3 сентябри соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s Investors Service” Янг Ким ва Арҷун Хайтан мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи кунунии низоми бонкии кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида расида, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома медиҳад, -қайд намуд Толибзода Ф.
Таҳлилгарони Агентии “Moody’s” дар навбати худ доир ба методологияи гузаронидани баҳодиҳӣ ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг аз рӯйи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ҷой доштани хавфҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳарф зада, масъалаҳои молияю буҷет ва иҷтимоию иқтисодиро барои баҳодиҳии рейтинги навбатӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки зимни таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ислоҳоти роҳандозишуда ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим ба инобат гирифта шаванд. Зеро натиҷаи баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ ҳамчун талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузор ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2014 бо Агентии рейтингии байналмилалии ”Moody's Investors Service” ҷиҳати баҳогузории рейтинги қарзии сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Диданд: 617
04.09.2024