Озмун

Вазифаҳои холӣ
04.05.2023

БМТ озмуни ишғоли вазифаи холиро эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи бозори молиявӣ
Cармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз ду сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) афзалият дорад;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24 майи с.2023


Возврат к списку