- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.05.2023 1 USD 10.9145 1 EUR 11.7167 1 RUB 0.1360
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ бетағйир ва евро каме паст шуд, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17-6.23 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.
Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,19-6.25 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.
28 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиёти гузаронидашуда, то ҳудуди 4,39-4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан то 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,20 сомонӣ барои 1 евро афзуд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод. Талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба гузаронидани амалиёт аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон камтар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ ва 6,18-6,23 сомониро ташкил намуданд.
Дар давоми рӯз, 24 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе бо сабаи зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ тамоюли пастшавӣ дошта, то ҳудуди 4,4246-4,4465 сомонӣ барои 1 долл. ИМА коҳиш ёфт.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 23 июл тағйир наёфта ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод. Айни замон мӯътадилии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва хориҷӣ дида мешавад.
Дар давоми рӯзи 22 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе каме паст шуда ба ҳисоби миёна 4,4288 - 4,4456 сомониро ташкил дода, талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти хариду фурӯши рубли русӣ ва евро тағйир наёфта, мувофиқан 1,39 – 1,40 сомонӣ ва 6,15 – 6,19 сомониро ташкил намуд.
21 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то ҳудуди 4,41 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод.
Дар рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,42-4,45 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА рӯзи 17 июл дар бозори нақдинаи ш. Душанбе тамоили камшавиро давом дода, дар ҳудуди 4,42-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд. Қурби асъорҳои хориҷии дигар ҳам бетағйир боқи монда, 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ ва 1 евро ба 6,20 сомонӣ баробар шуданд.
Масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили ҷараёни татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушди иқтисодиёти кишвар, натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2009 ва бурду бохти он дар давраи ҳисоботӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои кам кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 16 июли соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.
Имрӯз, 16 июл, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4352 сомониро ташкил намуд. Дар навбати худ қурби дигар асъорҳо нисбатан мӯътадил буданд ва 10 рубли русӣ 1,39 сомонӣ ва 1 евро 6,18 сомониро ташкил доданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз 15 июл, мунтазам фаромада, ба ҳисоби миёна 4,42 - 4,45 сомониро ташкил дод. Талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба гузаронидани амалиёт аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ камтар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ ва 6,15-6,20 сомониро ташкил намуданд.
14 июл қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе каме мӯътадил шуда, қурби миёнаи хариду фурӯши 1 долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна то ҳудуди 4,44 - 4,46 сомонӣ поён фаромад.
Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор вилояти Суғд ва ш. Душанбе каме тағйир ёфта ба ҳисоби миёнаи қурби доллари ИМА 4,46 – 4,48 сомонӣ ташкил дод.
Имрӯз, 10 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи шаҳри Душанбе каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,42-4,44 сомониро ташкил дод. Дар навбати худ қурби асъорҳои дигар низ нисбатан устувор буданд, аз он ҷумла 10 рубли русӣ ба 1,41 сомони ва 1 евро ба 6,10 сомонӣ баробар шуданд. Айни замон мӯътадилии талаботу пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ ба назар мерасад.
Дар давоми рӯзи 9 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфт ва ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод.
Имрӯз, 8 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт ва дар ҳудуди 4,4282-4,4445 сомонӣ қарор гирифт. Дар айни замон то андозае афзудани талабот ба асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад.
Дар давоми рӯзи 7 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи шаҳри Душанбе чун рӯзҳои пешин мӯътадил буд ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,42-4,44 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, 6 июл, чун рӯзҳои истироҳати гузашта дар бозори асъор бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4243 сомониро ташкил намуд. Гузашта аз ин, қурби асъорҳои дигар низ нисбатан мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,41 сомонӣ ва 1 евро 6,10 сомониро ташкил доданд.
3 июл қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст шуд, ки дар натиҷа қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4244 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,41 сомонӣ ва 1 евро 6,08 сомониро ташкил дод.
Дар давоми рӯзи 2 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе мӯътадил монд ва айни замон дар ҳудуди 4,42 - 4,44 сомонӣ қарор дорад.
1 июли соли 2009 қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор каме поин рафт ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4253 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дирӯз 0,1% паст аст. Дар баробари ин, қурби асъорҳои дигар нисбатан мӯътадил буданд ва 10 рубли русӣ 1,41 сомонӣ ва 1 евро 6,10 сомониро ташкил доданд.
Имрӯз, 30 июн ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе мисли ҳафтаи гузашта бетағйир монд ва 4,42 – 4,44 сомониро ташкил дод.
Дар давоми рӯзи 26 июни соли ҷорӣ бинобар сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, тамоюли пастшавӣ дошт ва он то ҳудуди 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 25 июн бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 1,41 – 1,42 сомонӣ ва 6,05 – 6,12 сомониро ташкил намуданд.
Ахбор 4733 - 4758 аз 4911
Аввал | Пешӣ | 181 182 183 184 185 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ