30.11.2021
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 
 
	
	барои ишғоли вазифаи холии зерин 
 
	
	ОЗМУН 
 
	
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 
 
	
	Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил 
 
	
	Сармутахассис (2 ҷой) 
 
	
	Талабот ба номзад: 
	- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ; 
- доштани собиқаи кории на кам аз 3 сол дар бахши молиявӣ ё ҳисобдорӣ; 
- қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ; 
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ҳатмист; 
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад. 
	
	Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
- маълумотнома (справка-объективка); 
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
- расм 2 дона андозаи 3х4; 
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
- нусхаи билети ҳарбӣ; 
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН). 
	
	Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд: 
	- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон 
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38 
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.12 c.2021