Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дар нишасти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти бонк дар соли 2006 ҷамъбаст гардиданд

25.01.2007

25 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.  Дар оғоз дар назди рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов суханронӣ намуда, аз он ҷумла, қайд кард, ки ин давра бо рушди мӯътадили иқтисодиёт, нисбатан баланд шудани сатҳи таваррум, таҳким ёфтани низоми бонкӣ ва устувории бозорҳои пуливу - молиявӣ таҷассум ёфт. Вале равандҳое низ мавҷуд буданд, ки дар раванди инкишофи иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонанд.  Рушди ММД дар соли ҳисоботӣ 7,0 фоиз, аз он ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,9 фоиз ва кишоварзӣ 5,4 фоизро ташкил намуд.  Музди миёнаи меҳнат низ афзоиши мӯътадили баланди худро идома дода, 23,0 фоиз афзуд ва 133 сомониро ташкил намуд.  Номбурда иброз дошт, ки таваррум дар соли 2006 нисбат ба соли қаблӣ афзоиши баландтар дошт ва 12,5 фоизро ташкил дод. Раванди таваррум дар ин давра асосан таҳти таъсири ду омил - ноустувории нархҳои ҷаҳонии маводҳои воришаванда ва номутавозунии бозори истеъмолӣ дар бозори дохилӣ қарор дошт. Сохтори таваррум аз болоравии нархҳои маҳсулоти зерин ташаккул ёфт: - маҳсулоти хӯрокворӣ 13,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 3,8 фоиз, хизматрасонии пулӣ 18,6 фоиз.  Нисбати омили беруна қайд намудан зарур аст, ки нархи миёнасолонаи ҷаҳонии нефт 24,0 фоиз ва ғалла 26,0 фоиз зиёд шуд. Алалхусус, ҳиссаи маҳсулоти номбаршудаи кишоварзӣ дар ин таваррум бештар аз 29 фоизро ташкил дод ва таварруми аслӣ, бе назардошти ин омилҳо 7,3 фоизро ташкил медиҳад.  Дар навбати худ бо суръати бештар афзудани қобилияти харидории аҳолӣ, дар асоси зиёд шудани музди меҳнат, даромади пулии аҳолӣ ва интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ нисбат ба истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулот, ки зуҳуроти асосии омили дохилӣ аст, ин равандро мураккабтар гардонид.  Бояд қайд кард, ки дар аксари мамлакатҳои минтақа болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ низ сурат гирифт ва умуман тамоюли баландтари таваррум дар соли гузашта бо назардошти омилҳои ҷаҳонӣ барои аксари мамлакатҳо хос буд.  Тавре сардори Бонки миллї иброз дошт, бо назардошти фаъолияти озоди иқтисодӣ, дар амалияи ҷаҳонӣ асосан низоми озод шинокунандаи қурби асъор истифода мешавад. Дар Тоҷикистон низ яке аз шаклҳои маъмулаш – низоми “шинокунандаи танзимшаванда бе нишон додани ҳудудҳо” истифода бурда мешавад.  Дар соли сипаригашта қурби мубодилавии сомонӣ нисбат доллари ИМА ба андозаи 7,1 фоиз ё худ аз 3,1993 сомонӣ то ба 3,4265 сомонӣ тағйир ёфтааст.  Дар соли 2007 дар татбиқи сиёсати қурбӣ, низоми “шинокунандаи танзимшаванда” бо назардошти идома додани озодкунии минбаъдаи низоми асъорӣ, ки ба ҷалби сармояи хориҷӣ бояд мусоидат намояд, давом дода мешавад.  Дар ҷараёни нишасти матбуот қайд гардид, ки тавозуни пардохт дар давраи ҳисоботӣ бо беҳтар шудани воридоти сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, трансфертҳои ҷорӣ, кам шудани ӯҳдадориҳои қарзӣ ва рушди тавозуни хизматрасониҳо ва даромадҳо таҷассум ёфт, аммо яке аз унсурҳои муҳим -тавозуни савдо дар ҳолати бақияи манфӣ боқӣ монд. Аз ҷумла, касри тавозуни савдо дар соли 2006 андозаи 323,6 млн.долл. ИМА (11,5 фоиз нисбат ба ММД) ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам шуд (аз 421,1 млн. долл. ИМА 18,2 фоиз нисбат ба ММД).  Содироти молҳо дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,0 фоиз, бештар аз ҳисоби баланд шудани нархи ҷаҳонии алюминий афзуд ва маблағи 1399,0 млн. долл. ИМА ё 49,8 фоизро нисбат ба ММД ташкил намуд. Дар сохтори молии содирот мавқеъҳои асосӣ мисли пештара ба алюминий, нахи пахта рост меояд.  Воридоти молҳо дар давраи ҳисоботӣ 29,5 фоиз афзуда, 1722,6 млн. долл. ИМА ё 61,3 фоизро нисбат ба ММД ташкил дод. Дар соли 2006 суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот баландтар бошад, ҳам номутавозунии воридот ва содирот ҳанӯз боқӣ мондааст. Ин ҳолат, моро водор месозад, ки ҳар чӣ зудтар ба татбиқи механизми вусъати иқтидори содиротии кишвар диққат диҳем, зеро дар акси ҳол, афзоиши касри тавозуни савдо метавонад ба мушкилоти тавозуни пардохт оварда расонад.  М. Алимардонов изҳор намуд, ки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, ки дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет амалӣ мегардад, дар соли 2006 бештар қатъӣ шуда, барои пешгирӣ намудани афзоиши пардохтпазирии барзиёдӣ тадбирҳо андешид, аз ҷумла меъёри бозтамвил ботадриҷ аз 8,5 то 12 фоиз баланд карда шуд. Дар Тоҷикистон ташаккул ёфтани бозори коғазҳои қиматнок, яъне бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ ва инфраструктураи дахлдор ҳамчун яке аз самтҳои асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ мебошад, ки он барои табақаи васеи аҳолӣ фароҳам овардани имконияти иштироки саҳмия дар моликият, ҷалб намудани сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, истифода бурдани коғазҳои қиматнок ба сифати гарав барои гирифтани қарз мусоидат хоҳад кард.  Аз ин рӯ, бозори расмии коғазҳои қиматноки корпоративӣ бояд тавассути Биржаи фондии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монад, ки ин ба дорандагони коғазҳои қиматноки корпоративӣ (саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо, сертификати манзил ва дар оянда сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва ғ) барои муайян кардани арзиши ҳақиқии онҳо имконият медиҳад. Дар ин робита, марҳилаи муайяни афви қоғазҳои қиматнок, амволҳои гуногуни ғайриманқул ва дигар дороиҳо, метавонад барои фаъолтар намудани бозори коғазҳои қиматнок мусоидат намояд.  Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати тақвият додани низоми бонкӣ, аз ҷумла таҷдиди идораи корпоративиро бо роҳи тақвият додани мавқеи Раёсат дар роҳбарии умумии бонк идома дод.  Қобили қайд аст, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои муҳими молиявии низоми бонкӣ таҳким ёфта истодаанд, алалхусус сармояи тавозунӣ, ки инъикоскунандаи солимии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мебошад, ба ҳолати аввали декабр нисбат ба аввали сол 30,7 фоиз афзуд.  Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 31 декабри соли 2006 аз 75 ташкилоти қарзӣ иборат мебошад.  (Ба тариқи маълумот сохтори ташкилотҳои қарзӣ: аз - 9 бонки мустақил, аз ҷумла 1 бонк бо сармояи пурраи хориҷӣ (ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”); - 1 шӯъбаи бонки хориҷӣ; 9 ҷамъияти қарздиҳӣ; 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ; 5 ташкилоти амонатии кредитии хурд; 20 ташкилоти қарзии хурд; 30 фонди қарздиҳии хурд иборат мебошад.)  Нишондиҳандае, ки дурустии сиёсати қабулшударо нишон медиҳад ва аз баланд шудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад, ин шумораи муштариён мебошад, ки аз хизматгузории бонкӣ истифода мебаранд.  Раиси БМТ тазаккур дод, ки теъдоди ин гуна муштариён сол аз сол меафзояд. Масалан, агар дар соли 2005 шумораи истифодабарандагони хизмати бонкӣ (амонатгузорон, қарзгирон, гирандагони интиқолҳо ва истифодабарандагони картаҳои пластикӣ) бештар аз 1’038,9 ҳаз. нафарро ташкил дода бошад, дар соли 2006 ба 1’636,5 ҳаз. баробар шуд.  Амонатҳо бошанд, дар соли 2006 тамоюли зиёдшавиро идома доданд ва нисбат ба охири соли 2005 зиёда 2,1 маротиба афзуда, дар интиҳои давра 1107,9 млн. сомониро ташкил намуданд. Дар ин мӯҳлат фоизи миёнавазни амонатҳо нисбатан муътадил шуда, барои амонатҳо бо асъори миллӣ дар ҳудуди аз 12,5 то 19,6 фоиз қарор гирифт ва барои амонатҳо бо асъори хориҷӣ бошад аз 10,7 фоиз то 16,4 фоиз. Ин нишондиҳандаи хеле мусбат буда, ба баланд шудани эътимод ва боварии мардум ба низоми бонкӣ, афзудани нақши бонкҳо дар ҷалби амонатҳо ва вусъат ёфтани ҷараёни сармоягузории дохилӣ, чун яке аз манбаъҳои муҳими маблағгузорӣ далолат мекунад.  Ӯ қайд намуд, ки сохтори маблағгузорӣ васеъ шуда, мӯҳлатнокии қарзҳо низ ба туфайли ба эътидол омадани вазъи макроиқтисодӣ, ҷалби маблағгузории хориҷӣ ва бештар шудани амонатҳои мувофиқ, тадриҷан дарозмӯҳлат шуда истодаанд. Ҳаҷми бақияи умумии маблағгузории қарзӣ ба ҳолати охири соли 2006 зиёда аз 1,6 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол 20,0 фоиз афзуд. Аз ҳаҷми умумии маблағгузории қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ – 45,8 фоиз, тиҷорат ва савдо – 24,0 фоиз, нақлиёт – 5,6 фоиз, ва дигар соҳаҳо – 24,6 фоиз рост омад. Миқдор ва ҳаҷми қарзҳои дар ин давра додашуда низ меафзоянд. Қобили қайд аст, ки суръати афзоиши он устувор буда алҳол, дар соли 2006 ҳаҷми қарздиҳӣ маблағи 1,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ба 51,3 фоиз афзуд. Пардохти қарз дар ин давра бошад нисбат ба соли гузашта 60,4 фоиз афзуда, маблағи 1,3 млрд. сомониро ташкил кард.  Ҳоло дар низоми бонкии кишвар навъҳои гуногуни қарздиҳӣ -овердрафт, қарздиҳии хурд ва манзилӣ (ипотекӣ), автокредит, матлуботию истеъмолӣ истифода бурда мешавад.  Қарздиҳии ипотекӣ дар ҷумҳурӣ дар марҳилаи аввали ташкилшавӣ қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, пеш аз ҳама Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (КМБ) доир ба муҳайё намудани механизми зарурӣ барои ҷалби маблағҳои дарозмӯҳлат ҳамкорӣ дорад.  Иброз гардид, ки дар соли 2006 ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва шахсони алоҳида маблағи 528,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбати соли қаблӣ 79,0 фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла, Вилояти Суғд ба маблағи 190,5 млн.сомонӣ, Вилояти Хатлон 93,1 млн. сомонӣ, ш. Душанбе – 133,9 млн. сомонӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт 43,2 млн. сомонӣ (ВМКБ– 25,9 млн. сомонӣ ва водии Рашт 17,2 млн. сомонӣ), ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – 67,8 млн. сомонӣ.  Соли 2006 Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои ҷорӣ, такмилдиҳии низоми пардохтиро идома дода, гузариши ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба низоми пардохтҳои электронӣ, пурра ба анҷом расонд. Дар охири соли 2006, аллакай тамоми бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ҷумҳурӣ ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкии худро танҳо бо роҳи электронӣ ба анҷом мерасонданд. Дар ҳамин соли ҳисоботӣ Мудирияти Хазинадории Марказии Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 бонки тиҷоратӣ ва 5 Ташкилоти молиявии ғайрибонкии навтаъсисёфта ба низоми пардохти электронӣ ҳамроҳ шуданд.  Дар охири соли 2006 шумораи иштирокчиёни бевоситаи низоми пардохти электронӣ ба 30 адад расид, ки нисбат ба соли 2005 ба 42.8 фоиз (9 адад) афзуданд.  Бо мақсади афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, корҳо оиди васеъ намудани имконияти истифодаи кортҳои пластикӣ аз тарафи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давом дода мешаванд.  Дар айни замон 5 бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ ба хизматрасониҳои қабул ва пешниҳоди кортҳои пластикӣ ҳамчун воситаи пардохт ба мизоҷон, машғул мебошанд. То санаи 01.01.2007с. аз тарафи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 675 адад кортҳои пластикии намудҳои гуногун ба истифода бароварда шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта қариб 2 маротиба афзуд. Миқдори дорандагони кортҳои пластикӣ бошад, ба 13 640 нафар расид.  Дар интиҳои нишасти матбуот аъзои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, сардорони идораю шӯъбаҳои бонк ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил доданд.

Диданд: 3974

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ