифта шудаанд? 
     - Дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 аз тарафи бонкҳои ҷумҳурӣ ба муштариён 5,1 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 912 млн. сомонӣ ё 21,8% зиёд мебошад. Қарзҳо асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ (12%), саноат (10,2%), сохтмон (19,1%), нақлиёт (6,1%), хӯроки ҷамъиятӣ (0,4%), хизматрасонӣ (3,9%), савдои хориҷӣ (25,1%), миёнаравии молиявӣ (1,1%), истеъмолот (15,1%) ва ба дигар соҳаҳо (7%) равона карда шудаанд. 
     -Бонки миллии Тоҷикистон аз болои бонкҳои дар кишвар буда чӣ гуна назорат мебарад? 
     - Ҳар даҳрӯза ва ҳар моҳ бонкҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ пешниҳод менамоянд ва дар асоси ин ҳисоботҳо назорати фосилавӣ бурда мешавад. Ҳар семоҳа аз тарафи кормандони Департаменти назорати бонкӣ дар асоси ҳисоботи молиявии бонкҳо таҳлили фаъолияти молиявӣ-иқтисодии бонкҳо гузаронида мешаванд ва ба онҳо барои саривақт бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳо, аз ҷумла тавсияҳо оид ба роҳи дурусти идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо дода мешаванд. 
     Ҳамзамон барои муайян намудани ҳолати воқеии молиявии бонкҳо аз тарафи Департамент назорати бонкии БМТ тибқи нақша санҷишҳои ҳамаҷониба ва дар ҳолатҳои зарурӣ санҷишҳои мавзӯй гузаронида мешаванд. Пас аз гузаронидани ин гуна санҷишҳо бонкҳо Нақшаи чорабиниҳоро барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида таҳия ва пешниҳод менамоянд. Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба Шӯрои нозирони бонкҳо оид ба хавфҳои дар ташкилотҳои қарзиашон ҷойдошта маълумотҳои заруриро барои иҷро ва назорат ирсол мекунад. 
     Бонкҳо дар робита ба иҷрои талаботҳои Дастурамали №181 “Дар бораи талабот оид ба мавҷудияти низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар бонкҳо” ҳар сол ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд. 
     - Бонки фаъолтарини кишвар аз лиҳози додани қарз ба мизоҷон (шаҳрвандони Тоҷикистон) кадом аст? 
     - Бояд қайд кард, ки аксари бонкҳо дар додани қарзҳо нақши муҳим мебозанд. Саҳми бонкҳои фаъолтарини кишвар дар ҳаҷми умумии қарзҳо ба санаи 30 сентябри соли 2014 чунин аст: ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 26,35%, ҶСК “Агроинвестбонк” 20,16%, ҶСК “Ориёнбонк” 14,19%, ҶСК “Бонки Эсхата” 11,75%, БДА ҶТ “Амонатбонк” 7,84%, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” 3,69, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” 4%, ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” 1,31%. 
     - Соҳаи кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, роҳбари давлат ҳангоми вохӯриҳояш бо кормандону фаъолони ин соҳа пайваста таъкид мекунад, ки ба кишоварзон-деҳқонон бо фоизҳои нисбатан паст қарз дода шавад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шудааст? Маблағи қарзҳои ба соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби бонкҳо додашуда дар 3-соли охир чӣ қадар аст ва ба кадом минтақаҳои ҷумҳурӣ бештар дода шудааст?! 
     - Аз ҷониби бонкҳо ба соҳаи кишоварзӣ дар давоми солҳои 2012 – 5,6 млрд. сомонӣ, 2013 – 6,6 млрд. сомонӣ ва 2014 (январ-август ) – 5,1 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми асосии ин гуна қарзҳо бештар ба минтақаҳои зерин: шаҳрҳои Душанбе, Курғонтеппа, ноҳияҳои Восеъ, Мастҷоҳ, Хуҷанд, Ғончӣ, Зафаробод, Бохтар, Вахш ва Ашт пешниҳод гардиданд. 
     Дар айни замон аз тарафи бонкҳо қарзҳо то 1 сола бо фоизи миёна бо пули миллӣ – 26,51% ва бо асъори хориҷӣ – 25,81% пешниҳод карда мешаванд. 
    - Чӣ қадар қарзҳое, ки ба кишоварзон аз ҷониби бонкҳо дода шуда буд, баргардонида нашудааст ва онҳо ба кадом гуруҳи қарзҳо дохил шудаанд? 
     - Дар санаи 30 сентябри соли 2014 бақияи қарзҳои саривақт пардохтнашудаи соҳаи кишоварзӣ 41,6 млн. сомониро ташкил дод ва қарзҳои мазкур ба гурӯҳи қарзҳои мушкилотдор тааллуқ доранд. 
     - Бисёр иқтисоддонон дар кишвар аз баланд будани фоизҳои қарзи бонкӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва яке аз омилҳои кам таваҷҷуҳ намудани кишоварзону соҳибкоронро оиди гирифтани қарз аз бонкҳо дар баланд будани фоиз арзёбӣ мекунанд! То куҷо ин андеша ҳақиқат дорад?! 
     - Оид ба масъалаи мазкур, қайд кардан зарур аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси фоизҳо ва муҳлатҳои пасандозҳои ҷалбшуда ва бо мақсади гирифтани фоида ба муштариён қарз пешниҳод менамоянд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши заминаи андозбандӣ ва ғанӣ гардидани буҷет мусоидат менамояд. 
     Айни замон, дар низоми бонкӣ фоизи миёнаи пасандозҳо 15,76% ва фоизи миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ – 26,51% ва бо асъори хориҷӣ – 25,81% буда, асосан муҳлати миёнаи онҳо аз 6 моҳ то 1 солро ташкил медиҳад. 
     Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки барои таъмини мувофиқати муҳлати захираҳои қарзии ҷалбшуда ва ҷойгиркунии онҳо, ки омили пешгирии ба хавфи пардохтпазирӣ дучор шудани бонкҳо мебошад, бонкҳо имкон надоранд, ки бо фоизи аз арзиши пасандозҳои ҷалбнамуда пасттар ва муҳлати дарозтар ба муштариён қарз пешниҳод намоянд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

03.09.2014
Таҷрибаи пешқадами Аврупо, ИМА, Россия ва Хитой истифода хоҳад шуд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори оҷонсии “Рейтер” Роман Кожевников 

     - Ба андешаи Шумо, кадом бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода ва ё ҳавасманданд, ки бо маҳсулотҳои бонкдории исломӣ кор кунанд? 
     Тавре Шумо огоҳ ҳастед, бо мақсади амалӣ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “Zaid Ibrohim & Co” (Малайзия) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро таҳия намуд ва он 14 майи соли равон аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон қабул гардид. 
     Дар ҷумҳурӣ талабот ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёт бузург мебошад ва интизорӣ меравад, ки бонкдории исломӣ ба васеъ кардани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард. 
     Дар мавриди ҳавасмандии ташкилотҳои қарзӣ метавон гуфт, ки қисми зиёди бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши кор кардан бо маҳсулотҳои бонкдории исломиро доранд. 
     Илова бар ин, Гуруҳи кории БМТ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ва татбиқи меъёрҳои бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад. 
     Дар айни замон, ҶСК “Агроинвестбонк” тибқи созишномаи маблағгузорӣ бо Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, ки 5 июли соли 2007 баста шудааст, як намуди амалиёти хизматрасонии “Мурабаҳа”-ро гузаронида истодааст. 
     - Бонки миллӣ барои ҷалби маблағҳои қарзӣ ё ворид шудани бонкҳои Шарқи наздик ба бозори Тоҷикистон, ки ба рушди бонкдории исломӣ ҳавасманд ҳастанд, мусоидат мекунад? То имрӯз пешниҳоду дархостҳо ба Тоҷикистон ворид шудааст? 
     Бонки миллии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкдории исломӣ” буд ва айни замон барои омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ кор бурда истодааст.Қабули тағйироту иловаҳо ба ин санадҳо барои ташкили механизми танзими бонкдории исломӣ мусоидат хоҳад кард. 
     Бо назардошти таҷрибаи пешқадами аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Хитой, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналхалқӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ба иқтисодиёти кишвар идома медиҳанд. 
     - Оё Тоҷикистон мисли Қазоқистон барориши вомбаргҳои исломиро ба нақша мегирад? 
Баррасии масъалаи барориши вомбаргҳои исломӣ танҳо дар сурати таъсис ёфтани бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон ё “равзанаи исломӣ” дар ташкилотҳои қарзии амалкунанда, имконпазир мегардад. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

26.08.2014
Муаллифони мақолаҳо маълумотҳои кӯҳнаи солҳои гузаштаро истифода бурдаанд

Посухи мухтасар ба мақолаҳои хабарнигорони сомонаҳои “Озодӣ” ва “Азия- плюс” оиди дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои хатарнок дар самти пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

     Қабл аз ҳама бояд рӯшанӣ андозем, ки муаллифони нашрияҳои номбурда ҳангоми омӯзиши масъалаҳои мазкур маълумотҳои аллакай куҳнашудаи солҳои 2011-2012 –ро мавриди таҳлил қарор додаанд. 
     Воқеъан, дар он солҳо қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) пурра мутобиқ набуданд ва ҷараёни мутобиқгардонии онҳо шуруъ шуда буд. Дар давоми солҳои 2013-2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зиёдеро андешид ва қонунугзории хешро пурра ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуд. 
     Хотиррасон менамоем, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи 20 Пленарии Гурӯҳи Евросиё ҷараёни рушди низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода баррасӣ гардид ва бо назардошти корҳои анҷомдода тибқи изҳороти умумии ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд. 
     Ҳамзамон, Котиботи ФАТФ дар ҷаласаи навбатии худ, ки моҳи июни соли равон баргузор намуда буд, ин комёбии ҷумҳуриро оиди ҷамъбасти рушди низоми мазкур тасдиқ кард ва хулосаи хешро барои баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин ҷода эълон намуд. 
     Ба диққати хонандагони гиромӣ мерасонем, ки хулосаи ин созмонҳо дар бораи рушди низоми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии онҳо www.eurasiangroup.org ва www.fatf-gafi.org нашр гардидааст. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

19.08.2014
Сабабҳои аз кор рафтани мутахассисон зиёданд

Ҷавоб ба саволи хабарнигори Оҷонсии иттилоотии TojNews Муллораҷаб Юсуфӣ

     - Чунин маълумот расид, ки якчанд мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон аз вазифаҳояшон истеъфо додаанд. Сабаби истеъфои онҳо дар чист? 
     Дар ибтидо бояд гӯем, ки сабабҳои аз кор рафтани мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зиёданд. 
     Дар маҷмӯъ, дар 7 моҳи соли равон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 106 нафар корманд бо сабабҳои гуногун аз кор рафтанд. Сабабҳои асосии он чунинанд:
     1.Аксарияти кормандон мутобиқи моддаи 45 Кодекси меҳнати ҶТ, бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. 
     2.Қисме аз кормандон дар чорчубаи талаботи қонунгузорӣ оиди мубориза бар зидди хешутаборчигӣ, ошнобозӣ, маҳалчигӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз кор рафтанд. 
     3.Як зумраи дигари кормандон бинобар амалӣ намудани тартиби ҷойивазкунии кормандон дар низоми бонкӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон аз кор озод ва ба вазифаҳои дигари масъул таъин гардиданд. 
     4.Ҳамчунин шумораи муайяни мутахассисон, бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз кор рафтанд. 
     5. Илова бар ин мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонк дар бисёр мавридҳо барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ба низоми бонкии кишвар, яъне ба дигар ташкилотҳои қарзӣ сафарбар карда мешаванд. Барои мисол, баъзе мутахассисоне, ки сатҳи баланди дониш доранду дар вазифаи худ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, аз ташкилотҳои қарзи дар маҳал мавҷудбуда барои идомаи кор ба Сарбонк даъват карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчунин мутахассисҳои баландихтисоси Сарбонк барои дастгирии бонкҳои маҳаллӣ ва табодули таҷриба ба шуъбаҳои бонкҳо сафарбар карда мешаванд ва ин таҷриба натиҷаҳои хуб дода истодааст. 
     Ба ғайр аз ин, барои тарки вазифа ё ҷойи кор намудан метавонад сабабҳои дигар низ, аз қабили иваз намудани маҳали зист, тағйири вазифа ва ё касб, таъин шудан ба вазифаҳои баландтар дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ғайра вуҷуд дошта бошанд. 
     Қайд кардан зарур аст, ки раванди ҷойивазкунии кормандон на танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, балки дар низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дар БДА “Амонатбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” шуруъ шуда, айни замон давом дорад. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ

13.08.2014
Изҳороти мазкур асос надорад

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори “Озодӣ” Мирзонабии Холиқзод

     - Оё иддаои вазири нафти Ирон Бежан Номдор Зангина дар мавриди ба Тоҷикистон интиқол дода шудани "ду миллиарду 700 миллион доллар дуруст аст? 
   
- Агар нодуруст бошад далелаш чӣ аст? 

     Изҳороти мазкур, агар воқеан ҳам ӯ чунин гуфта бошад, асос надорад, зеро ташкилоти қарзии тобеъ ба Бобаки Занҷонӣ (ҶСП БС “Конт”) дар он давра то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дорад. 
     Аз ҷумла, дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи ИМА №13382, аз 11.04.с.2013, хизматрасонии интиқолҳо ба ва аз ҷониби ташкилоти мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст. 
     Ҳамчунин, то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин ташкилот аз ҳуқуқи кушодани филиал маҳрум карда шуда, амалиёти ҳисобҳои муросилотиаш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ғайр аз пардохтҳои андоз ба буҷети давлатӣ манъ карда шудаанд. 
     Аз ин лиҳоз, дар шарҳи ин ҳолат шояд иштибоҳе мавҷуд бошад, зеро ҳайати Бонки марказии Эрон махсус барои таҳлили ин масъала ташриф оварда буданд, оид ба мавҷуд набудан ва интиқол нагардидани маблағҳои зикршуда боварӣ ҳосил намуданд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ 

17.07.2014
БМТ танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун рафтани қурби асъор ба бозори асъорӣ дахолат менамояд

Ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода роҳбари Хадамоти матбуоти БМТ  Абдуғаффор Қурбонов ҷавоб медиҳад 

1. Рӯз ба рӯз қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон майл ба
болоравӣ дорад. Сабаб чист? Минбаъд агар чунин ҳолат идома ёбад, магар қурби сомонӣ паст намешавад?
- Тағйирёбии қурби асъор ҳолати муқаррарии ҳама гуна иқтисодиёт
буда, ҳар лаҳза дар тамоми бозорҳои дунё метавонад ба вуқӯъ пайвандад. Чизи асосӣ ва ҳалкунанда дар сиёсати қурбӣ ин таъмини  тағйирёбии муътадили қурб аст. Реҷаи расман қабулшудаи қурби сомонӣ, реҷаи “шинокунандаи  танзимшаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ин шинокунӣ” буда, тибқи он қурби сомонӣ аз рӯи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ  муқаррар  карда мешавад.
Зиёдшавии талабот ба асъори хориҷии нақд дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ асосан аз ҳисоби кам гардидани ҳаҷми содирот ва интиқолҳои пулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, зиёд гардидани ҳаҷми молу маводи аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридгардида, омилҳои мавсимӣ ва вобаста ба таъсири равандҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ якбора паст фаромадани қурби асъорҳои миллии давлатҳои шарикони асосии савдои хориҷӣ ба вуқуъ пайваст (Тибқи маълумоти бонкҳои марказии ин кишварҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ асъори миллии Ҷумҳурии Қазоқистон 19,1 фоиз, Қирғизистон 5,8 фоиз, Узбекистон 3,5 фоиз, Федератсияи Русия 6,0 фоиз, Белорус 6,0 фоиз, Украина 41,7 фоиз, Арманистон 2,1 фоиз, Гурҷистон 2,1 фоиз, Эрон 3,3 фоиз, Чин 0,9 фоиз ва Евро 1,1 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтанд).
Бо кам шудани таъсири омилҳои номбурда ва чораҳои фаврии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешида, қурби асъори нақди хориҷӣ дар охири моҳи июн ба эътидол омада, аз 5, 15 сомонӣ барои 1 долл. ИМА то ба 5,04 сомонӣ барои 1 долл. ИМА паст фаромад.
 
2. Устувор будани пули миллӣ ба устувории иқтисодиёти мамлакат  вобаста аст. Мегуфтед, ки имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои устувор нигоҳ доштани пули миллӣ чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад?
- Дарвоқеъ, чун пешрафти иқтисодиёти кишвар дар асоси принсипҳо
ва меъёрҳои бозорӣ амалӣ мегардад, устувории қурби пули миллӣ бо устувории иқтисодиёт алоқамандии зич дорад. Бояд қайд намуд, ки устувории пули миллӣ аз якчанд омилҳо, ба монанди шароити иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон, вазъи макроиқтисодӣ, боварии аҳолӣ ва муҳимтар аз ин сатҳи истеҳсолоти дохилӣ вобастагии зиёд дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, барои боздоштани болоравии сатҳи таваррум, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар муомилот, устуворӣ ва фаъолияти босамари низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун рафтани қурби асъор Бонки миллии Тоҷикистон ба бозори асъорӣ дахолат намуда, бо истифода аз сиёсати фоизӣ, захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод ва дахолатҳои асъорӣ таносуби талабот ва пешниҳоди асъорро танзим менамояд. Бо ин максад Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар бозори дохилии асъор дахолатҳои бевоситаи асъорӣ дар бозори байнибонкии асъор амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷиро анҷом дод.
 
3. Коршиносони масоили бонкдорӣ бар он назаранд, ки онҳое, ки  ки имрӯз дар сари идора кардани пул нишастаанд, барои муътадил нигоҳ доштани асъори дохил ва хориҷи кишвар кори назаррасеро ба анҷом намерасонанд. Шумо чӣ назар доред?
- Ба санаи 1 июли соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати
долл.ИМА 3,5 фоиз коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа тағйирёбии қурби пули миллӣ раванди муътадил дорад. Аз ҷумла, тибқи маълумоти бонкҳои марказии Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия, дар ҳамин давра қурбҳои тенгеи қазоқӣ, соми қирғизӣ ва рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА мувофиқан ба андозаи 19,5 фоиз, 5,7 фоиз ва 3,7 фоиз коҳиш ёфтанд.
 
4. Имрӯз болоравии қурби доллар сабаб шуд, ки аз помидорфурӯш
 сар карда то гелосфурӯш қиммати нархи маҳсулоташро ба осмони ҳафтум баровардааст. Ҳоло ақидае пайдо шудааст, ки эҳтимоли иваз шудани пули сомонӣ вуҷуд дорад. Ин то кадом андоза ҳақиқат дорад?
- Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли равон бинобар кам гардидани
пешниҳод ва боло рафтани нархи маҳсулоти сабзавот ва мевагӣ, ки сабаби асосии афзоиши сатҳи таваррум дар кишвар гардидааст, бештар хусусияти кӯтоҳмуддати мавсимиро доро буд.
Қабл аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки пули миллӣ яке аз пояҳои иқтисодии мустақилият ва давлатдории кишвар ба ҳисоб рафта, мисли суруд, парчам ва нишони миллӣ дар қатори рамзҳои давлатӣ карор дорад. Имрӯз сомонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун пули боэътимод ва аз ҷиҳати иқтисодӣ арзишнок дар муомилот гардиш дошта, мавқеи муътадил ва устуворро доро аст ва ягон зарурате барои иваз намудани он вучуд надорад. Ва хама гуна овозаю дарвозахо асоси вокей надоранд.
Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон ва хонандагони гиромии ҳафтанома хоҳиш менамоем, ки нисбати пули миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолият бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва миллӣ муносибат намоянд ва ба чунин овозаҳои беасос бовар накунанд. 


5. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари саррофони дуконҳои  нуқтаҳои мубодилаи асъор аз пеши худ нархи фуруши асъори хориҷӣ, махсусан долларро боло мебаранд. Назорат ва тафтиши нуқтаҳои мубодилаи асъор ба дӯши кист? Агар ин ба дӯши Бонки миллӣ бошад, чаро чунин ҳолатҳо ҷой дораду он назорат намешавад?
- Мутобиқи талаботи Дастурамали дахлдори Бонки миллии
Тоҷикистон соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ ва ташкилотҳои қарзӣ қурби асъори хориҷиро нисбати сомонӣ дар асоси пешниҳод ва талаботи бозор бо санади дахлдор мустақилона муайян мекунанд. Дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор тахтаҳои иттилоотӣ мавчуд аст ва дар он санад дар бораи қурби асъор ҷой дода шудааст. Анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бидуни санади расмӣ оид ба қурбҳои хариду фурӯш манъ аст.
Дар ҳолати аз тарафи хазинадорони нуқтаҳои мубодила бидуни ин санади  расмӣ ва берун аз ҳудудҳои он анҷом додани амалиёти мубодила нисбати онҳо аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ, шахси ваколатдор ва ё мақоми назоратӣ чораи интизомӣ (ҷарима ё мувақатан боздоштани фаъолият) татбиқ карда мешавад.
Назорати тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ, аз ҷумла назорати фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чониби воҳиди дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дар тахтаи иттилоотии нуқтаҳои мубодилаи асъор телефонҳои кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон навишта шудааст ва ҳар як шаҳрванд метавонад бо мушкилоти худ бевосита муроҷиат намоянд.
Мунтазам ҳар моҳ як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар муҳлатҳои аз ин ҳам камтар кормандони воҳиди масъули Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро месанҷанд.
Аз аввали сол то 1 июли соли ҷорӣ аз ҷониби дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 443 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеъӣ дар ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ санҷида шуд.

6. Оё ҳолатҳое шудаанд, ки аз ҷониби Бонки миллӣ саррофон барои ин корашон ҷарима шуда бошанд?
Бале, дар ин бахш корҳои муайяне ба анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои вайрон кардани талабот 10 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, ба 125 адади онҳо  огоҳӣ дода шуд ва дар маҷмӯъ аз вайронкунандагони талаботҳои мавҷуда 30 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
               
7. Чанде пеш аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” дар Тоҷикистон қабул шуд. Шумо, ки бевосита аъзои комиссия пеш аз қабули лоиҳа будед, ки ҳадаф аз қабули чунин қонун чист?
- Низоми бонкдории исломӣ дар айни замон мавқеи ба худ хосро
пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ чалб кардааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талабот ба бонкдории исломӣ ба миён омада, он ба васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ” асосан барои муҳайё намудани заминаи воқеии меъёрии ҳуқуқии рушди бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи мазкур барои таъмини фазои ягонаи рақобатпазири ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меорад.
 
8. Солҳои аввали ҷорӣ намудани пули миллӣ пулҳои коғазии 1 дирам, 5 дирам, 50 дирам ва тангаҳои 5 дирам ва 10 дирам дар муомилот буданд. Ҳоло ин пулҳо куҷо шуданд?
- Пулҳои коғазии арзишҳои 1, 5 ва 50 дирам, инчунин тангаҳои филизии арзишҳои 5 ва 10 дирам дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ дар қатори пулҳои арзишҳои дигар гардиш доранд.
Пулҳои коғазии номбурда дар муомилот вуҷуд доранд, вале бо  миқдори хеле кам, зеро аксаран фарсудаю корношоям шудаанд ва аз ҷониби хазинаҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ гирифта мешаванд.
Имрӯз ҷойи ин намуди пулҳои коғазиро тангаҳои филизӣ гирифтаанд ва дар таъмини онҳо ягон мамонияте вуҷуд надорад. Дархости муассисаҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.

11.07.2014
Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ афзуд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори АМИТ “Ховар” Лайло Қосимова

            1. Лутфан мегуфтед, дар Тоҷикистон низоми банкоматҳо чанд сол боз фаъолият мекунад?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин банкомат дар соли 2003 фаъолияти худро оғоз намуд. Аввалин кортҳои пардохтии бонкӣ ва терминалҳо барои гирифтани маблағ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 ҳангоми ба низоми пардохтии “СТБ КАРТ”- и Россия дохил шудани ҶСК “Агроинвестбонк” пайдо гардиданд. Аввалин корти пардохтии низоми пардохтии байналмилалӣ VISA дар соли 2000 бароварда шуд.
 
2. Айни замон, чанд фоизи аҳолӣ аз хизматрасонии кортӣ истифода мебаранд?
-   Тибқи маълумоти фаврӣ ба санаи 1 июли соли 2014 аҳолии аз
назари иқтисодӣ фаъол 2 275 200 нафар, дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ бошад, 870 139 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондод 38,2% -ро ташкил медиҳад.
 
3. Муштариёне, ки аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд, бо кадом мушкилот ба Шумо муроҷиат менамоянд?
 
-    21 декабри соли 2012 дар Бонки миллии Тоҷикистон маркази
тамос “Телефони боварӣ” ташкил карда шуд, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд оид ба масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ бо арзи худ муроҷиат намоянд. Таҳлил нишон дод, ки арзи шаҳрвандон асосан бо мушкилоти шабакаи терминалӣ (банкоматҳо, терминалҳои пардохтӣ) вобаста мебошанд.
 
4. Дар соли 2013 ва 6 моҳи соли ҷорӣ чӣ қадар шикоят ба Шумо ирсол гардид?
-    Дар давоми соли 2013 аз шаҳрвандон  96 шикоят ва дархост ворид гардид, ки  83 – тои он  ба фаъолияти банкоматҳо ва терминалҳои пардохтӣ вобаста мебошад.  Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 23  шикоят ва дархост ворид гардид, ки аз онҳо 15-тоаш ба фаъолияти банкоматҳо ва терминалҳои пардохтӣ вобаста мебошад.
 
5. Кормандони бонк ба чунин шикоятҳо чи қадар зуд вокуниш нишон медиҳанд?
-    Ҳангоми бақайдгирии шикоят ва дархости муштарӣ корманди масъули Бонки миллии Тоҷикистон онро ба Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон,  инчунин ба ташкилоти қарзие, ки ин шикоят дахл дорад барои аниқ намудани сабаб ва бартараф намудани камбудӣ ирсол менамояд.
Вобаста аз шикоят ва дархости воридгашта аниқ намудани сабаб ва бартараф намудани камбудӣ тибқи таҷриба дар давоми як рӯз амалӣ мегардад.
 
6. Бисёр муштариён шикоят доранд, ки банкомат пули арзишаш хурдро намедиҳад?  Ин мушкилот ҳалшаванда аст?
-   Дар аксарияти банкоматҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда 4 қуттӣ барои ҷойгиркунии банкнотаҳои номиналашон гуногун мавҷуд мебошад. Бинобар ин банкомат маблағҳоро танҳо дар  4 номинал, аз он ҷумла бо асъори хориҷӣ дода метавонад. Ҳангоми пур намудани қуттиҳои мазкур бо пулҳои номиналашон хурд эҳтимолияти тез тамом шудани маблағ дар банкомат зиёд мегардад, ки ба норозигии муштариён оварда мерасонад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи таҷрибаи ҷойдошта қуттиҳоро бо банкнотаҳое, ки нисбати онҳо талабот зиёд аст, пур менамоянд.
 
 7. Ҳолатҳое мешаванд, ки муштарӣ баъди гирифтани пул гирифтани кортро фаромӯш карда меравад. Дар чунин ҳолат чи бояд кард?
-    Ҳангоми фаромӯш шудани корти пардохтии бонкӣ дар банкомат, пас аз вақти муайян (20-25 сония) банкомат кортро ҳамчун корти фаромӯшшуда мегирад. Дар ин ҳолат муштарӣ бояд ба ташкилоти қарзие, ки банкомат ба он мансуб мебошад муроҷиат намуда (тавассути телефон низ мумкин аст) оид ба масъалаи ҷойдошта хабар диҳад ва мушаххасоти худро барои тамос пешниҳод намояд. Пас аз гирифта шудани корти пардохтии бонкӣ аз банкомат аз ҷониби кормандони хизматрасони бонк (асосан дар давоми 1 ё 2 рӯз) муштарӣ хабардор карда шуда, сипас корти пардохтӣ ба соҳибаш баргардонида мешавад.
Корти пардохтии бонкӣ танҳо ба шахсе баргардонида мешавад, ки ному насаби ӯ дар корт дарҷ гардидааст.
 
 8. Дар кадом ҳолатҳо банкомат кортро намедиҳад? 
-    Банкомат дар ҳолатҳои зерин корти пардохтиро мегирад:
пас аз гузаштани вақти муайян одатан 25 сония, ҳангоми аз ҷониби муштарӣ фаромуш шудани корт.
ҳангоми қабули огоҳинома аз дорандаи корт дар бораи гум кардан, дуздидан ё истифодаи беиҷозати корт;
Дар ҳолати якчанд маротиба нодуруст ҳуруфчинӣ намудани ПИН –рамз банкомат фаъолияти кортро боздошт намуда, кортро ба муштарӣ бармегардонад.
 
9.  Аксаран мушкилот бо банкоматҳо дар ноҳияҳои дурдаст рух медиҳад. Дар ин самт бо аҳолӣ чи гуна корҳо анҷом дода мешаванд ва ин мушкилот чи тавр роҳи ҳалли худро меёбад? 
- Банкомат асбоби техникию барномавии мураккаб буда, хизматрасонии босифат, гузаронидани корҳои санҷишӣ ва мураттабсозӣ, инчунин таъмини муттасил ва хушсифати қувваи барқро талаб менамояд. Дар минтақаҳои дурдаст иҷро намудани талаботҳои зерин на ҳамавақт имконпазир мебошад. Бо вуҷуди ин ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини босуботи қувваи барқ ва алоқа таҷҳизоти иловагӣ насб менамоянд ва дар реҷаи вақти воқеӣ ҳолати техникии банкоматҳоро мониторинг менамоянд. Дар аксарияти ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии коршоямии банкоматҳо хадамотҳои фаврӣ техникӣ ва инкассатсионӣ ташкил карда шудаанд. Мутаассифона ба назди банкомат рафта расидани хадамотҳои мазкур дар минтақаҳои дурдаст вақти муайянро талаб менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ҳолатҳои бекор истодани банкоматҳо дар натиҷаи истифодабарии нодурусти онҳо аз ҷониби аҳолӣ ҳангоми ба банкомат ворид намудани ҷисмҳои бегона  низ дида мешавад.
 
10. Татбиқи эквайринги тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ чи тавр ба роҳ монда шудааст?
- Ташкилотҳои қарзӣ доимо дар самти рушди эквайринги савдо корҳои зиёдеро иҷро менамоянд. Дар марҳилаи аввали рушди технологияҳои кортӣ, муассисаҳои савдо аз насби таҷҳизоте, ки кортҳои пардохтиро барои хизматрасонӣ қабул менамоянд, бинобар сабаби аз мақомоти назоратӣ пинҳон намудани гардишҳои маблағҳои худ, меҳаросиданд. Инчунин ҳолатҳои мавҷуд буданд, ки як зумра муассисаҳои савдо аз он ҷумла супермаркетҳо суратҳисоби бонкӣ надоштанд, ки ин низ имконияти насби таҷҳизоти терминалиро маҳдуд менамуд. Дар айни замон бинобар зиёд гардидани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ шумораи терминалҳои пардохтиро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ зиёд намуда истодаанд. Дастгирии аҳолӣ ҳангоми харидорӣ намудани молу хизматрасониҳо, ки барои пардохт кортҳои пардохтии бонкиро пешниҳод менамоянд, зарур мебошад, зеро муассисаҳои савдо барои насби чунин таҷҳизотҳо ҳавасманд мегарданд.
 
11. Нақшаҳои оянда.
- Аз соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми пардохти “КОРТИ МИЛЛӢ” ба фаъолият шуруъ намуд. Иштирокдорони ин низом дар айни замон 13 ташкилоти қарзӣ буда аз онҳо 7 ташкилоти қарзӣ кортҳои пардохтии “КОРТИ МИЛЛӢ”-ро барориш ва хизматрасонӣ менамоянд. Дар айни замон лоиҳаҳои калонтарини давлатӣ (нафақавӣ, маош ва дигарҳо) дар асоси кортҳои “КОРТИ МИЛЛӢ” амалӣ мегарданд. Ба санаи 1 апрели 2014 шумораи кортҳои  баровардашудаи «КОРТИ МИЛЛӢ” ба 395 037 адад расид. Маркази протсессингии миллӣ созмон дода шуд, ки бомуваффақият фаъолият намуда, ба низоми пардохти мазкур хизматрасонӣ менамояд. Дар оянда пайваст намудани ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ба низоми пардохти “КОРТИ МИЛЛӢ” инчунин рушди лоиҳаҳои муштарак бо низомҳои пардохти байналмилалӣ ва дигар низомҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
Хадамоти матбуоти
БМТ

19.06.2014
Иҷозатномаҳои ҶДММ "Делойт ва Туш" қонунӣ мебошанд Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” Одинашо Муродов

1. Чаро як аудитор (манзур муҳтарама Гуланор Атобек-аудитор ва директори ҶДММ “Делойт ва Туш”) ҳарчанде ширкате, ки он кас роҳбарӣ мекунад аввал дар Қирғизистон ва баъд дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, алайҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро тӯли 5 сол руи ҳам таҳти санҷиши аудиторӣ қарор додааст?”

Қабл аз ҳама изҳор менамоем, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2005, №126 ва дар асоси дархости роҳбари Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Қирғизистон) Тентиев А. ба ҷамъияти номбурда иҷозатнома барои гузаронидани санҷиши аудитории бонкҳо дода шуд.

Бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз          9 декабри соли 2008, №445 ва дар асоси дархости Директори генералии ширкат Гуланор Атобек ба ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол дода шуда буд. Бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи зикршуда тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013, №338 иҷозатномаи қаблан ба ҶДММ “Делойт ва Туш” додашуда, аз нав ба расмият дароварда шуд.

Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”) аудити БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби ҶММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шудаанд ва нусхаҳои хулосаи аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ба диққати муаллиф мерасонем, ки ҶДММ “Делойт ва Туш” пай дар пай зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро нагузаронидааст, ба ибораи дигар гӯем, ширкати мазкур талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.

            2. Чаро банди 8-и моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” (таҳрири соли 2006) ба моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” мухолифат мекунад?

            Дар саволи боло истинод ба моддаи қонун чандон саҳеҳ нест, зеро соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” (таҳрири соли 1998) амал мекард ва тибқи он моддаи 45 – ҷавобгарӣ барои вайронкунии ин қонун ном дошт ва аз чор қисм иборат буд. Муаллиф ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” ишора кардааст, вале таҳририкадом сол будани онро мушаххас нишон надодааст. Бинобар ин, дар саволи боло ба таври возеҳ равшан нест, ки муаллифи дархост чиро дар назар дорад.

3. Чаро БМТ ба ҶДММ “Дейлот ва Туш” 2 бор (соли 2005 ва 2008) бар хилофи моддаи 9-и Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” аз 29 апрели соли 2004, таҳти №535 ва боби 3-и Низомнома “Оид ба махсусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” иҷозатномаҳои қалбакӣ (берақам ва дигар муқаррароти бланкаҳои махсус) додааст.

            Моддаи 9 Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” пешниҳоди ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатнома пешбинӣ менамояд. Тибқи боби 3 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” аз 03.04.с.2007 иҷозатномаҳои ба ҶДММ “Делойт ва Туш” додашуда қалбакӣ набуда, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд ва нусхаи онҳо маҳфуз мебошанд. Дар ин санадҳо танҳо рақами қайди онҳо нишон дода нашудааст, ки ин амал барои ҳамчун қалбакӣ шуморидани иҷозатномаҳо асос шуда наметавонад.

            4. То кадом дараҷа фаъолияти “Делойт ва Туш”-ро дар мавриди фаъолият бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, баргузории аудити ғайриқонунии 5- солаи Амонатбонк баҳогузорӣ мекунед ва оё дар ин ҳолат хулосаҳои аудитории ин ширкат дар мавриди ин ташкилоти мӯътабар қобили қабул хоҳад буд ё не??

            Бо вуҷуди ин ки дар қисмати ҷавоб ба саволи 3 ба ин масъала дахл карда будем, такроран иброз медорем, ки иҷозатномаҳои ҶДММ “Делойт ва Туш” дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд ва қонунӣ мебошанд.

           Илова бар ин, мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад. Аз ин рӯ, тасдиқ мешавад, ки аудитҳои охир дар БДА “Амонатбонк” ба таври қонунӣ гузаронида шудаанд ва хулосаҳои аудитории ҶДММ “Делойт ва Туш” бешубҳа қобили қабул мебошанд.

            Баъд аз қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” аз 16 апрели соли 2012 аудити берунаи ҳисоботи молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳар сол гузаронида мешавад.

Вале, мутаассифона, бинобар кам будани ҳаҷми фаъолият ва надоштани имкониятҳои иқтисодӣ барои ҷалби ширкатҳои аудиторӣ як қисми муайяни ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд аз аудити беруна нагузаштаанд.

Ҳамзамон дар баъзе ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд аудити берунаи фаъолияти онҳо барои соли 2013 идома дорад.


Хадамоти матбуоти

БМТ


Ташкилотҳои қарзӣ ҳамкориро бо низоми “Контакт”

муваққатан қатъ намуданд


Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” Зарина Эргашева



     1. Сабабҳои аз кор мондани низоми интиқоли пулии “Контакт” дар чист ва он кай ба амал омад?

     Бинобар сабаби гузаронидани санҷиши “Русславбанк” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия бо ҷурми шустани пул ва гузаронидани амалиётҳои ғайриқонунӣ, оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноиби Президенти бонки мазкур ва соҳиби низоми “Контакт” аз 28 апрели соли равон барои кам кардани хавфҳои амалиётӣ ва пардохтпазирӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо низоми “Контакт” муваққатан қатъ намуданд.
     Айни замон ташкилотҳои қарзии кишвар то ба эътидол омадани вазъият пешниҳод ва интиқоли маблағҳоро тавассути низоми мазкур маҳдуд кардаанд.

     2. То имрӯз чанд бонк ҳамкории худро бо ин низом барқарор кардааст?

     Ба санаи 5 майи соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо низоми “Контакт” барқарор накардаанд.

     3. Агар бонкҳои Тоҷикистон бо низоми “Контакт” ҳамкориро идома диҳанд, хавфе ба миён меояд?

     Ташкилотҳои қарзӣ маҳз баъд аз пайдо шудани хавфҳои амалиётӣ ва пардохтпазирӣ, яъне анҷом надодани ҳисоббаробар-куниҳо аз ҷониби “Русславбанк”, тибқи тавсияҳои сохторҳои идоракунии хавфҳои ташкилотҳои қарзӣ, фаъолиятро бо низоми мазкур муваққатан боздоштанд.

     4. Оё Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолияти низоми мазкур маҳдудиятҳоеро ҷорӣ менамояд ё аз хизматрасонии он даст мекашад?

     Ташкилотҳои қарзӣ тарзи фаъолияташонро бо низомҳои байналмилалии интиқоли маблағҳо дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ба назардошти хавфҳои имконпазир ба роҳ мемонанд. Бо назардошти ҳолатҳои ба вуҷуд омада, талаботҳо ба низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва иштирокдорони ин низомҳо баррасӣ шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

20.02.2014
БМТ: Вазъ дар бозори асъор муътадил аст

Посух ба саволҳои хабарнигори Оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”
Зарина Эргашева.


     Феълан вазъ дар бозори асъор муътадил аст. Ба як муддати кутоҳ боло рафтани қурби доллари ИМА дар ҳафтаи гузашта асосан ба таъсири омилҳои мавсимӣ ва қисман ҳодисаҳои берунӣ, аз ҷумла паст рафтани қурби рубли русӣ ва беқурбшавии тангаи қазоқӣ вобастагӣ дошт.
     Барои бартараф кардани ноустувории қурби муомилоти нақдӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои қарзӣ барои қаноатманд гардонидани талаботи рӯзафзуни фаъолияти хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон аз 13 феврали соли равон фурӯши иловагии доллари ИМА-ро ба роҳ монд.
     Иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки дар якҷоягӣ бо иқтисодиёти глобалӣ пеш меравад, ба мисли иқтисодиёти дилхоҳ мамлакати дигар зери таъсири ҷараёнҳое, ки дар бозорҳои байналмилалӣ идома доранд, қарор дорад. Бинобар ин, тағйир ёфтани қурби асъори миллии мамлакатҳои бузурги минтақа – шарикони иқтисоди хориҷии мо низ то андозае метавонад таъсири худро ба қурби асъори миллии мо расонад.
     Соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ сиёсати қурбиро дар асоси реҷаи танзимшавандаи шинокунанда ба роҳ монда, қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар асоси таносуби эҳтиёҷот ва пешниҳодоти бозор ба онҳо муқаррар менамояд.
     Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати аз ҳад зиёд пасту баланд шудани қурб ва бо назардошти нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ҳамчунин вазъи бозори молиявии минтақавию ҷаҳонӣ ба бозори асъор мудохила менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

30.12.2013
Рақобати солим дар фаъолияти бонкҳо ба баланд шудани сифати хизматрасонии онҳо мусоидат мекунад


Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “ИмрӯзNews” Назири Нусрат

1. Мастер-Банк, ки бо чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт, вазъи ногувор дошта, иҷозатномааш аз ҷониби Бонки марказии Русия бозхонд шуд. Бо ба вуқуъ пайвастани ин ҳолат дар Мастер-Банк, бонкҳои Тоҷикистон зарар дидаанд ё на?

Қабл аз ҳама бояд қайд намоем, ки бонкҳои ҷумҳурӣ бо Мастер- Бонки Руссия ҳамкорӣ надоранд, аз ин рӯ, таъсири манфии аз фаъолият бозмондани бонки номбурда ба бонкҳои ҷумҳурӣ нарасидааст.

2. Гуфта мешавад, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ин ба баъд қарзҳоро бо асъори миллӣ медиҳанд, ин гуфтаҳо ҳақиқат дорад?

Бонкҳои ҷумҳурӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва аз рӯи дархости муштарӣ қарзҳоро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пешниҳод менамоянд. Пешниҳоди қарз бо ин ё он асъор аз захираҳои қарзии ҷалбшудаи бонк вобаста аст ва гуфтугузорҳо дар мавриди он ки қарзҳо минбаъд бо сомонӣ дода мешаванд, асоси воқеӣ надоранд.

3. Дар сурати роҳандозии чунин кор муштариён зарар намебинанд?

Ҳангоми додани қарз бо пули миллӣ пардохти он низ бо пули миллӣ анҷом дода мешавад ва аз ин амал муштарӣ ягон гуна зарар намебинад.

4. Қонунгузорӣ дар ин маврид чӣ мегӯяд?

Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ташкилотҳои қарзӣ метавонанд амалиёти бонкиро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ анҷом диҳанд, яъне бонкҳо метавонанд бо кадом асъоре, ки имконияти додани қарзро доранд бо он асъор қарзро пешниҳод намоянд.

5. Барои ҳарчи тезтар дастрас намудани қарзҳо чӣ чораҳо андешида шудаанд?

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дар муҳлати кӯтоҳ дастрас намудани қарз Дастурамали №186 “Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ”-ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки он дар сомонаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj) ҷойгир карда шудааст.
Тибқи талаботи Дастурамали мазкур ташкилоти қарзӣ вобаста ба андозаи қарз, муҳлати кор бо дархост, омӯзиши ҳуҷҷатҳо, огоҳ намудани муштарӣ дар хусуси рад кардани додани қарз ва ғайраро муқаррар менамояд, аз ҷумла дархост барои гирифтани қарз дар давоми то 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид гардидани он баррасӣ карда мешавад.
Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2012 №307 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бюрои таърихи қарзҳои “Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон” иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз дода шуд.
Таъсиси Бюрои қарзии номбурда барои баланд гардидани сифат ва суръати коркарди дархостҳои қарзхоҳон нақши муҳим мебозад. Фаъолияти хуб ва самараноки Бюрои қарзӣ ба баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ ва ба муштариёне, ки таърихи хуби қарзӣ доранд барои ҳарчи зудтар дастрас намудани қарз мусоидат менамояд.
Қобили қайд аст, ки шумораи ташкилотҳои қарзи ва воҳидҳои сохтории онҳо афзоиш ёфта, сифати хизматрасониашон баланд шуда истодааст. Ин барои ҷалби бештари муштариён ва васеъ кардани фазои хизматрасонии бонкӣ ва дастрас намудани аҳолӣ ба манбаҳои қарзӣ кумак мерасонад. Илова бар ин, дар байни бонкҳо рақобати солим ба миён меояд ва ин ба паст кардани меъёри фоизии қарз, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дар муҳлати кутоҳ баррасӣ кардани он оварда мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад дар бисёр ҳолатҳо худи муштариён пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани қарзро бо сабаби гуногун ба таъхир мегузоранд, ки он муҳлати муқаррарнамударо низ дарозтар менамояд.
Бо мақсади дар муҳлати кутоҳ баррасӣ намудани пешниҳоди қарз, ҷиҳати бақайдгирии гарави амволи манқул ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ амал менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин самт кор идома дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

27.12.2013
ҶСК “Агроинвестбонк” уҳдадориҳои худро иҷро менамояд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Ҷамила Мирбозхонова


     1. Сандуқи байналмилалии пул вазъи ҶСК “Агроин-вестбонк”-ро ҳанӯз ногувор хондааст, ин гузориш то куҷо дуруст аст? Шумо розӣ ҳастед ба андешаи онҳо, ки бо вуҷуди рекапитализатсияи “Агроинвестбонк” ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад.

     Вазъи молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” баъд аз анҷом ёфтани сармоякунонӣ бо роҳи ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, то имрӯз уҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагони хориҷию ватанӣ, муштариён ва амонатгузорони худ сари вақт иҷро менамояд ва пардохтҳои онҳоро боре ҳам ба таъхир нагузоштааст. Вале иҷрои баъзе меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ва сифати сандуқи қарзӣ беҳбудӣ металабад.

     2. Сандуқи байналмилалии пул ҶСК “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод кардааст, ки барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷиро ҷалб намояд.

     Дар натиҷаи сармоякунонии ҶСК “Агроинвестбонк” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати молия соҳиби 52%-и сармояи пардохташудаи бонк гардид ва ҳамчун саҳмиядори асосӣ фаъолияти бонкро дар асоси принсипҳои идоракунии корпоративӣ пурзур карда, назорати хешро барои иҷро намудани мақсадҳои гузошташуда равона кардааст.
     Тавре маълум аст, саҳмиядори асосии бонк салоҳият дорад қисми зиёди аъзои Шӯрои нозиронро аз ҳисоби номзадҳои худ интихоб намояд. Дар мавриди ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк ҷалб кардани мутахассисони хориҷӣ бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ин кор ба салоҳияти Шӯрои нозирони бонк тааллуқ дорад.

     3. Дар мавриди Сандуқи байналмилалии пул, ки ҶСК “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ кардааст, чӣ назар доред?

     Қайд кардан зарур аст, ки дар таҷрибаи бештари давлатҳои дунё яке аз роҳҳои асосии ба эътидол овардани вазъи институтҳои молиявӣ, хусусан дар давраи буҳрони охирини молиявии ҷаҳонӣ, дастгирии давлатии онҳо мебошад. Ин амал ба хотири таъмини устувории низоми бонкӣ, пешгирии буҳрони бонкӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ дар соҳаи молиявӣ равона шудааст.
     Бинобар яке аз бонкҳои низомсоз дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафтани ҶСК “Агроинвестбонк” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани эътибор ва устувории низоми бонкӣ чораҳои заруриро андешиданд ва барои дастгирии бонк роҳи сармоякунонии онро пеш гирифтанд.
     Сармоягузории бонк хусусияти муваққатӣ дошта, дар мӯҳлати 5 соли минбаъда маблағҳои ба ин мақсад сарфшуда бо риояи тамоми рукнҳои шаффофият ба буҷет баргардонида мешаванд.
     Ва ниҳоят қобили қайд аст, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз роҳҳои маъмулии замони ҷорӣ дар самти андешидани чораҳои таъҷилии солимгардонии молиявии бонк ба шумор рафта, инчунин барои таъмини субот ва устувории низоми бонкӣ равона гаштааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

30.10.2013
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Озодӣ”дар Тоҷикистон м. Хуршед Андамов

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мактуби намояндаи Радиои Аврупоии Озод/Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон маълумотҳои зеринро ирсол менамояд.

     1. Тавре дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон омадааст, яке аз вазифаҳои Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон тафтиши маблағҳои грантиест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон чудо мекунанд, мебошад. Оё ин Департамент аз болои ин маблағҳо назорат мекунад ва агар ҳа, ба кадом шакл?

     Ҷавоб: Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” ва меъёрҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба мубориза ба шустани пул (ФАТФ), ки талаботҳои умумии байналмилалиро муайян мекунанд, аз тарафи Департаменти мониторинги молиявӣ ҳамаи маблағҳои интиқолгардидаи аз меъёри муайяншуда зиёд мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.
     Дар ин маврид ҳамаи маблағҳои интиқолшавандаи кӯмакҳои молиявии бебозгашт (грант) низ таҳти назорат қарор дода шуда, мушаххасоти умумии интиқолҳо тибқи тартиби муайян таҳлил карда мешаванд.
Вобаста ба ин, Департамент ба фаъолияти ҷории ин ташкилотҳо дахолат накарда, дар бораи ба кадом мақсадҳо равона гардидани ин маблағҳо маълумоти заруриро дастрас менамояд.

     2. Тавре медонем, дар бархе ҳолатҳо созмонҳои байналмилалӣ зери шиори “ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократия” маблағҳои грантиро барои мақсадҳои дигар ба созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ҷудо мекунанд. Оё дар тули фаъолияти худ Департаменти мониторинги молиявӣ ягон ҳолати чудо шудани чунин грантҳои “шубҳанок”-ро мушоҳида кардааст?

     Ҷавоб: Дар тӯли фаъолияти худ Департамент бо мақомотҳои дахлдори кашшофии хориҷӣ ва танзиму назоратии дохилӣ доир ба ҳолатҳои алоҳида, ки ба шахсони гуногуни воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, таҳлил, муколама ва мубодила намуда, ҳамкориро давом дода истодааст.
     То ин замон амалиётҳои шубҳанок аз рӯи кӯмакҳои молиявии бебозгашт (грант), ки ба ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дахл дошта бошад, муайян нагардидааст.
     Сарфи назар аз ин, Департаменти мониторинги молиявӣ дар асоси муқаррарот ва тартиботи мавҷудаи меъёрию ҳуқуқӣ таҳлилҳо ва чораҳои заруриро, ки тибқи қонунгузорӣ муайян шудааст, анҷом медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

23.04.2013
Раванди рушди муътадили низоми бонкии ҷумҳурӣ идома дорад

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” Покиза Маҳмадбекова

 

Сарвари давлат дар паёми соли гузашта Бонки миллӣ ва мақомоти дахлдорро вазифадор намуда буд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, аз ҷумла қурби пули миллӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ва боз ҳам устувор гардонидани фаъолияти он бояд чораҷуӣ намояд. Дар ин ҷода кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

Сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012 бо назардошти таъмини тағйирёбии муътадили сатҳи нархҳо ва фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор муқаррар гардида буд.

Қурби расмии пули миллӣ дар давоми сол тағйирёбии муътадил дошта, нисбати доллари ИМА аз 4,7585 сомонӣ дар ибтидои сол то 4,7644 сомонӣ дар интиҳои сол ё худ 0,1 фоиз (8,1 фоиз дар соли 2011) тағйир ёфт. Ҷиҳати устувор нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, татбиқи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла вусъати тадриҷии бозори коғазҳои қиматнок ва сармоя низ зарур мебошад.

Дар мавриди беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ, ҷалби ҳарчи бештари захираҳои қарзӣ ва васеъ намудани шабакаҳои бонкӣ кадом пешравиҳо ба назар мерасанд?

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама ба таъмини рақобати одилона дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, боло бурдани эътимоди аҳолӣ, рушди маблағгузории дарозмуддат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ равона шуда буд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2012 дар қаламрави мамлакат 142 ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 16 адад бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 125 адад ташкилотҳои маблағгузорӣ ва 301 филиалҳо фаъолият доранд. Дар ин давра нисбат ба аввали сол шумораи бонкҳо ба 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд 3 адад ва филиалҳои онҳо 30 адад зиёд гардиданд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 10,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,1 фоиз афзуд.

Дар заминаи ҷалби бештари захираҳои қарзӣ зиёд намудани ҳаҷми умумии қарзҳо барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна, алалхусус маблағгузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин дар минтақаҳои дурдасти куҳистон ва занони соҳибкор дар назар дошта шудааст.

Маблағгузории қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми бонкӣ ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он фароҳам овардани шароит барои дастрасии қарз дар тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти куҳистон мебошад.

Дар давоми соли 2012 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 7,0 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 8,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 51,3 фоизи он ба соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар минтақаҳои дурдасти куҳистон, алалхусус ба занони соҳибкор тавсияҳо дод.

Соли 2012 қарзҳои хурди додашуда 3,1 млрд. сомониро ташкил намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 30,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон додашуда бошад, ба 634,9 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 22,7 фоиз зиёд аст.

Ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чӣ чораҳои муосири техникӣ андешида мешаванд?

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ Маркази протсессинги миллиро ба таври расмӣ муаррифӣ намуд ва дар заминаи он низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” бунёд гардид.

Шумораи умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда дар соли гузашта 539,0 ҳаз. ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли пеш 42,9 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи банкоматҳо дар давоми сол 96 адад зиёд шуда, 429 ададро ташкил доданд. Терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, савдо ва хизматрасонӣ бошад, 753 ададро ташкил намуда, 269 адад афзуданд.

Ва ниҳоят, барои ба даст овардани боварӣ ва эътимоди мардум барои нигоҳдории маблағҳои худ дар бонкҳои ватанӣ ва таъмини пурраи ҳифзи пасандозҳои онҳо амалан чӣ корҳо иҷро гардиданд?

Беҳтар гардидани вазъ ва тақвият ёфтани устувории низоми бонкии кишвар, сол ба сол хуб шудани нишондиҳандаҳои он шаҳодати боло рафтани боварӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Масалан, дар соли 2012 бақияи умумии пасандозҳо нисбат ба соли қаблӣ 11,4 фоиз афзуда, 4,9 млрд. сомониро ташкил дод ва нишондиҳандаи мазкур бори дигар зиёд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолиро ба низоми бонкии кишвар тасдиқ мекунад.

Ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 67,3 ва 32,7 фоизро ташкил намуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам бештар ҷалб намудани маблағҳои озоди шаҳрвандон ва корхонаву муассисаҳо ба низоми бонкӣ, пайваста заминаи меъёрию ҳуқуқии фаъолияти бонкиро вобаста ба вазъи бозори молиявӣ такмил медиҳад, зеро яке аз манбаъҳои асосии сармоягузории иқтисодиёти кишвар ин ҷалби пасандозҳои аҳолӣ мебошад.

Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта таъмин менамояд.

Хадамоти матбуоти

БМТ

18.10.2012
Ҷавоб ба саволи хабарнигори “Радиои Озодӣ”-Тоҳир Сафаров

-Мехоҳам як гузориш нависам: аммо медонам масъалаи ҳассос аст ва як посух аз бонк лозим мешавад. Оё банк умедвор аст ки ин қарзҳоро муассисаҳои қарздор бармегардонанд?

    -Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳаллу фасли қарзҳои сармоягузорон, ки ба воситаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “КредитИнвест” барои коркард ва содироти маҳсулоти пахтагин маблағгузорӣ шудаанд, шартномаҳои қарзӣ ба имзо расонида, ҷадвали пардохти қарзҳоро аз 1 апрели соли 2010 то 31 марти соли 2018 омода ва тасдиқ намуд.
    Дар айни замон пардохти қарзҳо аз ҷониби сармоягузорон барои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида, пӯшонидани маблағҳои қарзӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

14.05.2012
БМТ ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад

Ҷавоб ба саволҳои ҳафтаномаи иттилоотӣ-сиёсии “Нигоҳ”

               

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоботи солонаи ҶСК “Агроинвестбонк” барои соли 2011 шинос шуд?

- Тибқи тартиби омода сохтани шаклҳои ҳисоботи молиявӣ, ки барои ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда шудаст, ҳисоботи солона дар давоми 12 рӯзи тақвимӣ пас аз санаи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд ва он мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст.

2. Оё фаъолияти ҶСК “Агроинвестбонк” дар соли гузашта мавриди аудити мустақил қарор гирифт? Агар, ҳа, онро кадом ширкат амалӣ намуд? Ҷомеаи Тоҷикистон метавонад бо натиҷаи он шинос гардад?

- Бале, аудитифаъолияти молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” дар соли 2011 аз ҷониби ширкати мустақили аудитории ҶДММ “Грант Торнтон” гузаронида шудааст.

Тибқи қонунгузории мавҷуда ташкилотҳои қарзӣ ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, бояд дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр намоянд.

3. Оё кадоме аз аъзои Раёсати бонки мазкур оид ба нишондиҳандаҳои ҳисоботи солона ба Бонки миллии Тоҷикистон эътироз баён намуда буд?

Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф, ки узви Шӯрои нозирони ҶСК “Агроинвестбонк” мебошад, ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат карда буд.


4. ҶСК “Агроинвестбонк” бо ташкилоти молиявии ғайрибонкии “Кредит-инвест” чӣ муносибат дорад?

ҶСП ТМҒ “Кредит Инвест” дар асоси Қарори ҶСК “Агроинвестбонк” аз 5 апрели соли 2003 №1 “Оиди натиҷаҳои фаъолияти Агроинвестбонк барои соли 2002” (Бо Протоколи ҷаласаи умумии саҳомони “Агроинвестбонк” аз 5 апрели соли 2003 тасдиқ карда шудааст), тибқи “Нақшаи корӣ оиди таҷдиди Агроинвестбонк” бо тартиби аз сохтори бонк ҷудо кардани Департаменти инвеститсия ба сифати таъсис додани шакли мустақили ҳуқуқӣ, таъсис дода шудааст.

5. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дорад, ки ҶСК “Агроинвестбонк” барои хариди саҳмияҳои НБО “Роғун” чӣ миқдор маблағ харҷ кард? Оё ин харид бо саҳмиядорони асосӣ мувофиқа шуда буд? Бонки миллии Тоҷикистон оиди ин масъала чӣ мавқеъ дорад?

Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад.Феҳрасти саҳмиядорони ҷамъияти саҳомиро тибқи Қонун Вазорати молия пеш мебарад.

6. Дар ҳоли ҳозир, ТМҒ “Кредит-инвест” аз ҶСК “Агроинвестбонк” ва баръакс қарз доранд, ё на?

- Аз рӯи ҳисоботҳои мавҷуда дар айни замон байни ТМҒ “Кредит-инвест” ва ҶСК “Агроинвестбонк” талабот ва ё ӯҳдадориҳои қарзӣ вуҷуд надорад. Барои дастрас намудани маълумоти бештар Шумо метавонед ба бонки зикршуда муроҷиат намоед.

7. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон оё хароҷоти калони ҶСК “Агроинвестбонк” дар солҳои 2010 ва 2011 дар ҳисоботи солона дарҷ гардидаанд?

- Тибқи талаботи ҳисобдорӣ тамоми хароҷоти ҷории бонк бо таври ҷамъшавӣ/зиёдшавӣ дар ҳисобҳои хароҷотии бонк ба ҳисоб гирифта шуда, албатта дар ҳисоботи солона дарҷ мегарданд.

8. Вазъи молии ҶСК “Агроинвестбонк” чӣ гуна аст? Оё эҳтимолияти банкрот шудани он дар соли ҷорӣ вуҷуд дорад? Аудити мустақил дар ин масъала чӣ назар баён кардааст?

- Қабл аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки эҳтимолияти муфлис шудани ҶСК “Агроинвестбонк” вуҷуд надорад. Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устуворӣ ва суботи низоми бонкӣ, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти кишвар мебошад, доимо талош менамоянд ва дар сурати дар низоми бонкӣ аз ҳадди эътидол берун рафтани таъсири номатлуби буҳрони иқтисодие, ки дунёро фаро гирифтааст, бонкҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард.

Интизорӣ меравад, ки дар рӯзҳои наздик ҳисоботи аудити ҶСК “Агроинвестбонк” ба табъ мерасад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

30.01.2012
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори Радиои “Озодӣ” Раҳматкарими Давлат

Роҷеъ ба саволи якум, “оё таҳримҳое, ки алайҳи Бонки “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) эълон шудааст, шомили ҳоли шӯъбаи бонки мазкур дар ш.Душанбе ҳам мешавад ё не?” ҳаминро бояд қайд намуд, ки шомили ҳоли филиали бонки мазкур шудан ё нашудан вобаста аст аз сохтору мундариҷаи таҳримҳо. Гузашта аз ин, то кунун мушаххасоти ин амал дастрас нашудаанд, аз ин лиҳоз барои пайдо кардани ҷавоб ба муаллифи ин таҳрим муроҷиат намудан зарур аст. Нисбати саволи дуюм “оё ин таҳримҳо ба фаъолияти Бонки “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) таъсир хоҳад дошт?”, бояд қайд намуд, ки саволи мазкур ба саволи якум вобастагӣ дорад. Хадамоти матбуоти БМТ

16.08.2011
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори Би-би-си дар Тоҷикистон Искандари Фирӯз

- Оё рост аст, ки нафаре, ки аз ӯ ба унвони фарзанди Махмадсаид Убайдуллоев ном бурда мешавад, ба симати намояндаи Тоҷикистон дар Бонки урупоии таҷдид ва тавсеъа таъйин шудааст. Зимнан, ёдовар мешавам, ки асли матлаб ба мавзӯъи фарзанди ки будани ин шахс намеравад. Чун исми ӯро намедонам, аз ночорӣ ба ин васила муъррифӣ кардам.

- Ва суоли дигар ин аст, ки агар ин хабар воқеъият дорад, оё таъинии ин нафар ба ин вазифа ба мавзӯъи суйистифода аз мақоми хидаматии собиқ намояндаи Русия дар ин ниҳод, ки ҳамзамон аз номи Тоҷикистон низ муъаррифӣ мешуд, рабт дорад ё на?

- Дар хусуси хабар дар бораи он ки Убайдуллоев Амирҷон ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Таҷдиду Рушди Аврупо таъин шудааст, иброз менамоем, ки ин маълумот ба ҳақиқат рост намеояд.

Ҳамзамон дар иртибот ба ахбори боло қайд кардан бамаврид аст, ки бинобар ба итмом расидани мӯҳлати фаъолияти кории собиқ намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, Убайдуллоев Амирҷон ба вазифаи мушовири Директори иҷроия дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ даъват шудааст. Фаъолияти ин мудирият аз ҷониби Швейтсария, ки гурӯҳи кишварҳоро намояндагӣ мекунад, таъмин карда мешавад.

 Хадамоти матбуоти
БМТ

02.02.2011
Ҷавоб ба саволҳои муҳаррири ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фаридун Раҳнавард

- ҶСШП “Ренесанс-Капитал” ҳамчун ташкилоти бонкӣ аз кай ва дар асоси чӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст?

- Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2004, №352 барои таъсиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти молиявии ғайрибонкии “Ренессанс-Капитал” розигӣ дода шуд. Дар асоси ин қарор ташкилоти номбурда фаъолияти худро оғоз намуд.

Баъдан дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2005, №147 барои табдилёбии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ “Ренессанс-Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи қарздиҳӣ “Ренессанс-Капитал” розигӣ дода шуд.

- Оё тасдиқ менамоед, ки шаҳрванд Раҷабов Исмоил Сироҷевич муддате корманди БМТ буд?

- Бале. Раҷабов Исмоил Сироҷевич аз моҳи июли соли 1995 то моҳи октябри соли 2001 дар вазифаҳои иқтисодчии дараҷаи 1, иқтисодчии пешбари Идораи муносибатҳои молиявии байналхалқӣ, муовини сардори Идораи сармоягузориҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналхалқии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Моҳи октябри соли 2001 ба тариқи гузариш аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуд.

- Оё дуруст аст, ки иншооти воқеъ дар кӯчаи Зардушт, 46 (собиқ “Сентроэлектромонтаж”) дар ихтиёри БМТ қарор дорад?

- Бале, иншооти мазкур дар ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

- Иншооти мавриди зикр кай ва бо кадом ҳолати кор ба ихтиёри БМТ гузашт?

- Иншооте, ки дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт, 46 қарор дорад, дар асоси шартномаи хариду фурӯши бино аз ҷониби бонк 4 майи соли 2009 харидорӣ шуда, 15 сентябри ҳамин сол ба ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон гузаштааст.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

19.01.2011
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “ Тоҷикистон” Салимшо Салимшоев

1. Бурду бохти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2010

Соли 2010 барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ соли барқароркунии баъдибӯҳронӣ ба ҳисоб рафта Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори вазорату ташкилотҳои дигар, бо андешидани тадбирҳои мушаххас ба як қатор комёбиҳо ноил гашт.

Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани мақсади асосии худ - нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар доираи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 амал намуда, татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монд. Дар натиҷа, новобаста аз болоравии нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар соли 2010, раванди нисбатан мӯътадили сатҳи таваррум нигоҳ дошта шуд. Меъёри он 9,8 фоизро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаи пешбинишуда пасттар мебошад.

Моҳи декабри соли гузашта лоиҳаҳои нави қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2010 пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард, ки онҳо дорои унсурҳои ҳозиразамони ҳимоявӣ мебошанд.

Дар соли сипаришуда инчунин раванди устуворгардӣ ва вусъатёбии низоми бонкӣ низ ба назар расид. Масалан, шумораи бонкҳо дар ин давра ба 1 адад, филиалҳо ба 17 адад, марказҳои хизматрасонӣ ба 46 адад ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 1 адад зиёд гардиданд. Дар баробари ин, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муқоиса ба аввали соли гузашта 29,8 фоиз, ӯҳдадориҳои онҳо – 34,8 фоиз ва сармояи ин ташкилотҳо 12,8 фоиз афзуданд.

Ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок моҳи декабри соли 2009 барориши векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки соли 2010 мунтазам аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон музоядаҳои он гузаронида мешуданд.

Илова бар ин, дар соли гузашта Барномаҳои ҳамкориҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ки дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар нақши босазо хоҳанд гузошт.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, соли гузашта иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ баромада, ба тамоюли рушди давраи пеш аз бӯҳрон рӯй ниҳод.

2. Дар соли 2011 қурби асъори миллӣ дар кадом сатҳ хоҳад буд?

Дар соли 2010 қурби доллари ИМА аз 4,3714 сомонӣ дар ибтидои давра то ба 4,4023 сомони барои 1 долл. ИМА дар охири сол ё 0,7 фоиз тағйир ёфт.

Тибқи низоми қабулшуда, ҳудудҳои тағйирёбии қурби сомонӣ пешакӣ муқаррар карда намешаванд ва онҳоро вазъи бозор муайян менамояд. Ин меъёри ҷаҳонист ва аз фаъолияти табиии низоми иқтисодӣ бармеояд.

Омили муҳимтарини ба қурб таъсиркунанда, ин таносуби содироту воридот аст, ки истилоҳан фарқияти ҳаҷми маҳсулоти кишвари мо ба кишварҳои дигар содиршуда ва ҳаҷми маҳсулоти аз мамлакатҳои дигар барои истеъмол ба Тоҷикистон воридкардаро ифода менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

16.09.2010
3, 200 ва 500 сомонӣ - дар муомилот

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Неъматулло Худойбахш

- “Банкнотҳои арзишашон баланд аз рушди иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум муждагонӣ медиҳанд Аз 10 сентябр банкнотҳои (пулҳои коғазии) нави арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ дар ҷумҳурӣ ба муомилот бароварда шуданд. Аксарият ин навгониро вобаста ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мешуморанд. Вале ҳастанд онҳое, ки ба дурнамои ин иқдом хушбин нестанд. Хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои равшанӣ андохтан ба асли воқеа бо котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов мусоҳибае анҷом дод.”

Савол: Лутфан бигӯед, чӣ зарурат пеш омад, ки ба муомилот пулҳои арзишашон баланди 3,200 ва 500 сомонӣ бароварда шуданд?

Ҷавоб: Дар мавриди сабаб ва зарурати ба муомилот ворид сохтани пулҳои арзишашон баланди 3,200 ва 500 сомонӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи равон изҳороти худро аз тариқи васоити ахбори умум пахш карда буд. Вале чун ин масъалаи хеле муҳим аст, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо воситаи телевизион, радио ва воситаҳои дигари ахбори омма зарурати ба таври иловагӣ ба муомилот ворид намудани сомониҳои арзишашон баланд, унсурҳои ҳимоявии онҳо, тартиби шинохт ва хосиятҳои дигари пулҳои номбурдаро фаҳмонад.

Аз рӯзи ба муомилот ворид шудани пули нави миллӣ - сомонӣ ба қарибӣ 10 сол пур мешавад. Дар ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ иқтисодиёти мамлакат рушд кардаю сатҳи некӯаҳволии мардум боло рафт. Барои мисол, дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 11 маротиба, даромади буҷети давлатӣ 22 маротиба, музди миёнаи меҳнат 17 маротиба, гардиши мол дар дохили кишвар 10 маротиба ва гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба зиёд шуд.

Шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ ва афзудани ҳаҷми савдои хориҷӣ, ҳамчунин боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ боиси он гардид, ки дар ин давра нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ 4 маротиба баланд шуданд.

Зиёд шудани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, гардиши мол ва афзоиши нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ сабабгори 22 маротиба афзудани ҳаҷми пул ва тағйир ёфтани сохтори он гардид. Биёед муқоиса кунем,, агар дар оғози соли 2001 дар муомилоти пулии кишвар дирамҳо, 1 ва 5 сомониҳо 42 фоизро ташкил медоданд, ҳоло ҳиссаи онҳо ҳамагӣ ба 9 фоиз баробар шуда, ҳаҷмашон 5 маротиба афзудаанд. Ҳиссаи 50 ва 100 сомониҳо бошад, аз 9 то 52 фоиз расида, ҳаҷми маблағи онҳо 127 маротиба зиёд шудааст.

Тавре аз факту рақамҳои боло маълум мегардад, талаботи бозор ба пулҳои арзишашон баланд зиёд шудааст ва бо сохтори мавҷудаи пулӣ конеъ гардонидани ин талабот рӯз то рӯз мушкил гашта истодааст. Бинобар ин, зарурати дар баробари истифодаи пулҳои мавҷуда ба муомилот баровардани сомониҳои арзишашон баланд ба миён омада буд. Гузашта аз ин, дар ҳоли ҳозир ҳал накардани ин масъала, қабл аз ҳама боиси ба таври зиёд истифода шудани пулҳои миллии арзишашон баланд ва асъори хориҷӣ мегардид, ки ин бешубҳа метавонист ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид намояд. Ҳамчунин дар муомилот нигоҳ доштани миқдори зиёди пулҳои камарзиш ба зиёд шудани хароҷоти давлат барои чоп, ҳамлу нақл ва коркарди онҳо оварда мерасонад.

Бинобар ин, бо мақсади ташкили босамари муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро сари вақт аз чоп бароварда, ба муомилот ворид сохт. Қобили зикр аст, ки сомониҳои номбурда дорои унсурҳои ҳозиразамони ҳимоявӣ мебошанд, ки онҳоро аз амали ғайриқонунии тақаллубкорон эмин нигоҳ медорад

-Савол: Унсурҳои ҳозиразамони ҳимоявӣ гуфтед. Хуб мешуд, ки мазмуну мундариҷаи сурату рамзҳоеро, ки дар банкнотҳои нав мунъакис шудаанд, шарҳ медодед.

Ҷавоб: Дар доираи анъанаҳои неки низоми пулӣ дар рӯи 3 сомонӣ акси қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва сурати офтоб бо китобу қалам чун рамзи рушд ва майли мардум ба омӯзиши илм, меҳнати созанда ҷойгир шудаанд. Дар паси он сурати бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наққошиҳо аз иншоотҳои фарҳангии мамлакат ҷой дода шудаанд.

Дар рӯи 200 сомонӣ сурати қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва расми бинои аввалини Кумитаи марказии иҷроияи Шӯрои Комиссарони халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дар паси он акси “Китобхонаи миллӣ” ва дар болои он расмҳои сиёҳчароғ (асри 19), рангдону қалам чун рамзи кӯшишу талош барои ба даст овардани донишу маърифат ҷойгир шудаанд.

Ва ниҳоят, 500 сомониро акси сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар қабати он сурати арфанавоз, ки аз мавзеи қадима ёфт шудаасту рамзи покӣ, зебоӣ, фарҳанги куҳан ва сарчашмаи илҳом мебошад, оро медиҳад. Дар паси он акси иншооти меъмории муосир – “Қасри миллат”, рамзҳои Президенти кишвар ва кабутарон ҳамчун шаҳодати пойдории сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ҷой дода шудаанд.

-Савол: Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки беқурбшавии пули сомонӣ боиси ин иқдом шудааст ва ҳам минбаъд сабаби шиддатёбии беқурбшавии пули миллӣ мегардад. Назари Бонки миллӣ ба ин гуна пиндорҳо чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Аслан чунин гумон ё пиндор воқеият надорад. Зеро тавре коршиносони бахшҳои иқтисод ва бонкдорӣ хуб медонанд, қурби пули миллии мо назар ба асъорҳои ҳамсояҳо, мамолики Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва қисман берун аз он ҳам, аз ҷумлаи пули дорои қурби устувор ва мӯътадил ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, сомонӣ солиёни дароз қобилияти харидории худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта истодааст.

Оид ба сабаб ё зарурати ба муомилот баровардани пулҳои арзишашон баланди 3,200 ва 500 сомонӣ бошад, дар қисмати ҷавоб ба саволи якум ба таври муфассал шарҳ дода шудааст.

-Савол: Оё пулҳои 3,200 ва 500 сомонӣ дар хариди камтарини аҳолӣ аз дукону мағозаҳои хурд, додани роҳкиро, маош ва нафақаи ҳадди ақал душворӣ пеш намеорад?

Ҷавоб: Тавре аз матни Изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон бармеояд, дар баробари истифодаи пулҳои мавҷуда, яъне сомониҳои арзиши 1, 5, 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Ба ибораи дигар гӯем, тамоми пулҳои арзишашон гуногун якҷоя дар муомилоти пулӣ гардиш мекунанд. Бинобар ин, дар ин маврид чизе гуфтан дар бораи ба миён омадани кадом як душворӣ ҳангоми додугирифти аҳолӣ аз дукону мағозаҳои хурд, додани роҳкиро, маош ва нафақаи ҳадди ақал ҷоиз нест. Зеро, акнун ҳисобу китоб ҳангоми хариду фурӯш ва анҷом додани дигар амалиётҳои молиявӣ ба маротиб осон мегардад. Бартарии ин амал дар таҷрибаи минбаъда аён хоҳад гашт.

-Савол: - Ин иқдом чӣ манфиате оварда метавонад?

Ҷавоб: Ба андешаи мо, ба муомилоти пулӣ ворид шудани пулҳои арзишашон 3,200 ва 500 сомонӣ ва истифодаи босамари онҳо кори мардумро ҳангоми хариду фурӯши молу амвол ва гузаронидани дигар амалиётҳои молиявӣ осон намуда, ба ғайр аз пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар, хароҷоти давлатро барои чоп, ҳамлу нақл ва коркарди онҳо камтар месозад.

Маркази матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

10.03.2010
Ҷавоб ба номаи сокини ш. Душанбе Карим Раҳматулло – “Долларҳои қалбакӣ дар РТ” ва иловаи ҳафтаномаи “СССР” аз 4 марти соли 2010

- Савол: “Чанде муқаддам аз тариқи ТВ ва дигар ВАО намоише пахш гардид, ки дар он долларҳои қаблакию сомониҳои қалбакиро ба маъраз гузоштанд. Ростӣ, ман тоҷираму ба доллар ва купюраҳои калони сомонӣ сару кор дорам. Ва ин намоишномаро дида, маро ҳарос пахш кард: мабодо рӯзе ба ман ҳам доллару сомонии қаблакӣ диҳанду ҳини сафар ба хориҷа “ба даст” афтам? Сабаби ин намоишро аз чанд нафар пурсон гаштам ва маълум шуд, ки байни мардум овозаю калочаи зиёд пахш мегардад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Ӯзбекистони ҳамсоя барои халал ворид кардан, дар маъракаи ҷамъоварии хайрияҳо барои Роғун ва саҳмияҳои ин нерӯгоҳ диверсия омода кардааст. Овозаҳо меафзоянд, ки гӯё ин кишвар беш аз 10 млн. доллару ҳудуди 100 млн. сомонӣ дар хориҷа заказ кардааст, долларҳои қалбакӣ ва сомониҳои фалшивый. Ва бо ин мехостанд, дар арафаи фурӯши саҳмияҳо иғвои пулӣ-диверсияи асъор таҳия кунанд: Оё ин ҳама рост аст?...”

Ҷавоб: Ба сокини ш. Душанбе Карим Раҳматулло ва идораи ҳафтаномаи “СССР” барои таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ ва амнияти кишвар изҳори миннатдорӣ баён менамоем. Ин, албатта, аз зиракии сиёсӣ ва иқтисодии эшон дарак медиҳад.

Дар мавриди саволи гузошташуда, хабар медиҳем, ки воқеан ҳам чанде пеш дар муомилот пулҳои қалбакӣ пайдо шуда буданд ва сари вақт муайян ва аз гардиш гирифта шуданд. Дар назар бояд дошт, ки техникаю технологияи пешрафтаи ҳозиразамон имконият медиҳанд, ки баъзе шахсони нопок бо истифода аз дастгоҳҳои гуногун пулҳои қалбакиро нашр намуда, дар хариду фурӯши молу мавод ва хизматрасонӣ истифода кунанд.

Дар ин ҷода сохторҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ барои сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани рухдиҳии чунин ҳодисаҳо назорат намуда, дигар чораҳои заруриро андешида истодаанд. Чанде қабл, бо ин мақсад намоиши барномаи тахассусии телевизионӣ, ки то ҳудуди муайян ба саволи пешниҳодшуда ҷавоб медиҳад, барои нишон додан ва фаҳмонидани хусусиятҳои фарқкунандаи пулҳои қалбакӣ аз пулҳои аслӣ пай дар пай якчанд маротиба пешкаши бинандагон гардонида шуд. Бо вуҷуди ин, дар ҳама маврид, мардум бояд ҳангоми истифодаи пул эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надиҳанд, зеро баъзе шахсон аз мақсадҳои нопоки худ ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашанд.

Илова бар ин, аз рӯи масъалаи мазкур бо сохторҳои алоқаманди Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, баъзе аз тақаллубкорон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати баъзеи онҳо ҷустуҷӯ идома дорад.

Сарфи назар аз ин, аз сокинони мамлакат хоҳиш менамоем, ки ҳангоми хариду фурӯш, доду гирифти молу мавод дар бозору мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ агар шоҳиди ҳодисаи пешниҳоди пулҳои қалбакӣ гарданд, бо телефонҳои зерин: дар ш. Душанбе – 600-32-27, ш. Кӯлоб - 6250576, ш. Қурғонтеппа - 6200550, ш. Хуҷанд - 6300651, ш. Ғарм – 6100590 ва ш. Хоруғ – 6400604 ва ё бевосита ба намояндагони сохторҳои қудратӣ муроҷиат намоянд.

Маркази матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

04.02.2010
Ҷавоб ба саволи хонандаи ҳафтаномаи “Нигоҳ” Сурайё, донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (аз 14 январи соли 2010, №43(162))

24.11.2009
Айни замон ҶСП “Кредит Инвест” фаъолият дорад Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия – плюс”

- Аз ҳисоби кӣ қарзҳои бахши пахтакорӣ пӯшонида ва ё аз ҳисоб бароварда мешаванд?


- Аз ҳисоб баровардани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ аз ҳисоби фонди ташаккулёфтаи пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи ин қарзҳо амалӣ карда мешавад.

- Тибқи иттиллои мушовири Президенти ҶТ Н. Буриев маблағҳо дар ҳаҷми 435 млн. доллари ИМА, ки ҶСП “Кредит Инвест” бо кафолати Бонки миллии Тоҷикистон гирифтааст ва аз тариқи маблағгузорон ба фермерон додааст, ба пуррагӣ аз ҳисоб бароварда мешаванд. Дар айни замон, ки ҶСП “Кредит Инвест” барҳам дода шудааст, кадом ташкилот барои қарзҳои аз ташкилотҳои молиявии дохилию хориҷӣ гирифташудаи он масъулиятро ба дӯш мегирад?

- Айни замон ҶСП “Кредит Инвест” фаъолият дорад ва амалҳои марбут ба ташаккул додани маҷмӯи санадҳо, ки барои пешбурди ҳисоби ин ӯҳдадориҳо заруранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти номбурда амалӣ хоҳанд шуд.

- Оё аз ҳисоб баровардани ин қарзҳо сарбории иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва андоздиҳандагон нахоҳад шуд?

- Аз ҳисоб баровардани ин қарзҳо ягон вазниние ё мушкилоте дар марҳилаи кӯтоҳмуддат, яъне тайи 3-4 соли наздик ба буҷет нахоҳад овард. Дар марҳилаҳои дарозмуддат барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар назар аст, ки пардохт аз рӯи онҳо марҳила ба марҳила бо қисматҳои алоҳида мунтазам амалӣ хоҳанд шуд.

Маркази матбуоти
БМТ

14.05.2009
БМТ: - «Нуктаҳои Паём амалишавандаанд»

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ паҳлӯҳои мухталифи сиёсати минбаъдаи дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати рушди устувори иқтисоди миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъат додани равобити байналмилалӣ ва паҳлӯҳои дигари сиёсати давлат дар назди роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои нав гузошт.

Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нуктаҳои махсуси ин Паём вазифадор шуд, ки бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ муносиботро густариш дода, сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкиро тақвият бахшад. Дар Паём махсус қайд шудааст, ки: “Бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба Ҳукумат ва Бонки миллӣ зарур аст, ки ҳамкории худро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшанд. Бо дарназардошти нақши муҳими низоми бонкӣ дастгирии минбаъдаи он бо истифодаи фишангҳои иқтисодӣ бояд идома ёбад”.

Қобил қайд аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро вобаста ба бартараф намудани таъсири бӯҳрони моливию ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори низоми бонкии кишвар татбиқ намуда истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт (PRGF) барои дастгирии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва дигар институтҳои молиявӣ корҳои муайян идома доранд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА оиди ташкили механизми мубориза бар зидди софкории пул ва маблағгузории терроризм (AML/CFT) чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати такмили қонунгузории бонкӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” як қатор тағйироту иловаҳо дохил карда шудаанд, ки айни ҳол дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Инчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, ки барои амалӣ сохтани сиёсати пурсамари пуливу қарзӣ ва таъмини рушди низоми бонкӣ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба пурзӯр намудани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти идоракунии дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, таъмини пардохтпазирӣ, паст кардани сатҳи хавфҳои бонкӣ, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба устувории низоми бонкии кишвар равона шудаанд, зарур шуморида мешавад.

Аз ин рӯ, бо мақсади пешбинӣ намудани андозаи хавфи пардохтпазирӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ, тағйирот ба Феҳрасти шаклҳои ҳисоботҳои батанзимдарории фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ ва Феҳрасти шаклҳои ҳисоботҳои батанзимдарории фаъолияти ҷамъиятҳои қарзӣ дохил карда шудааст, ки мутобиқи он аз ҷониби бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ ҳар даҳрӯза барои гузаронидани таҳлили пардохтпазирии онҳо маълумот пешниҳод карда мешавад.

Инчунин бо мақсади самаранок гузаронидани тафтиши сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ 27 марти соли 2009 Роҳнамо “Оид ба тартиби баҳодиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” қабул карда шуд, ки ба баҳодиҳии мутобиқати сармоя, сифати дороиҳо, пардохтпазирӣ, салоҳияти идоракунӣ, сифат ва дараҷаи даромаднокии ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.

“Ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкӣ ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намуда, барои таъмини пардохтпазирии бонкҳо чораҳои зарурӣ андешад. Инчунин назорати ҳаррӯзаи вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратиро таъмин карда, дар мавриди зарурӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намояд”, - омадааст дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ.

Дар ин самт бошад, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкии кишвар як қатор чораҳои мушаххасро анҷом дод. Аз ҷумла, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2009 таҳти №138 меъёри бозтамвил, яъне фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашаванда аз 12,0 фоиз то 10,0 фоизи солона ва бо қарори дигари худ аз таърихи номбурда таҳти №140 меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 9,0 фоиз то 7,0 фоиз барои пули миллӣ ва аз 11,0 фоиз то 9,0 фоиз барои асъори хориҷӣ паст карда шуданд.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ пайваста қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод намуда, баҳри фаъолияти мӯътадили низоми бонкии кишвар минбаъд ҳам тадбирҳои дахлдорро амалӣ менамояд.

Маркази матбуоти
БМТ

12.02.2009
Ҷавоб ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” Олеся Бобович

- Овозаҳо паҳн гаштаанд, ки гӯё аз моҳи майи соли равон мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Ҳамкориҳои Шанхай ба рубли русӣ мегузаранд. Оё ин овозаҳо воқеият доранд?

- Дар доираи давлатҳои узви Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Аврупою Осиё масъалаи ворид намудани асъори эҳтиётии минтақавӣ, ки истифодаи эҳтимолии рубли русиро ҳамчун чораи муқовимат ба бӯҳрони молиявӣ дар назар дорад, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар баробари ин, дар назар бояд дошт, ки асъори эҳтиётии минтақавӣ ва асъори ягонаи давлати иттифоқи категорияи тамоман дигар мебошанд. Асъори эҳтиётӣ - асъоре мебошад, ки аз ҷониби бонкҳои марказӣ дар захираҳои асъорӣ чамъ карда шуда, барои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ истифода бурда мешавад.

Аз ин рӯ, ягон заминае барои ба миён омадани чунин овозаҳо нест ва ҳатто барои муҳокимаи чунин масъалаҳо ягон асосе вуҷуд надорад.

Маркази матбуоти
БМТ

11.02.2009
Ҷавоб ба саволи муҳаррири Радиои “Имрӯз” Сӯҳроби Рустам:

Оё эҳтимоли муфлисшавии бонкҳои Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ вуҷуд дорад? - Эҳтимолияти муфлисшавии бонкҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, зеро ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ талаботи меъёри кифоятии сармояро, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи амалияи ҷаҳонӣ муқаррар карда шудааст, барзиёд иҷро менамоянд. Бонки миллии Тоҷикистон тавассути назорати бонкии бозрасӣ дар маҳалҳо ва назорати фосилавӣ фаъолияти низоми бонкиро доимо таҳқиқу таҳлил мекунад ва риояи меъёрҳои мақбули (пруденсиалии) фаъолияти онҳоро талаб менамояд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон мушкилӣ дар фаъолияти бонки алоҳида, Бонки миллии Тоҷикистон тавассути истифодаи воситаҳои гуногуни молиявӣ, маъмурӣ ва таъсиррасонӣ метавонад ба чунин бонк ҷиҳати бартараф гардидани он кӯмак намояд ва ҳолати молиявии онро солим нигоҳ дорад.

04.02.2009
Ҷавоб ба саволҳои Оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”

Шоми дирӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъор барои 1 доллари ИМА 3,90 сомонӣ медоданд. Имрӯз низ ҳамин тамоюл нигоҳ дошта шуд. Сабаби болоравии навбатии қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ дар чист?

Ин болоравӣ беш аз ҳама ба талаботи беасос ба асъори хориҷӣ, ки дар натиҷаи иттилоот оиди баланд шудани қурби доллар ба миён омадааст, вобаста мебошад. Дар фазои нишондодҳои нисбатан устувори макроиқтисодии мамлакати мо яку-якбора болоравии қурби доллари ИМА беасос мебошад. Ҳол он, ки бо назардошти ҳолати тавозуни савдо, тағйирёбии мавсимии конъюктураи (вазъи) бозор, аз он ҷумла дар мамлакатҳои минтақа, беқурбшавии на он қадар зиёди сомонӣ бо назардошти ҳодисаҳои охир, ки дар бозори дохилии асъор ба амал омада истодаанд, имконпазир мебошад.

Қобили қайд аст, ки аҳолӣ ба овозаву дарвозаҳои умумӣ дода шуда, ба хавфи беасос худро рӯ ба рӯ мегардонад ва дар ин ҷараён асъори хориҷиро бо қурби беасос баланд харидорӣ мекунанд. Ҳол он ки ҳодисае, ки феълан ба амал омадааст, хусусияти кӯтоҳмудатӣ дорад ва баъди барқарор шудани қурби воқеии сомонӣ аҳолӣ метавонад ба бохти калон рӯ ба рӯ гардад.

Дар ҳолати феълӣ Бонки миллии Тоҷикистон чӣ тадбире андешида истодааст?

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ҳолатҳоеро, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷии асъор ба амал меоянд, таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад ва аз тамоми воситаҳои сиёсати пулӣ истифода мебарад, аз он ҷумла, оғоз аз миёнаи моҳи декабри соли 2008 мунтазам дар бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ мудохила (интервентсия)-ро ба маблағи аз 1 то 1,5 миллион доллари ИМА дар як рӯз амалӣ карда истодааст.

Оё Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ захираҳои зарурии асъори хориҷӣ дорад?

Бонки миллии Тоҷикистон дар ихтиёри худ ҳаҷми зарурии захираҳои асъори хориҷиро дорад. Гузашта аз ин, розигӣ (муоҳидаи) баъзе аз ташкилотҳои молиявии байналхалқиро оид ба ҷудо намудани маблағҳо дар сурати пайдо шудани талаботи иловагӣ ба асъори хориҷӣ дар даст дорад.

Маркази матбуоти
БМТ

21.01.2009
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори махсуси ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Парвина Хамидова

- Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ (ҳам маблағҳои аз буҷети давлат ҷудошуда ва ҳам маблағҳои худии бонкҳо) ба хоҷагиҳои пахтакор дар соли 2008 додашуда чӣ миқдорро ташкил медиҳад?

- Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда ҳамагӣ маблағи умумии қарзӣ ба хоҷагиҳои пахтакор барои парвариши пахтаи ҳосили соли 2008 додашуда 371,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 211,8 млн сомонӣ ё ин, ки 57,08 фоизи маблағи умумии додашударо (бо дарназардошти 140 млн. сомонии аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда) маблағҳои ташкилотҳои қарзӣ ташкил медиҳад.

- Аз он маблағҳое, ки қарз дода шудаанд, чӣ миқдораш аллакай ба бонкҳо баргардонида шудаанд?

- Мувофиқи маълумотҳои то санаи 26-уми декабри соли 2008, пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ аз маблағи 211,8 млн. сомонии ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) додашуда, 37,2 млн. сомонӣ баргардонида шудааст.

- Ба ҳолати феълии бозпас гаштани қарзҳо Шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Қайд кардан ба маврид аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба арзиши пахта низ расонида, боиси мунтазам пастшавии тамоили нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ гардид.

Бинобар поёнравии арзиши нахи пахта ва аз сабаби кам шудани ҳаҷми содироти пахта хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) баргардонидани қарзи бонкии худро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин накарда истодаанд.

Аз ин лиҳоз мӯҳлати аввали баргардонидани маблағи қарзи аз тарафи бонкҳо ба хоҷагиҳои пахтакор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда аз 1 декабри соли 2008 ба 1 марти соли 2009 гузаронида шуд.

19.01.2009
Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ”

1. То имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои суст кардани шиддати натиҷаи бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ чӣ чораҳо андешидааст (номгӯи чораҳо)?

2. Бо мақсади суст кардани шиддати бӯҳрон маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд?

Воқеан, дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мушкилиҳои баамаломада, мисли норасоии пардохтпазирӣ дар низоми молиявӣ, маҳдуд гардидани вуруди сармояи хориҷӣ, коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти асосии содиротӣ (алюминий ва пахта) дар бозорҳои ҷаҳон ва заиф гардидани қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА то як андоза ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонида истодааст.

Бо дарназардошти мушкилиҳои бавуҷудомада, Бонки миллии Тоҷикистон як қатор чораҳои мутаассир анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, дар давоми соли 2008 сатҳи меъёри бозтамвил аз 16,0 фоиз то ба 13,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ дар ин давра аз 12,0 фоиз то 9,0 фоиз барои пули миллӣ ва 11,0 фоиз барои асъори хориҷӣ паст карда шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ҷиҳати норасогии пардохтпазирии низоми бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод намуд ва минбаъд ҳам баҳри фаъолияти мӯътадили низоми бонкии кишвар бо маблағҳои зарурӣ дастгирӣ хоҳад намуд.

Ҳамчунин, барои ба эътидол овардани қурби пули миллӣ дар бозори дохилии асъор пайваста асъори хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

3. Ва оё кабинет ё ҳайати коршиносони алайҳибӯҳронӣ таъсис дода шудааст? Агар чунин бошад, киҳо аз мутахассисони соҳа ба кабинет ё ба ин ҳайат ҷалб шудаанд?

Воқеан, ҷиҳати таассур ба мушкилиҳои молиявии баамаломада гурӯҳи корӣ иборат аз аъзоёни Раёсат ва сардорони идораҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуда, айни замон фаъолият менамояд. Гурӯҳи мазкур дар ҳолатҳои зарурӣ вохӯриҳо гузаронида, пешниҳодоти худро ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои қабули қарор пешкаш менамояд. Дар илова ба ин мунтазам бо бонкҳои тиҷоратӣ машваратҳо ва вохӯриҳои корӣ гузаронида мешаванд.

4. Маслиҳати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки ҳаҷми даромади солонаашон камтар аз 2,5 ҳазор доллар аст, чӣ гуна хоҳад буд?

Нигоҳдории ҳар гуна моликият вобаста ба вазъи хусусӣ бар дӯши худи молик мансуб мебошад.

Маслиҳат медиҳем, ки амонатҳои худро бо пули миллӣ нигоҳ доред, вале агар майл ба асъори хориҷӣ доред дар доираи як асъор маҳдуд нашуда, донишу малака ва ҳисси ватандӯстиро баланд намуда мустақилона қарор қабул кунед.

5. Вазъи сандуқи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2009 чӣ гуна хоҳад шуд?

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ танзими сандуқи қарзиро ба инобат гирифтааст.
23.06.2008
Қарор дар бораи тағйир додани меъёри бозтамвил чӣ тавр қабул карда мешавад?

Меъёри бозтамвил (меъёри ҳисобгирии фоиз) яке аз фишангҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад. Зери мафҳуми меъёри ҳисобгирӣ меъёри ҳадди ақалли фоизе фаҳмида мешавад, ки аз рӯи он Бонки миллӣ (марказӣ) ба бонкҳои сатҳи дуввум қарз медиҳад.

Қарор дар бораи тағйир додани меъёри бозтамвил аз тарафи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти Кумитаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба сиёсати монетарӣ қабул карда мешавад. Ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ барои идоракунии босамари пардохтпазирии кӯтоҳмӯҳлат мақсади асосии Кумита ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ меъёри бозтамвил нақши роҳнамои сиёсати қарзии бонкҳоро иҷро намуда, ба меъёри фоизии амонатҳо ва қарзҳо дар бозори пул таъсир мерасонад.

Баланд намудани меъёри бозтамвил аз қатъӣ нигоҳ доштани сиёсати пулию қарзӣ шаҳодат медиҳад ва асосан барои боздоштани суръати афзоиши унсурҳои (агрегатҳои) пулӣ истифода мешавад. Паст кардани меъёри бозтамвил фаъолияти қарзии бонкҳоро тақвият мебахшад, ки ин ба афзоиши тавсеаи пулӣ (денежная экспансия) мусоидат менамояд.
06.05.2008
Қурби бозорӣ аз ҷониби БМТ муайян карда мешавад ё аз рӯи қонунҳои бозор? Агар, ба ҳар ҳол қурби асъор дар бозор аз ҷониби БМТ ба танзим дароварда шавад, метавон чунин ҳисобид, ки мо аз принсипи қурби шинокунанда тарафдорӣ менамоем?

Дар ҷумҳурӣ дар айни замон низоми “танзимшавандаи шинокунанда, бе муайян кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” истифода бурда мешавад. Низоми номбурда муайян намудани қурби мубодилавии асъорро танҳо дар асоси таносуби талабот ва пешниҳод дар бозор дар назар дорад, ки ин аз истифодаи фақат рукни бозории муайянкунии он шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, қурби расмии мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА ҳамарӯза дар асоси нишондиҳандаи миёнаи қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯш, ки дар қисматҳои байнибонкӣ (байни бонкҳо) ва дохилибонкии (байни бонкҳо ва муштариёни онҳо) бозори асъор баста мешаванд, муайян мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар он ҳолатҳое, ки тағйироти ҷории қурб гирифтори аз ҳад зиёди пасту баландшавӣ мегардад, ҳуқуқ дорад амалиёти дахлдор (хариду фурӯши асъор)-ро дар бозор анҷом диҳад.

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ