Бойгонии ахбор
09.02.2012

Қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монд

    Тайи чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, дар атрофи 4,8240-4,8380 сомонӣ қарор дорад.
    Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1580-0,1595 сомонӣ ва ба 6,2840-6,3040 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 9 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8270-4,8420 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку