- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 07.12.2023 1 USD 10.9617 1 EUR 11.8266 1 RUB 0.1188
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
-
Д С Ч П Ҷ Ш Я 27 28 29 30 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31
Дар Бонки миллии Тоҷикистон форуми Тоҷикистону Қазоқистон “Дурнамои ҳамкориҳои инвеститсионӣ” баргузор гардид
14.09.2007
13 сентябри соли 2007 дар чаҳорчӯбаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бонки миллии Тоҷикистон форуми Тоҷикистону Қазоқистон “Дурнамои ҳамкориҳои инвеститсионӣ” баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ширкат варзиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани шодбошӣ ба иштирокдорони форум муроҷиат намуд. Ӯ, аз он ҷумла, қайд намуд, ки Тоҷикистону Қазоқистонро муносибати дӯстона ва ҳамкориҳо ба ҳам мепайвандад, форуми мазкур бояд макони барқарор гаштани муносибатҳои корӣ гардад. Фазои ҷамъиятию сиёсие, ки дар Тоҷикистон ташаккул ёфтааст, ба беҳтар гаштани муҳити инвеститсионӣ мусоидат менамояд, - таъкид намуд Сардори давлат. Доду гирифт байни давлатҳои мо тайи солҳои охир хеле зиёд шуд. Президенти ҶТ чунин соҳаҳоро, аз қабили гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, пахта, сайёҳӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок барои ҳамкорӣ номид. Тоҷикистон ҳамоно ҳамчун дорандаи захираҳои бузурги гирдоэнергетикӣ боқӣ мемонад ва то имрӯз ҳамагӣ 6 фоизӣ имкониятҳои худро истифода мебарад. Дар назар аст, ки то соли 2025 тавлиди барқ то 80 млрд. кв/с. расонида мешавад. Амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони НОБ, хати интиқоли барқ ва ғайра хусусияти минтақавӣ дошта, барои тамоми мамлакатҳои минтақа аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар мебошад, - иброз дошт Э. Раҳмон. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев зимни суханронии хеш дар назди иштирокдорони форум қайд намуд, ки дар ҷарайни мулоқоти худ бо роҳбарияти Тоҷикистон масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки аҳамияти стратегӣ доранд. Н. Назарбаев оиди муҳити инвеститсионии Қазоқистон сухан ронда, изҳор кард, ки ба мамлакаташ 70 млрд.доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки ин 80 фоизи маблағгузориҳоро ба минтақаи Осиёи марказӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, маблағгузориҳои дохилӣ имрӯз 80 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир 60 давлати дунё сармояи худро ба иқтисодиёти Қазоқистон ворид кардааст. Сарвари Қазоқистон изҳор намуд, ки мамлакаташ ният дорад дар баробари дар дигар давлатҳо ( дар вақтҳои охир ҳаҷми инвеститсияи Қазоқистон дар хориҷа 26 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод) маблағгузориро дар Тоҷикистон идома бидиҳад. Ӯ қайд кард, ки дар айни замон 74 корхонаҳои гуногунҳаҷми Тоҷикистон дар Қазоқистон фаъолият мекунанд. Дар назар аст, ки шумораи корхонаҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон зиёд карда мешаванд ва барои ин шароити дилхоҳи иқтисодӣ ва заминаи зарурии ҳуқуқии дар Тоҷикиситон омодашуда мусоидат менамоянд. Н. Назарбоев ҳавасмандии Қазоқистонро нисбати инкишофи мамолики минтақа, бахусус Тоҷикистон қайд намуд. Баъди анҷоми суханрониҳои Президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон форуми якрӯза бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, бонкҳо ва ширкатҳои инвеститсионӣ баргузор гардид.

Диданд: 8179
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ