Озмун

Вазифаҳои холӣ
21.05.2021

ОЗМУН - Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият

Тарҷумони забони англисӣ- тоҷикӣ-русӣ (тарҷумаи ҳамзамон)

I

Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой)

Талабот ба номзад:


  • таҳсилоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
  • дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
  • доштани малакаи хуби тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ), тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • донистани истилоҳоти соҳаи бонкӣ ва иқтисоду молия, қобилияти хуби эҷодкорӣ, таҳрири маводу маълумоти пешниҳодшавандаи соҳаи бонкдорию иқтисод ва молия;
  • малака ва маҳорати хуби кор дар компютер (барномаҳои Microsoft Office, интернет ва дигар барномаҳо), дарки нозукиҳои соҳа;
  • омодагии иҷрои вазифа дар рӯзи кории ғайримуқаррарӣ;
  • маданияти баланди инсонӣ ва интизоми қатъӣ.

II

Тарҷумони забони тоҷикӣ- русӣ -англисӣ

Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой) (шартномавӣ)

Талабот ба номзад:


  • таҳсилоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
  • дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
  • доштани малакаи хуби тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ), тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • донистани истилоҳоти соҳаи бонкӣ ва иқтисоду молия, қобилияти хуби эҷодкорӣ таҳрири маводу маълумоти пешниҳодшавандаи соҳаи бонкдорию иқтисод ва молия;
  • малака ва маҳорати хуби корӣ дар компютер (барномаҳои Microsoft Office, интернет ва дигар барномаҳо), дарки нозукиҳои соҳа;
  • омодагии иҷрои вазифа дар рӯзи кории ғайримуқаррарӣ;
  • маданияти баланди инсонӣ ва интизоми қатъӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.05 с. 2021

Возврат к списку