Бойгонии ахбор
12.01.2012

Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ тағйир ёфтанд

    Қурби долл. ИМА дар аввали ҳафта тамоюли болоравӣ дошт ва акнун рӯ ба пастшавӣ оварда, ба ҳисоби миёна 4,8300-4,8500 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
     Дар баробари ин, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1483-0,1501 сомонӣ баробар шуд.
     Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, каме паст шуда, мувофиқан ба 6,1640-6,1840 сомониро ташкил намуд.
     Имрӯз, 12 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,8370-4,8570 сомонӣ қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку