Баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳраки Ғарм

Ахбор

Баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳраки Ғарм


Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июли соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.

01.jpg

Дар маросими кушодашавии фестивал муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳандулло Шарифзода ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродалиев суханронӣ намуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ арзёбӣ намуданд.

02.jpg

Сипас, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои иштирокдорони фестивал доир ба мавзуъҳои “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир”, “Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ”, “Муҳиммияти саводнокии молиявӣ” ва “Саводнокии молиявӣ дар рушди тиҷорат” рӯнамоҳо пешниҳод гардида, вобаста ба мавзуъҳои фестивал озмунҳо гузаронида шуданд.

03.jpg

Дар қисмати дуюми чорабинӣ намоиши маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавӣ доир гардид. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

04.jpg

05.jpg

Ҳамзамон, барномаи фарҳангии ҳунармандони варзида ба чорабинии мазкур шукӯҳи тоза бахшида, табъи иштирокдорони фестивалро болида гардонид.

Шуъбаи матбуот
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 4787

30.07.2024

Возврат к списку