Озмун

Вазифаҳои холӣ
12.04.2021

ОЗМУН - Идораи омор ва тавозуни пардохт

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи омор ва тавозуни пардохт

I

сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
  • донистани забонҳои барномасозӣ ва дигар барномаҳо;
  • қобилияти таҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II

сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
  • таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
  • малакаи касбии кор бо компютер MsOffice (Word, Exel, Power Point);
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ, ва диаграммаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
  • Дониши хуб оид ба қонунгузориҳои низоми бонкӣ, аоморӣ – стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омор.

III

сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
  • донистани забонҳои барномасозӣ;
  • қобилиятитаҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

IV

сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
  • малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MsOffice (Word, Exel, Power Point);
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • дониши хуб оид ба қонунгузориҳои низоми бонкӣ, оморӣ – стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самтӣ омор.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 12.04. 2021

Возврат к списку