30.08.2021
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 
  
 
	барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 
  
  
  
 
	ОЗМУН 
  
 
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 
  
  
  
 
	Департаменти аудити дохилӣ 
  
  
  
 
	I 
  
  
  
 
	Сараудитор – директори Департамент (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ; 
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5-сол (на камтар аз 3-сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда) дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ;
- доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIPA, CPA, CIA, ACCA, CAP ва ғ.)
- донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ; 
- доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ; 
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забонҳои русию англисӣ – ҳатмӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ. 
 II 
  
 
	Сардори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- донистани стандартҳои байналмилалӣ, расмиёт ва методҳои аудити дохилӣ;
- донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ; 
- донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ; 
- доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
- доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ; 
- донистани стандартҳои байналмилалии СOBIT, COSO, ITIL, TOGAF, ISO 27001 ва ғайра;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ; 
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
 III 
  
  
  
 
	Аудитори дараҷаи I - шуъбаи аудити молиявӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзадҳо: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ; 
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ҳатмӣ, сертификати СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд. 
 IV 
  
  
  
 
	Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти 
  
 
	фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой) 
  
 
	Талабот ба номзад: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ; 
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор), СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд. 
  
  
 
	V 
  
  
  
 
	Аудитори дараҷаи III бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ); 
- донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра - афзалият дорад;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ.
 Идораи низоми пардохт 
  
  
  
 
	VI 
  
  
  
 
	сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва рушди 
  
 
	хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	
		- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ; 
- 
		донистани қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ, низомҳои пардохтӣ ва технологияҳои молиявӣ; 
- 
		қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша; 
- 
		малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо; 
- 
		маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра; 
- 
		доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ; 
- 
		донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ. 
 
 VII 
  
 
	Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди 
  
 
	хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	
		- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ; 
- 
		дониши кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ; 
- 
		қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша; 
- 
		малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо; 
- 
		маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра; 
- 
		донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ. 
 
 IX 
  
  
  
 
	Мутахассиси пешбари шуъбаи пардохтҳои байнибонкӣ (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	
		- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё иқтисодӣ - техникӣ; 
- 
		донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ оид ба соҳаи бонкӣ, фаъолияти низомҳои пардохтӣ, қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ; 
- 
		қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша; 
- 
		малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо; 
- 
		маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра; 
- 
		доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клирингӣ; 
- 
		донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ. 
 
 Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб 
  
 
	Шуъбаи назорати бонкӣ 
  
  
  
 
	X 
  
  
  
 
	Ҳуқуқшинос (шартномавӣ) (1 ҷой) 
  
  
  
 
	Талабот ба номзад: 
	
		- 
		таҳсилоти олии ҳуқуқӣ; 
- доштани собиқаи кори ҳуқуқӣ на камтар аз 2 сол; 
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар; 
- 
		маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ; 
- таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инҷунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо; 
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point) 
- донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ; 
 
 
	Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 
	
		- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
- 
		маълумотнома (справка-объективка); 
- 
		варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
- 
		тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
- 
		расм 2 дона андозаи 3х4; 
- 
		нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
- 
		нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
- 
		нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
- 
		маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
- 
		маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
- 
		нусхаи билети ҳарбӣ; 
- 
		нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН). 
 
 
	Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд: 
	
		- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон 
- 
		Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38 
- 
		Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.09 c.2021