Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3716.02 3791.09
10 7312.55 7460.28
20 14491.63 14784.39
50 35999.73 36727.00
100 71880.10 73332.23

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

28.01.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 26-27 январ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,37 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,11-6,17 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

27.01.2010 Музоядаи Векселҳои давлатии хазинадорӣ баргузор гардид

27 январи соли равон соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 5,0 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо ба 7 фоиз баробар шуд.

25.01.2010 Фаъолияти БМТ дар соли 2009 баррасӣ гардид

Натиҷаҳои назаррас ва қобили таваҷҷӯҳи тайи як соли охир, аз қабили дастоварду камбудиҳо дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2009, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чораҳои мушаххас барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2010 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

25.01.2010 Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд

Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 22 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби 1 доллари ИМА ба 4,3670-4,3810 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4222-1,4352 сомонӣ ва 1 евро ба 6,1570-6,2150 сомонӣ баробар шуданд.

21.01.2010 Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақд бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 19-20 январ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,37-4,38 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, ба 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,20-6,26 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

18.01.2010 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3726-4,3864 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор дошт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4202-1,4336 сомонӣ ва 1 евро 6,2170-6,2750 сомониро ташкил доданд.

14.01.2010 Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме поин рафт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 12-13 январ тамоюли пастшавиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 4,3766-4,3924 сомониро ташкил дод.

11.01.2010 Қурби доллари ИМА дар бозор тамоюли пастшавиро соҳиб гашт

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдии ИМА 8 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тамоюли пастравиро соҳиб гашт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,3924-4,4058 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4204-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,2270-6,2770 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.

07.01.2010 Қурби доллари ИМА дар бозор каме тағйир ёфт

Қурби миёнаи долл. ИМА 5-6 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,3922-4,4056 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме боло рафтанд ва мувофиқан 1,4250-1,4430 сомонӣ ва 6,2450-6,2950 сомониро ташкил намуданд.

07.01.2010 Қурби доллари ИМА дар бозор каме тағйир ёфт

Қурби миёнаи долл. ИМА 5-6 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,3922-4,4056 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме боло рафтанд ва мувофиқан 1,4250-1,4430 сомонӣ ва 6,2450-6,2950 сомониро ташкил намуданд.

04.01.2010 Вазъият дар бозори дохилӣ мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 31 декабри соли 2009 ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,37-4,39 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,41-1,42 сомонӣ ва 6,21-6,27 сомонӣ баробар шуданд.

31.12.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 29-30 декабр дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3750-4,3875 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро мувофиқан ба 1,4268-1,4426 сомонӣ ва 6,2210-6,2870 сомонӣ баробар шуданд. Умуман, дар ин рӯзҳо вазъи бозори дохилии асъор инъикосгари мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талабот буд.

28.12.2009 Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозор каме тағйир ёфтанд

Қурби миёнаи долл. ИМА 25 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли пастшавиро идома дод ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,3750-4,3890 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баландтар шуда, 1,4480-1,4680 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,2750-6,3350 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.

24.12.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Рӯзҳои 22-23 декабри соли ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар бахши нақдии бозори асъор тамоюли пастшавиро доро шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна ба 4,4110-4,4220 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4210-1,4360 сомонӣ ва 1 евро 6,2750-6,3350 сомониро ташкил доданд.

23.12.2009 Барориши Векселҳои Давлатии Хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 декабри соли 2009 соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 10 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо бошад, ба 7%-и солона баробар шуд.

21.12.2009 Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтмони НБО-и Роғун саҳм мегузоранд

Сохта ва ба истифода додани яке аз иншооти бузурги асри ХХI – НБО-и Роғун аз масъалаҳои муҳим ва воқеан таъхирнопазир дар ҷодаи ба даст овардани истиқлолияти воқеии мамлакат ба шумор меравад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба ҳарчи зудтар ба кор даромадани агрегатҳои ин нерӯгоҳ вобаста аст. Чунин буд мазмуни маҷлиси васеи кормандани Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба мавзӯи дастгирии сохтмони НБО-и Роғун бахшида шуда буд.

21.12.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ 18 декабр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,40-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, 10 рубли русӣ ба 1,41-1,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,29-6,35 сомонӣ баробар шуданд.

17.12.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15-16 декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме пастшавиро дошта, ба ҳисоби миёна ба 4,3992-4,4136 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва Евро бошад, дар бозори нақдинаи ш.Душанбе каме тағйир ёфта, 1,4230-1,4430 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4550-6,4950 сомонӣ барои 1 Евроро ташкил намуданд.

14.12.2009 Қурби доллари нақдинаи ИМА дар бозори дохилӣ каме паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 11 декабр ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4214-4,4326 сомониро ташкил дод.

11.12.2009 Қурби нақдинаи доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағийр монд

То бегоҳии рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ қурби миёнаи амалиётҳо бо долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ то ба 4,4211-4,4411 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баланд шуд. Қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, паст фаромада, ба 1,4210-1,4347 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,3610-6,4070 сомонӣ барои 1 Евро баробар гардид.

10.12.2009 Қурби нақдинаи доллари ИМА дар бозори дохилӣ каме баланд шуд

9 декабри соли равон ва субҳи имрӯз қурби миёнаи амалиётҳо бо долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ каме баланд шуд ва ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА 4,4100-4,4270 сомониро ташкил дод. Чун рӯзҳои гузашта, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4314-1,4464 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4750-6,4850 сомонӣ баробар шуданд.

09.12.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ тағйир ёфт

8 декабри соли ҷорӣ ва субҳи имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме баландшавиро ба худ касб намуда, ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА 4,3880-4,4080 сомониро ташкил дод. Қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4520-1,4650 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4500-6,5000 сомонӣ баробар шуданд.

07.12.2009 Қурби асъор дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Рӯзҳои 4 ва 7 декабри соли ҷорӣ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ бетайғир монд ва 1 долл.ИМА ба 4,3533 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4902 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,5575 сомониро ташкил дод.

03.12.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ 2 декабри соли ҷорӣ тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,3488-4,3686 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме афзуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 10 рубли русӣ 1,4740-1,4870 сомонӣ ва 1 евро 6,4550-6,5000 сомониро ташкил намуданд.

01.12.2009 Хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Аз 27 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани пешниҳодҳо дар бозори байнибонкӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ каме паст фаромад. Дар натиҷа, 1 долл. ИМА ба 4,3532 сомонӣ ва 10 рубли руси ба 1,4577 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,4347 сомониро ташкил дод.

26.11.2009 Шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъор каме афзуд

Рӯзҳои 24-25 ноябри соли ҷорӣ шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ каме афзуд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА ва евро тадриҷан паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3470 сомонӣ ва 1 евро 6,4339 сомониро ташкил доданд. Баръакс қурби миёнаи амалиёти рубли русӣ андаке баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,5061 сомонӣ баробар шуд.


Ахбор 4863 - 4888 аз 5118
Аввал | Пешӣ | 186 187 188 189 190 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ