- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.05.2023 1 USD 10.9145 1 EUR 11.7167 1 RUB 0.1360
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати марказии шаҳри Турсунзода шинос шуданд
Май 24, 2023 08:51
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳри Турсунзода шинос шуданд.
Мутобиқи маълумот, барои татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр, дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16-ошёна сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иншооти мазкур дар заминаи манзилҳои як ва дуқабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои кӯҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр бунёд мегардад.
Баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди зист ба аҳолии шаҳр иншооти ҷамъиятию маъмурӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои кӯдакона, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишию солимгардонӣ ва иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон дар ҷараёни татбиқи амалии нақшаи муфассали банақшагирии маҳаллаҳои марказии шаҳр зиёда аз 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру навсозӣ мегардад, ки ба таъмини ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаи нақлиёт мусоидат мекунад.
Лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” омода карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои номбурда ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулини иншооти сохташаванда ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то ин муддат қариб 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бояд қайд намуд, ки солҳои минбаъда бо татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода симои маҳаллаҳо ва маркази шаҳр зебову назаррабо гардида, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешавад, ки ба боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ