22 октябри соли равон дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон (ИМА), вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, яъне татбиқи ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, хусусан дар бахшҳои энергетика, рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки масъалаҳои марбут ба тағирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисоди "сабз" дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст ва метавонад омили ҷиддӣ барои эҷоди хатарҳои иқтисодӣ шавад.
Дар робита ба мавзуъ қайд карда шуд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва маблағгузории сабз дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва шарикони рушд мунтазам ҳамкориро идома медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба масоили сохтмони иншооти бузурги стратегӣ – “Неругоҳи барқи обии Роғун”, маблағгузорӣ барои дастгирии буҷет ва ҷалби сармоягузорӣ барои дигар лоиҳаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.
Дар идомаи рӯз, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои департаменти рушди молиявӣ ҷаноби Акихико Нишио мулоқоти корӣ анҷом дод.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими ба рушди инфрасохтор, беҳтар намудани дастрасӣ ба маориф ва тандурустӣ, ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои табиӣ нигаронидашуда қарор дорад ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони асосии таъмини рушди устувор метавонад дар татбиқи ин лоиҳаҳои муҳим шарик бошад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки татбиқи ислоҳоти самтҳои афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 662
23.10.2024 00:23:00