Сохтори ташкилӣ

зиёратшо.jpg

ҒУЛОМЗОДА ЗИЁРАТШО ҒУЛОМАЛӢ

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Ғуломзода Зиёратшо Ғуломалӣ 7 июли соли 1991 таваллуд шудааст.

Соли 2012 Донишгоҳи Ноттингеми Малайзияро аз рӯйи ихтисоси молия, ҳисобдорӣ ва идоракунӣ, соли 2013 Донишгоҳи Ноттингеми Британияи Кабирро аз рӯйи ихтисоси молия ва сармоягузорӣ ва соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.

Солҳои 2014-2015 дар  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, таҳлил, методологияи аудит ва робитаҳои хориҷӣ ва мутахассиси пешбари бахши рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 2015–2018 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои инвеститсионии раёсати идоракунии лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ, инчунин муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои инвеститсионии ҳамин раёсат фаъолият намудааст.

Аз соли 2018 фаъолияти меҳнатии худро дар Бонки миллии Тоҷикистон идома дода, дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи амалиётии департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, сардори шуъбаи таҳлили хавфҳои захираҳои байналмилалии департамент, муовини директори департамент – сардори идораи танзими асъор ва назорати асъори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор фаъолият кардааст.

Аз соли 2023 то 17 июли соли 2026 директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2026 №1192 Ғуломзода Зиёратшо Ғуломалӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2024 бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, забонҳои англисӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку