- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 25.09.2023 1 USD 10.9608 1 EUR 11.6656 1 RUB 0.1140
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ҳайати БМТ дар конфронси байналхалқӣ ширкат варзид
15.11.2006
Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд. Дар рафти кори конфронс якчанд корхонаю муассисаҳои соҳаи номбурда маҳсулоти худро ба маърази тамошобинон пешниҳод карданд. Илова бар ин, дар ҷаласаҳои конфронс мутахассисони варзида бо зиёда аз 30 маърӯзаю баромадҳо дар бораи вазъи истеҳсол ва сифати чоп, муомилот, бозшуморӣ ва экспертиза, нест кардани банкнотаҳо, фактҳо ва усулҳои сохтакории пул, роҳҳои мубориза бо он, истифодаи технологияи муосир барои чопи пул ва муайян кардани аслияти онҳо суханронӣ намуданд. Тибқи барномаи конфронс иштирокдорони он бо фаъолияти корхонаи пулчопкунии Вазорати молияи Амрико шинос шуданд. Роҳбарияти ин корхонаи азиму бонуфуз дар бораи ҳаҷму нозукиҳои истеҳсоли долларҳои ИМА, комёбиҳои коргоҳ ва проблемаҳои он маълумоти муфассал доданд. Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти сафари хеш бо роҳбарону мутахассисони иттиҳодияҳои “Гознак” – и Русия, “Гизеке – Давриент”-и Олмон, “Чарлз Обербурт” – и Фаронса, “Кустерз” – и Голландия ва “Давлат Белгиси” – Бонки марказии Ҷумхурии Ӯзбекистон мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд, ки дар онҳо масъалаҳои барои тарафҳо судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Диданд: 1533
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ