- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 04.12.2023 1 USD 10.9517 1 EUR 11.9308 1 RUB 0.1216
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ
29.01.2007
27 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи “Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ барои давраи то соли 2009” бо назардошти дархосту пешниҳодҳои воридшуда баргузор гардид. Дар кори он аъзои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ҷамъияту ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналхалқии молиявию бонкҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, олимони донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ибтидои ҷаласа изҳор дошт, ки Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи то соли 2015 таҳия гардидааст ва самтҳои муҳими рушди низоми бонкии мамлакатро дар ин давра ҷиҳати таъмини устувории иқтисодиёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум муайян менамояд. Номбурда қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тайи солҳои 2001–2005 раванди тадриҷан мӯътадилшавиро дошта, болоравии иқтисодиёт, сатҳи нисбатан пасти таваррум, афзоиши музди меҳнат, таҳкими низоми иҷтимоӣ, зиёдшавии даромадҳои пулии аҳолӣ ба назар мерасад. Масалан, дар панч соли охир ММД ба ҳисоби миёна ҳар сол 9,4 фоиз зиёд гардида, афзоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 10,4 ва 11,1 фоизро ташкил дод. Даромади аҳолӣ бошад тайи ин мӯҳлат, беш аз аз ду маротиба афзуд. Дар ин давра сатҳи таваррум аз меъёри 12,5 фоиз дар соли 2001 то 7,1 фоиз дар соли 2005 паст шуд. Дар ҷараёни ҷаласаи мизи мудаввар аксари намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ, ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва олимони донишгоҳу пажуҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар мавриди пурраю беҳтар намудани лоиҳаи стратегияи номбурда ва ба хотири рушди минбаъдаи низоми бонкӣ пешниҳоду дархостҳо ва нуқтаи назари хешро баён намуданд. Изҳор гардид, ки тамоми дархосту пешниҳодҳои ба миёномада дар таҳрири нави лоиҳаи “Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ барои давраи то соли 2009” ворид карда хоҳанд шуд.

Диданд: 3512
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ