Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2008

24.04.2008

24 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд.  Сароғоз дар назди рӯзноманигорон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи январ-марти соли равон афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.  Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли 2008 3,2 фоиз афзуд, аз он ҷумла тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ 6,6 фоиз ва хизматрасонӣ 10,8 фоиз афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, бо сабабҳои ба ҳама маълум 10,1 фоиз кам шуда. Дар соли 2008 дурнамои рушди воқеии ММД на камтар аз 8,0 фоиз пешбинӣ шудааст.  Таваррум дар се моҳи аввали соли 2008 2,6 фоизро ташкил дод. Сохтори таваррум: болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ - 2,1 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ - 1,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ -7,4 фоиз. Сатҳи таваррум дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар семоҳаи аввали соли 2008 чунин аст: Арманистон - 4,8 фоиз, Қазоқистон - 2,5 фоиз, Қирғизистон - 6,0 фоиз, Русия - 4,8 фоиз ва Украина - 9,7 фоизро ташкил дод.  Номбурда иброз дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон қурби мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 0,86 фоиз (ё худ аз 3,4649 сомонӣ то 3,4351 сомонӣ) устувор гардид.  Содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 337,3 млн. долл. ИМА - ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз кам гардид. Воридоти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2008 695,4 млн. долл. ИМА -ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,7 фоиз афзуд. Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2008 интиқоли пулӣ маблағи 397,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 маблағи 171, млн долл. ИМА зиёд аст.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода изҳор намуд, ки меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра бо сабаби тағйирёбии вазъи макроиқтисодӣ чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ дар бозорҳои хориҷӣ тағйир дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати устувор намудани қурби асъори миллӣ ва ҷалби бештари амонатҳо бо асъори миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон меъёри захираҳои ҳатмиро тағйир дод. Ин меъёр аз рӯи асъори миллӣ 9 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 11 фоизи солонаро ташкил дод.  Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли 2008 аз 12 бонки тиҷоратӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 7 ҷамъияти қарздиҳӣ, 10 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 26 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фондҳои қарзии хурд иборат мебошад. Шумораи умумии шӯъбаҳо ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бошад, дар ҷумҳурӣ дар ин сана ба 224 адад расид.  Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ маълум гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амонатҳо раванди афзуншавиро дошта, мувофиқи маълумоти фаврӣ то 1 апрели соли 2008 маблағи 2 567,5 млн. сомониро ташкил доданд. Дар таркиби амонатҳо 75,6 фоизро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 24,4 фоизро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд. Дар ин давра раванди афзуншавии амонатҳо бо асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бештар ба чашм расид, ки ба ин устуворнокии қурби асъори миллӣ мусоидат намуд. Ҳаҷми амонатҳо бо асъори миллӣ нисбати ҳамин давраи соли 2007 2,2 баробар афзуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои бадастовардаи давраи ҳисоботӣ ба шумор меравад. Фоизи миёнавазни амонатҳо дар ин давра мӯътадил буда, аз рӯи амонатҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,0 фоизро ташкил дод.  Тибқи маълумотҳои фаврӣ бақияи умумии қарзҳо то 1 апрели соли ҷорӣ маблағи 4 318,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 67,2 фоиз зиёд шуд. Қобили қайд аст, ки, ки дар таркиби ҳаҷми бақияи қарзҳо 46,6 фоизи қарзҳоро асъори миллӣ ва 53,4 фоизи онро асъори хориҷӣ ташкил доданд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 873,2 млн. сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 516,7 млн. сомонӣ расид.  Илова бар ин, тавре аз маълумотҳои фаврӣ бармеояд, ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли 2008 ба маблағи 383,4 млн. сомонӣ қарзҳои хурд доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 203,1 млн. сомонӣ ё 2,1 баробар афзуданд.  Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори умум ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили ҳалли масъалаҳои қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, пешниҳоди қарзи ипотекӣ, паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ, меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои ҳатмӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.  Дар фарҷоми нишасти матбуот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил доданд.

Диданд: 1766

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ