25 ноябри соли 2024 бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бо ширкати дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар бори нахуст дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии “ПЛАСС-Форум Digital Tajikistan" баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти расмии давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии кишвар доир ба рушди иқтисоди рақамӣ ва таъсири он ба пешравии иқтисод, тиҷорати рақамӣ ва нақши он дар вусъат додани иқтидори содиротӣ, нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар стратегияи зиёд намудани дастрасии молиявӣ дар муҳити рақамӣ, нақши технологияҳои молиявӣ дар ҷалби сармоягузорӣ ва идоракунии дороиҳо суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар робита ба нақши БМТ дар стратегияи зиёд намудани дастрасии молиявӣ дар муҳити рақамӣ қайд намуд, ки “рақамикунонӣ унсури калидии рушди устувори ҳар як иқтисод буда, бахши молиявӣ дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Низоми бонкӣ яке аз пешсафони ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии бахши молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди низоми бонкӣ тавассути роҳандозии ислоҳоти инфрасохторӣ, ҷорӣ намудани инноватсияҳои молиявӣ ва паҳн гардидани технологияҳои муосири электронӣ амалӣ гашта, усулҳои анъанавии хизматрасонии бонкӣ ва молиявиро босуръат тағйир медиҳад. Ҷорӣ намудани технология ва маҳсулоти нави рақамӣ ба бонкҳо имкон медиҳад, ки ба муштариёни худ роҳҳои осону мусоид ва самараноки идоракунии маблағҳоро пешниҳод намоянд”.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи рақамисозӣ, аз ҷумла модернизатсияи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ пешравиҳои назаррас дошта, ҳадаф аз баргузории ПЛАС-Форум Digital Tajikistan ва чорабиниҳои ба он марбут фароҳам овардани майдони муҳокима ва баррасии масъалаҳои муҳимми ин соҳа, ба монанди тиҷорати электронӣ ва такмили инфрасохтори давлатӣ, рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақа мебошад.
Дар Форуми мазкур коршиносон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Рушди Тоҷикистон - роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ”, “Татбиқи бонкдории исломӣ”, “Хадамоти электронӣ дар идоракунии давлатӣ ва G2C. Хадамоти давлатӣ берун аз eGOV”, “Таҳаввулоти рақамӣ. Рақамикунонии бонкдорӣ ва хизматрасонии чакана. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳамкорӣ бо шаҳрвандон”, “Дурнамои бонкҳои рақамӣ ва ғайрибонкӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Саноати криптоасъор – 2024”, “Open Banking ва Open API. Зарфият ва роҳҳои рушди бонкдории анъанавӣ”, “Технологияҳои молиявӣ ҳамчун фарҳанги саноати бонкӣ”, “Blockchain ва smart - шартномаҳо. Токенизатсияи дороиҳо”, “Истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ” ва дигар масъалаҳои рақамӣ дар панелҳои алоҳида маъруза ва мубодилаи афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 30 ширкат аз кишварҳои гуногун технологияҳои навин ва маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд.
Дар қисмати ҷамъбастии Форум бо боварӣ изҳор гардид, ки ПЛАС-Форум Digital Tajikistan ҳамчун як рӯйдоди муҳим, платформаи муколамаи созанда ва мубодилаи ғояҳо барои расидан ба қуллаҳои нави фаъолият замина хоҳад гузошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1729
25.11.2024