Конститутсия - маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдӣ

Ахбор

Конститутсия - маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдӣ


4 ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода Маҳмад Забир ва кормандони бонк ширкат намуданд.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маърӯза қайд кард, ки “6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории нави Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади ҳуқуқӣ истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи кишварро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд”.

02.jpg

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З. дар навбати худ зикр кард, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст”.

03.jpg

Дар идома, мутахассисони идораи ҳуқуқ ва намояндагони созмонҳои ҷавонон ва бонувони бонк вобаста ба ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик арҷгузорӣ шуда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

04.jpg

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсия мақому манзалати инсон ва шаҳрвандро дар ҷомеа муайян намуда, аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят менамояд.

06.jpg

Дар хотима, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни бузург ва фархунда муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, дар пешрафти мамлакат ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии он саҳмгузор бошад.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

 

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1643

04.11.2024

Возврат к списку