Озмун

Вазифаҳои холӣ
14.04.2022

Эълони Озмун

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:


Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Таҷрибаи корӣ дар самти таҳлилҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла бозори сармоя ва низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • Маҳорати омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, ҳисобот маърузанависӣ ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

II
мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкдорӣ;
  • Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Доштани дониши базавии эконометрикӣ афзалият дорад;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
  • Доштани қобилияти кофии таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамову маъруза дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Малакаи касбии кор бо компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Маҳорати баланди кор дар компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ афзалият дорад;
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

IV
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва ё бонкдорӣ;
  • Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт),
  • бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Доштани қобилияти хуби таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи хуб;
  • Малакаи касбии кор бо компиютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point), инчунин донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 26.04. 2022

Возврат к списку