Озмун

Вазифаҳои холӣ
14.07.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

I

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • доштани унвони илмӣ-номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) - афзалият дорад;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмист;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

II

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • доштани унвони илмӣ-номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) - афзалият дорад;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

III

Мутахассиси шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (1 ҷой)

Департаменти ҳисобдорӣ

IV

Директори департамент – сармуҳосиб (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ - иқтисодӣ;
  • собиқаи кории касбӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 5 сол, аз ҷумла дар сатҳи сармуҳосиби ташкилоти қарзии молиявӣ на камтар аз 3 сол;
  • дорандаи сертификати муҳосиби касбӣ (САР, CIPA, АССА, СРА);
  • доштани қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, маҳорати баланди омода намудани мукотибот, ҳисобот ва пайнавиштҳо;
  • маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои бонкӣ, молия, иқтисод, андоз ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ ва мақомоти назоративу санҷишӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани малакаи хуби муошират, маҳорати ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва бонкӣ, маҳорати баланди ибрози андеша;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point), донистани низомҳои автоматии муҳосибӣ ва бонкӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ.

V

Сармутахассиси шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер ва дар низоми автоматишудаи бонкӣ – СФТ ва барномаҳои муҳосибии 1С, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ);
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР);
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

VI

Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ ва кор бо аудиторони берунӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда, инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР);
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

VII

Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Идораи ҳуқуқ

VIII

Сардори шуъбаи санадҳои меъёрӣ - муовини сардори Идора (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарӣ дорад;
  • маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 2 сол);
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

IX

Сармутахассиси шуъбаи санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкуни ва дигар;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

X

Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкуни ва дигар;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

XI

Сардори шуъбаи умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо.
  • маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 2 сол);
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”

XII

Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО) ё рӯзноманигорӣ;
  • малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
  • маҳорати хубу эҷодкоронаи суратгирӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
  • малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ), пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
  • доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
  • ба занҳои баландихтисос ва дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дода мешавад;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);                                            
  • Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
  • доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ.

Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият

XIII

Тарҷумони забони тоҷикӣ- русӣ -англисӣ (тарҷумони ҳамзамон)

(синхронӣ)

Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳслоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
  • дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
  • доштани малакаи хуби тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ), тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • донистани истилоҳоти соҳаи бонкӣ ва иқтисоду молия, қобилияти хуби эҷодкорӣ таҳрири маводу маълумоти пешниҳодшавандаи соҳаи бонкдорию иқтисод ва молия;
  • малака ва маҳорати хуби корӣ дар компютер (барномаҳои Microsoft Office, интернет ва дигар барномаҳо), дарки нозукиҳои соҳа;
  • омодагии иҷрои вазифа дар рӯзи кории ғайримуқаррарӣ;
  • маданияти баланди инсонӣ ва интизоми қатъӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
    Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28.07 с.2021

Возврат к списку