Бойгонии ахбор
30.05.2011

Вазъи қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд

27 май ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме афзуда, ба ҳисоби миёна 4,6740-4,6900 сомониро ташкил дод.     Дар ин се рӯзи гузашта қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,1658-0,1677 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,5900-6,6100 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд.     Имрӯз, яъне 30 май, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, андаке афзуд ва  дар ҳудуди 4,6860-4,7060 сомонӣ қарор дорад.               Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку