САЛИМЗОДА АЛИҶОН АБДУҶАЛОЛ

САЛИМЗОДА АЛИҶОН АБДУҶАЛОЛ

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

САЛИМЗОДА Алиҷон Абдуҷалол 22 январи соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Таҳсилот:

Маълумот олӣ,  Донишгоҳи байналмилалии Москва ва  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 2001-2002 - иқтисодчии дараҷаи I-и шуъбаи буҷетҳои маҳаллии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2009 - иқтисодчии дараҷаи II, иқтисодчии
дараҷаи I, иқтисодчии пешбари Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2009-2010 - муовини мудири Шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа;

Солҳои 2010-2018 – муовини мудир, мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа;

Солҳои 2018-2020 мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар;

Солҳои 2020-2022 директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон;

17 августи соли 2022, №427 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид;

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Донистани забонҳо: англисӣ, русӣ.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.