Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо дар Вашингтон

Ахбор

Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо дар Вашингтон


17 апрел дар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо хонум Надя Калвино вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо бо Бонки сармоягузории Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
01-1-min.jpg

Роҳбари ҳайат - муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким хонум Надя Калвиноро бо таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфта, бо ишора аз ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба дар сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “CASA-1000”, ки бузургтарин лоиҳаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад, ба Бонки сармоягузории Аврупо минатдории хешро баён намуд. 

Дар идома, аҳли мулоқот оид ба захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ ба ин бахш, иштироки Бонки сармоягузории Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, аз ҷумла иншооти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Неругоҳи барқи обии Роғун” ибрози назар намуданд.

03-3-min.jpg

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои мутобиқ кардани меъёрҳои сохтмон ба стандартҳои байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт кор бо шарикони рушдро ҷиҳати таъмини маблағгузории зарурӣ барои анҷом додани ин лоиҳа идома дода истодааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Бонки сармоягузории Аврупо даъват карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург низ дар қатори шарикони рушди Тоҷикистон бошад. 

Дар мулоқоти мазкур, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳокимро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П. ҳамроҳӣ доштанд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 975

19.04.2024

Возврат к списку