Озмун

Вазифаҳои холӣ
15.11.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи таҳлили хавфҳо

Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
  • донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines));
  • доштани собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва забони англисӣ -ҳатмӣ.

Мутахассиси дараҷаи I –и шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;

  • маълумотнома (справка-объективка);

  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;

  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);

  • расм 2 дона андозаи 3х4;

  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);

  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);

  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);

  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;

  • нусхаи билети ҳарбӣ;

  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон

Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 5 декабри с.2022

 

                 ·   

 


Возврат к списку